Забур
33 Эй одилон, аз корҳои Яҳува шодмонӣ кунед.+
Ҳамду сано гуфтани ӯ ба росткорон мезебад.
2 Яҳуваро бо чанг шукргузорӣ кунед
Ва дар васфаш бо сози даҳтор бисароед*.
3 Барояш суруди тозае бихонед,+
Торҳоро бо маҳорат навохта, нидоҳои шодӣ кунед.
4 Сухани Яҳува ҳақ асту рост,+
Тамоми корҳояш сазовори бовариянд.
7 Ӯ обҳои баҳрро ҷамъ овард ва онҳоро сарбанд кард,+
Ӯ обҳои пурталотумро дар анборҳо мегузорад.
8 Бигзор тамоми олам аз Яҳува битарсад,+
Бигзор сокинони замин аз ӯ ҳаросон бошанд,
9 Зеро ӯ гуфт ва пайдо шуд,+
Бо амри ӯ ҳама чиз барқарор гардид.+
13 Яҳува аз осмон нигоҳ мекунад,
Ӯ тамоми одамизодро мебинад.+
14 Аз макони худ
Тамоми сокинони заминро назорат мекунад.
15 Дили ҳамаи онҳоро шакл медиҳад,
Ӯ ба тамоми корҳояшон диққат мекунад.+
16 Подшоҳро лашкари беҳисобаш
Ва паҳлавонро қуввати бузургаш наҷот намедиҳад.+
18 Чашми Яҳува бар тарсгоронаш аст,+
Бар онҳое, ки меҳру вафояшро нигаронанд,
19 То ҷонашонро аз марг халос кунад
Ва ҳангоми қаҳтӣ онҳоро зинда нигоҳ дорад.+
20 Мо ба Яҳува умед мебандем,
Ӯ мададгор ва сипари мост.+
21 Диламон аз корҳои ӯ шодӣ мекунад,
Зеро ба номи покаш таваккал менамоем.+