Ҳушаъ
14 «Эй Исроил, назди Яҳува, Худои худ, баргард,+
Зеро ту аз сабаби гуноҳат пешпо хӯрдаӣ.
2 Бо суханони зерин назди Яҳува баргардед,
Ба ӯ бигӯед: “Аз гуноҳамон гузару+ чизи хуберо аз мо қабул кун
Ва мо ба ту ситоиши лабҳоямонро+ чун буққаҳои ҷавон меорем.
3 Ошур моро наҷот намедиҳад,+
Мо ба аспҳо савор намешавем+
Ва дигар ба амали дастҳоямон “Эй Худои мо!” намегӯем,
Зеро туӣ, ки ба ятим раҳм менамоӣ”.+
4 Ман бевафоии онҳоро шифо мебахшам,+
Бо ихтиёри худ онҳоро дӯст хоҳам дошт,+
Зеро хашми ман аз ӯ дур шудааст.+
5 Ман барои Исроил чун шабнам мешавам.
Ӯ чун савсан мешукуфад
Ва чун дарахтони Лубнон реша медавонад.
6 Шохаҳояш паҳн мешаванд,
Зебоияш мисли зебоии дарахти зайтун
Ва бӯяш мисли бӯйи хуши Лубнон мегардад.
7 Онҳо боз дар сояи ӯ сокин мешаванд.
Онҳо ғалла мерӯёнанд ва чун ток муғҷа мебанданд.+
Шуҳрати* ӯ мисли шароби Лубнон мегардад.
8 Эфроим хоҳад гуфт: “Ман ба бутҳо дигар чӣ кор дорам?!”+
Он вақт ман ӯро мешунавам ва дар паноҳам нигоҳ медорам.+
Ман чун арчаи сабзу хуррам мешавам.
Ту аз ман мева мегирӣ».
9 Кӣ хирадманд аст? Бигзор инро бифаҳмад.
Кӣ бофаҳм аст? Бигзор инро бидонад.
Охир, роҳҳои Яҳува дурустанд,+
Росткорон бо онҳо равона мешаванд,
Аммо бадкорон дар онҳо пешпо мехӯранд.