1 Мӯсо
11 Тамоми мардуми заминро як забон ва як луғат буд. 2 Вақте онҳо ба тарафи шарқ равона шуданд, водиеро дар замини Шинъор+ ёфтанд ва дар он ҷо сокин шуданд. 3 Он гоҳ онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед хишт резем ва онро дар оташ пазем». Онҳо ба ҷойи санг хишт ва барои пайвасти хиштҳо қирро* истифода бурданд. 4 Онҳо гуфтанд: «Биёед барои худ шаҳре бино кунем ва бурҷе* бисозем, ки сараш ба осмон расад, то номдор гардем ва дар тамоми рӯйи замин пароканда нашавем».+
5 Он вақт Яҳува сӯйи писарони одамизод назар кард*, то шаҳру бурҷеро, ки онҳо сохта истода буданд, бубинад. 6 Яҳува гуфт: «Инак, онҳо як халқанду як забон доранд+ ва бинед, ки чӣ кор карда истодаанд. Ҳоло ҳеҷ коре нест, ки онҳо ба анҷом расонида натавонанд. 7 Пас*, забони онҳоро омехта кунем,+ то якдигарро нафаҳманд». 8 Сипас Яҳува онҳоро дар тамоми рӯйи замин пароканда кард+ ва онҳо оҳиста-оҳиста сохтани шаҳрро бас карданд. 9 Барои ҳамин ин шаҳр Бобил*+ номида шуд, зеро дар он ҷо Яҳува забони тамоми заминро омехта кард ва Яҳува онҳоро аз он ҷо ба ҳар гӯшаю канори рӯйи замин пароканда сохт.
10 Ин аст таърихи Сом:+
Ду сол баъд аз тӯфон, вақте Сом 100-сола буд, Арфакшадро+ ба дунё овард. 11 Баъди таваллуди Арфакшад Сом 500 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард.+
12 Арфакшад 35 сол зиндагӣ кард ва Шолаҳро+ ба дунё овард. 13 Баъди таваллуди Шолаҳ Арфакшад 403 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард.
14 Шолаҳ 30 сол зиндагӣ кард ва Эбарро+ ба дунё овард. 15 Баъди таваллуди Эбар Шолаҳ 403 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард.
16 Эбар 34 сол зиндагӣ кард ва Фолаҷро+ ба дунё овард. 17 Баъди таваллуди Фолаҷ Эбар 430 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард.
18 Фолаҷ 30 сол зиндагӣ кард ва Рауро+ ба дунё овард. 19 Баъди таваллуди Рау Фолаҷ 209 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард.
20 Рау 32 сол зиндагӣ кард ва Саруҷро ба дунё овард. 21 Баъди таваллуди Саруҷ Рау 207 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард.
22 Саруҷ 30 сол зиндагӣ кард ва Ноҳӯрро ба дунё овард. 23 Баъди таваллуди Ноҳӯр Саруҷ 200 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард.
24 Ноҳӯр 29 сол зиндагӣ кард ва Тораҳро+ ба дунё овард. 25 Баъди таваллуди Тораҳ Ноҳӯр 119 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард.
26 Тораҳ 70 сол зиндагӣ кард ва пас аз ин Абром,+ Ноҳӯр+ ва Ҳорронро ба дунё овард.
27 Ин аст таърихи Тораҳ:
Тораҳ Абром, Ноҳӯр ва Ҳорронро ба дунё овард. Ҳоррон Лутро+ ба дунё овард. 28 Вақте ҳанӯз падараш Тораҳ зинда буд, Ҳоррон дар зодгоҳи худ, шаҳри Ури+ калдониён,+ мурд. 29 Абром ва Ноҳӯр барои худ зан гирифтанд. Зани Абром Сорай+ ном дошт, зани Ноҳӯр бошад, Милко,+ духтари Ҳоррон, буд. Ҳоррон падари Милко ва Иско буд. 30 Сорайи зани Абром нозой+ ва бефарзанд буд.
31 Тораҳ писараш Абром, наберааш Лут+ — писари Ҳоррон, ва келинаш Сорай, зани писараш Абромро, гирифта, аз Ури калдониён баромад ва ба замини Канъон+ равона шуд. Чанде пас онҳо ба Ҳоррон+ расиданд ва дар он ҷо сокин шуданд. 32 Тораҳ ҳамагӣ 205 сол зиндагӣ кард ва дар шаҳри Ҳоррон мурд.