Закарё
14 «Рӯзи Яҳува омада истодааст, рӯзе, ки туро* тороҷ карда, ғанимати туро тақсим мекунанд. 2 Ман ҳамаи халқҳоро ҷамъ меорам, то бо Ерусалим биҷанганд. Онҳо шаҳрро забт мекунанд, хонаҳоро ғорат менамоянд ва ба номуси занон мерасанд. Он вақт нисфи шаҳр ба асирӣ мераваду бақияи халқ дар шаҳр мемонад.
3 Яҳува берун омада, бо он халқҳо меҷангад,+ чуноне ки пеш, дар рӯзи ҳарбу зарб, ҷангида буд.+ 4 Дар он рӯз пойҳои ӯ бар кӯҳи Зайтун+ меистад, ки дар шарқи Ерусалим аст. Кӯҳи Зайтун аз миёнааш, аз шарқ то ғарб*, дупора мегардад ва дараи беҳад кушоде пайдо мешавад. Нисфи кӯҳ сӯйи шимол ва нисфи дигараш сӯйи ҷануб меравад. 5 Шумо ба дарае, ки дар миёни кӯҳҳои ман аст, мегурезед, зеро он дараи байни кӯҳҳо то худи Осил мерасад. Шумо ҳатман мегурезед, чуноне ки дар рӯзҳои Узиёи шоҳи Яҳудо, вақте замин ҷунбид, гурехта будед.+ Худоям Яҳува хоҳад омад ва ҳамаи муқаддасон бо ӯ хоҳанд буд.+
6 Дар он рӯз равшании қиматбаҳо намешавад+ ва бисёр чиз шах мешавад*. 7 Он рӯзи бемислу монанд мешавад ва ҳама мефаҳмад, ки ин рӯзи Яҳува аст.+ Он вақт на рӯз мешавад, на шаб ва бегоҳ равшан хоҳад буд. 8 Дар он рӯз аз Ерусалим оби ҳаёт+ ҷорӣ мешавад:+ нисфаш сӯйи баҳри шарқӣ*+ ва нисфи дигараш сӯйи баҳри ғарбӣ*;+ ҳам тобистону ҳам зимистон чунин мешавад. 9 Он вақт Яҳува Подшоҳи тамоми замин мешавад.+ Он рӯз Яҳува ягона Худое хоҳад буд+ ва танҳо номи ӯро ситоиш хоҳанд кард.+
10 Тамоми замин аз Ҷабъа+ то Риммӯн,+ ки дар тарафи ҷанубии Ерусалим аст, мисли водии Аробо+ мегардад. Ерусалим бошад, дар макони худ+ баланд шуда, аз дарвозаи Бинёмин+ то ҷойи дарвозаи Аввалу дарвозаи Кунҷакӣ ва аз бурҷи* Ҳананъил+ то чархушти подшоҳ пур аз одам мегардад. 11 Одамон дар ӯ сокин мегарданд ва ӯ дигар ба нобудӣ маҳкум намешавад.+ Мардуми Ерусалим дар тинҷиву амонӣ зиндагӣ мекунад.+
12 Яҳува ҳамаи халқҳоеро, ки бар зидди Ерусалим меҷанганд, ба бало гирифтор мекунад:+ гӯшти баданашон, дар ҳоле ки ба по рост истодаанд, мепӯсад, чашмони онҳо дар косахонаашон ва забони онҳо дар даҳонашон мепӯсад.
13 Дар он рӯз Яҳува ҳамаи онҳоро ба ваҳму воҳима меорад ва ҳар яке ёрашро қапида, ба ӯ даст мебардорад.+ 14 Яҳудо низ дар назди Ерусалим меҷангад ва мардум сарвати ҳамаи халқҳои ҳамсояро, тиллову нуқра ва либоси беҳисоберо, ҷамъ меорад.+
15 Аспҳо, хачирҳо, шутурҳо, харҳо ва тамоми чорвои урдугоҳҳои душман низ ба ҳамон гуна бало гирифтор мешаванд.
16 Бақияи ҳар як халқе, ки бар зидди Ерусалим меояд, сол ба сол омада,+ ба Подшоҳ — Яҳува, Худои лашкарҳо, саҷда мекунад+ ва Иди Хаймаҳоро* ҷашн мегирад.+ 17 Вале, агар касе аз хонадонҳои рӯйи замин ба Ерусалим рафта, ба Подшоҳ — Яҳува, Худои лашкарҳо, саҷда накунад, ба заминашон борон намеборад.+ 18 Агар хонадони Миср наояду ба шаҳр надарояд, ба заминаш борон намеборад ва он ба бало гирифтор мешавад. Он мисли халқҳое, ки ба ҷашни гирифтани Иди Хаймаҳо намеоянд, ба балои Яҳува гирифтор мешавад. 19 Ин аст ҷазо барои гуноҳи Миср ва гуноҳи ҳамаи халқҳое, ки омада, Иди Хаймаҳоро ҷашн намегиранд.
20 Дар он рӯз бар зангӯлаҳои аспҳо “Покӣ аз они Яҳува аст”+ навишта мешавад ва дегҳои+ хонаи Яҳува мисли косаҳои+ пеши қурбонгоҳ мегарданд. 21 Ҳар деги Ерусалим ва Яҳудо муқаддас ва аз они Яҳува, Худои лашкарҳо, мешавад ва ҳар кӣ қурбонӣ кунад, омада, дар онҳо гӯшт мепазад. Дар он рӯз дар хонаи Яҳува, Худои лашкарҳо, канъоние* намешавад».+