Забур
Дуои ситамдидаю дилшикастае, ки дилашро ба Яҳува холӣ мекунад.+
2 Рӯятро дар вақти тангӣ аз ман пинҳон накун.+
Ба дуоям гӯш андоз,
Вақте сӯйи ту бихонам, ба зудӣ ҷавобам деҳ,+
3 Зеро умрам мисли дуд нопадид мегардад
Ва устухонҳоям мисли оташдон сӯхтаанд.+
4 Дилам мисли сабзаи офтобзадае хушк шудааст,+
Зеро хӯрок хӯрдан аз ёдам мебарояд.
6 Мисли мурғи саққое дар биёбон ҳастам,
Монанди чуғзи хурде, ки дар харобазор аст.
8 Тамоми рӯз душманонам дар ҳаққи ман бадгӯйӣ мекунанд,+
Онҳое, ки маро масхара мекунанд, номи маро барои лаънатгӯйӣ кор мефармоянд.
Ту маро боло бардошта, ба замин задӣ.
13 Ту бархоста, ба Сион марҳамат мекунӣ,+
Зеро вақти он расидааст, ки ба вай лутф кунӣ,+
Вақташ аллакай омадааст.+
15 Халқҳо аз номи Яҳува хоҳанд тарсид
Ва ҳама подшоҳони замин аз ҷалоли ту хоҳанд ларзид,+
16 Зеро Яҳува Сионро барқарор хоҳад намуд,+
Ӯ дар ҷалоли худ намудор хоҳад шуд.+
18 Ин барои насли оянда навишта шудааст,+
То наслҳои оянда Ёҳро ситоиш кунанд.
19 Ӯ аз баландии муқаддаси худ поён менигарад,+
Яҳува аз осмон ба замин нигоҳ мекунад,
20 То ки оҳу нолаи бандиро бишнавад,+
Ба марг маҳкумшудагонро раҳоӣ бахшад,+
21 То номи Яҳува дар Сион эълон гардад+
Ва ӯро дар Ерусалим васф намоянд,
22 Вақте халқҳову мамлакатҳо барои парастиши Яҳува ҷамъ шаванд.+
23 Ӯ дар нимароҳи умр қувватамро кам кардааст,
Рӯзҳоямро кӯтоҳ намудааст.
24 Ман гуфтам: «Эй Худои ман!
Маро аз нисфи умрам бенасиб нагардон,
Эй Худое, ки солҳои беохир вуҷуд дорӣ.+
25 Ту заминро аз қадим бунёд кардаӣ
Ва осмон амали дастҳои туст.+
26 Онҳо нест мешаванд, вале ту мемонӣ,
Онҳо мисли ҷомае куҳна мешаванд.
Ту онҳоро мисли либосе иваз мекунӣ ва онҳо ба охир мерасанд,
27 Вале худат ҳамин хел мемонӣ ва солҳои ту охир нахоҳанд дошт.+
28 Фарзандони бандагонат осуда зиндагӣ хоҳанд кард
Ва насли онҳо пеши ту устувор хоҳад монд».+