ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 2 Қӯринтиён 11
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 2 Қӯринтиён

      • Павлус ва расулони олӣ (1–15)

      • Душвориҳои Павлус (16–33)

2 Қӯринтиён 11:2

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «бокираи».

Оятҳои иловагӣ

  • +Мқ 2:19; Эф 5:23; Ошк 21:2, 9

2 Қӯринтиён 11:3

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 3:4, 5; Юҳ 8:44
  • +1Тм 6:3–5; Ибр 13:9; 2Пт 3:17

Индексҳо

  • Роҳнамо

    «Муҳаббати Худо», саҳ. 192

2 Қӯринтиён 11:4

Оятҳои иловагӣ

  • +Ғл 1:7, 8

2 Қӯринтиён 11:5

Оятҳои иловагӣ

  • +2Қр 11:23

2 Қӯринтиён 11:6

Оятҳои иловагӣ

  • +2Қр 10:10

2 Қӯринтиён 11:7

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 18:3; 1Қр 9:18

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Як ба як шаҳодат диҳед, саҳ. 168-170

    Бурҷи дидбонӣ,

    4.2019, саҳ. 4

2 Қӯринтиён 11:8

Оятҳои иловагӣ

  • +Фп 4:10

2 Қӯринтиён 11:9

Оятҳои иловагӣ

  • +Фп 4:15, 16
  • +1Тс 2:9

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Як ба як шаҳодат диҳед, саҳ. 170

2 Қӯринтиён 11:10

Оятҳои иловагӣ

  • +1Қр 9:14, 15

2 Қӯринтиён 11:12

Оятҳои иловагӣ

  • +1Қр 9:11, 12

2 Қӯринтиён 11:13

Оятҳои иловагӣ

  • +Рм 16:17, 18; 2Пт 2:1

2 Қӯринтиён 11:14

Оятҳои иловагӣ

  • +Ғл 1:8; 2Тс 2:9

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед, мақолаи 171

2 Қӯринтиён 11:15

Оятҳои иловагӣ

  • +Мт 16:27; Фп 3:18, 19; 2Тм 4:14

2 Қӯринтиён 11:22

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 22:3
  • +Рм 11:1; Фп 3:4, 5

2 Қӯринтиён 11:23

Оятҳои иловагӣ

  • +Рм 11:13; 1Қр 15:10
  • +Крн 16:23, 24
  • +Крн 9:15, 16; 2Қр 6:4, 5; 1Пт 2:20, 21

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    10.2021, саҳ. 26

2 Қӯринтиён 11:24

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 25:3

2 Қӯринтиён 11:25

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 16:22
  • +Крн 14:19
  • +Крн 27:41

2 Қӯринтиён 11:26

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 20:3; 23:10
  • +Крн 14:5, 6
  • +Крн 13:50

2 Қӯринтиён 11:27

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 20:31
  • +1Қр 4:11
  • +2Қр 6:4, 5

2 Қӯринтиён 11:28

Оятҳои иловагӣ

  • +2Қр 2:4; Қл 2:1

2 Қӯринтиён 11:33

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 9:24, 25

Асосӣ

2 Қӯр. 11:2Мқ 2:19; Эф 5:23; Ошк 21:2, 9
2 Қӯр. 11:31Мс 3:4, 5; Юҳ 8:44
2 Қӯр. 11:31Тм 6:3–5; Ибр 13:9; 2Пт 3:17
2 Қӯр. 11:4Ғл 1:7, 8
2 Қӯр. 11:52Қр 11:23
2 Қӯр. 11:62Қр 10:10
2 Қӯр. 11:7Крн 18:3; 1Қр 9:18
2 Қӯр. 11:8Фп 4:10
2 Қӯр. 11:9Фп 4:15, 16
2 Қӯр. 11:91Тс 2:9
2 Қӯр. 11:101Қр 9:14, 15
2 Қӯр. 11:121Қр 9:11, 12
2 Қӯр. 11:13Рм 16:17, 18; 2Пт 2:1
2 Қӯр. 11:14Ғл 1:8; 2Тс 2:9
2 Қӯр. 11:15Мт 16:27; Фп 3:18, 19; 2Тм 4:14
2 Қӯр. 11:22Крн 22:3
2 Қӯр. 11:22Рм 11:1; Фп 3:4, 5
2 Қӯр. 11:23Рм 11:13; 1Қр 15:10
2 Қӯр. 11:23Крн 16:23, 24
2 Қӯр. 11:23Крн 9:15, 16; 2Қр 6:4, 5; 1Пт 2:20, 21
2 Қӯр. 11:245Мс 25:3
2 Қӯр. 11:25Крн 16:22
2 Қӯр. 11:25Крн 14:19
2 Қӯр. 11:25Крн 27:41
2 Қӯр. 11:26Крн 20:3; 23:10
2 Қӯр. 11:26Крн 14:5, 6
2 Қӯр. 11:26Крн 13:50
2 Қӯр. 11:27Крн 20:31
2 Қӯр. 11:271Қр 4:11
2 Қӯр. 11:272Қр 6:4, 5
2 Қӯр. 11:282Қр 2:4; Қл 2:1
2 Қӯр. 11:33Крн 9:24, 25
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
  • 32
  • 33
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
2 Қӯринтиён 11:1–33

2 Қӯринтиён

11 Мехоҳам ба андак беақлии ман тоқат кунед ва шумо ҳамин тавр ҳам мекунед. 2 Ман шуморо бо рашки Худо рашк мекунам, зеро худам шуморо ҳамчун духтари* пок ба як мард, яъне ба Масеҳ, номзад кардаам.+ 3 Аммо метарсам, ки, чи тавре мор бо макри худ Ҳавворо фиреб дод,+ ҳамон тавр фикрронии шумо низ вайрон шуда, аз самимият ва покие, ки Масеҳ сазовор аст, дур гардад.+ 4 Охир, агар касе омада, Исои дигареро эълон кунад, на онеро, ки мо эълон кардаем, ё шумо рӯҳи дигаре гиред, на он рӯҳеро, ки гирифтаед, ё хушхабари дигареро қабул кунед, на он хушхабареро, ки қабул кардаед,+ шумо аз ин чашм мепӯшед. 5 Аммо фикр мекунам, ки ман аз расулони олии шумо ҳеҷ камие надорам.+ 6 Дар сухан моҳир набошам ҳам,+ дар дониш чунин нестам ва мо инро бо ҳар роҳ ва дар ҳама чиз маълум сохтем.

7 Магар ман гуноҳ кардам, ки хушхабари Худоро бепул ва бо хурсандӣ ба шумо расондам ва барои сарбаландии шумо худро хоксор гардондам?+ 8 Ман ёрдами моддии ҷамоатҳои дигарро қабул намуда, гӯё онҳоро ғорат кардам, то ба шумо хизмат кунам.+ 9 Вақте бо шумо будам ва муҳтоҷӣ мекашидам, ба гардани ҳеҷ кас бор нашудам, зеро бародароне, ки аз Мақдуния омада буданд, чӣ камбудие доштам, буд карданд.+ Бале, ман бо ҳар роҳ кӯшиш мекардам, ки ба шумо бор нашавам, ва минбаъд низ ҳамин тавр мекунам.+ 10 Ман, то даме ки пайрави Масеҳ ҳастам, бо ин дар Охоия фахр карданро бас намекунам.+ 11 Чаро? Магар барои он ки шуморо дӯст намедорам? Худо шоҳид аст, ки дӯст медорам.

12 Ман кардани кореро, ки ҳоло ба ҷо оварда истодаам, давом медиҳам,+ то ба касоне, ки бо мавқеи худ фахр карда, ба мо баробар шудан мехоҳанд, баҳонае надиҳам, 13 зеро онҳо расулони бардурӯғанд, коргарони фиребгаре, ки худро расулони Масеҳ вонамуд мекунанд.+ 14 Вале мо аз ин ҳайрон намешавем, зеро Шайтон низ худро фариштаи нур вонамуд мекунад.+ 15 Пас, чӣ ҷойи ҳайрат, ки хизматгорони вай ҳам худро хизматгорони росткорӣ вонамуд мекунанд. Вале анҷоми онҳо мувофиқи корҳояшон хоҳад буд.+

16 Ман боз мегӯям: бигзор касе фикр накунад, ки ман беақл ҳастам. Вале, агар чунин фикр мекарда бошед, пас, маро чун беақле қабул кунед, то ман ҳам каме фахр карда тавонам. 17 Он чизе, ки ҳоло мегӯям, ба Ҳазрат пайравӣ карда намегӯям, балки чун шахси беақле мегӯям, ки худбоварона фахр мекунад. 18 Азбаски бисёриҳо бо чизҳои ин ҷаҳон фахр мекунанд, ман низ фахр хоҳам кард. 19 Шумо, ки ин қадар боақлед, бемалол касони беақлро тоқат мекунед. 20 Охир, шумо ҳар касеро, ки шуморо ғулом мегардонад, молу мулкатонро ғорат мекунад, ҳар чизи доштаатонро кашида мегирад, худро аз шумо баланд мегирад ва ба рӯятон мезанад, тоқат мекунед.

21 Гуфтани ин суханон шармандагии мост, зеро ба назар чунин намуда метавонад, ки мо нотавон будем.

Аммо, агар дигарон ҷуръат кунанд, чун шахси беақл мегӯям, ки ман ҳам ҷуръат мекунам. 22 Оё онҳо иброниянд? Ман ҳам ибронӣ ҳастам.+ Оё онҳо исроилиянд? Ман ҳам исроилӣ ҳастам. Оё насли Иброҳиманд? Ман ҳам насли Иброҳим ҳастам.+ 23 Оё хизматгорони Масеҳанд? Чун шахси аз ақл бегона мегӯям, ки ман аз ин ҷиҳат як сару гардан аз онҳо болоям: корҳои бештар кардаам,+ борҳои зиёдтар дар зиндон будам,+ зарбаҳои беҳисоб хӯрдаам, дафъаҳои зиёд дар чанголи марг будам,+ 24 аз яҳудиён панҷ маротиба як кам 40-тогӣ калтак хӯрдаам,+ 25 се маротиба маро химчакорӣ кардаанд,+ боре сангсор шудаам,+ се бор киштиямон ғарқ шуд,+ як шабу як рӯзро дар баҳр гузарондаам, 26 бисёр вақт дар сафарҳо будам, дар хатари дарёҳо, дар хатарҳо аз дасти роҳзанон, дар хатарҳо аз дасти халқи худу+ халқҳои дигар,+ дар хатарҳо дар шаҳр,+ дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар байни бародарони бардурӯғ, 27 дар меҳнату заҳмат, аксар вақт дар бедорхобӣ,+ дар гушнагиву ташнагӣ,+ маротибаҳои зиёд бе хӯрок,+ дар хунукиву бараҳнагӣ.

28 Илова ба ташвишҳои беруна, ғами ҳамаи ҷамоатҳо рӯз аз рӯз маро ором намегузорад.+ 29 Агар касе беқувват шавад, магар ман ҳам беқувват намешавам? Агар касе дигареро пешпо диҳад, магар ман ба хашм намеоям?

30 Агар фахр кардан лозим бошад, ман бо чизҳое фахр мекунам, ки сустии маро маълум месозанд. 31 Худо ва Падари Ҳазратамон Исо, ки то абад сазовори ҳамду саност, медонад, ки дурӯғ намегӯям. 32 Дар Димишқ ҳокиме, ки тобеи подшоҳ Аретас буд, шаҳрро посбонӣ мекард, то маро дастгир кунад, 33 вале маро дар сабаде аз тирезаи девори шаҳр поён фароварданд+ ва ман аз дасти вай гурехта, халос шудам.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан