Айюб
32 Он се мард дигар ба Айюб ҷавоб надоданд, чунки ӯ дар назари худ росткор буд.+ 2 Аммо Элиҳу, писари Баракъили бӯзӣ,+ аз хонаводаи Ром, ба ғазаб омад. Хашми ӯ бар Айюб аланга зад, зеро ӯ Худоро неву худашро одил баровард.+ 3 Ғазаби ӯ ҳамчунин бар се рафиқи Айюб аланга зад, чунки онҳо ҷавобе наёфтанд, балки Худоро бадкор бароварданд.+ 4 Азбаски онҳо аз ӯ калонтар буданд, Элиҳу ҳамаи ин вақт интизор нишаст,+ то ба Айюб ҷавоб диҳад. 5 Вақте ӯ дид, ки он се кас чӣ ҷавоб доданашонро намедонанд, қаҳру ғазабаш ҷӯш зад. 6 Элиҳу, писари Баракъили бӯзӣ, суханашро сар карда гуфт:
«Ман ҷавонам,
Шумо бошед, калонсолед.+
Аз ин рӯ ман аз рӯйи эҳтиром хомӯш мондам+
Ва ҷуръат накардам он чиро, ки медонам, ба шумо бигӯям.
7 Ба худ гуфтам: “Бигзор синну сол гап занад
Ва умри дароз аз хирад ҳикоят кунад”.
9 Одам танҳо бо гузашти синну сол хирадманд намешавад
Ва фақат куҳансолон соҳиби ақлу фаҳм нестанд.+
10 Барои ҳамин ҳам мегӯям: “Ба ман гӯш диҳед.
Ман ҳам чизеро, ки медонам, ба шумо баён мекунам”.
11 Инак, ман суханони шуморо интизор шудам,
Ба далелҳои шумо гӯш додам+
Ва гӯш андохтам, ки чӣ тавр шумо сухани мувофиқ меҷӯед.+
12 Ман ба суханонатон хуб диққат кардам,
Аммо ҳеҷ яке аз шумо айби Айюбро нишон надодед*
Ва ба далелҳои ӯ ҷавоб надодед.
13 Пас, нагӯед: “Мо хирадро ёфтаем.
Ӯро Худо ноҳақ баровардааст, на одамизод”.
14 Ӯ бо суханонаш ба ман рӯ наовардааст,
Барои ҳамин ман ба ӯ бо далелҳои шумо ҷавоб намедиҳам.
15 Онҳо ба ҳарос омадаанд, ҷавобе дода наметавонанд
Ва чӣ гуфтанашонро намедонанд.
16 Ман интизор шудам, аммо онҳо хомӯш монданд,
Дар ҷояшон шах шуда, ҷавоб намегардонанд.
17 Аз ин рӯ ман ҳам гап мезанам,
Чизҳои медонистаамро мегӯям,
18 Зеро дилам пур аз сухан аст
Ва дарунам* ҷӯш мезанад.
19 Дарунам мисли шароби нокушода аст,
Мисли машкҳои наве, ки ба кафидан наздиканд.+
20 Бимонед, то ман сухан гӯяму сабук шавам,
Лабонамро кушода ҷавоб диҳам!
21 Ман касеро рӯихотир намекунам+
Ва ба касе хушомад намезанам*,
22 Зеро хушомадгӯӣ аз дастам намеояд.
Агар ин тавр мекардам, Офаридгорам маро дарҳол нест мекард.