Ирмиё
27 Дар соли аввали ҳукмронии Еҳуёқими писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё паёме омад. 2 Яҳува ба ман чунин гуфт: «Барои худ бандҳову юғ* бисоз ва онҳоро ба гарданат бимон. 3 Сипас онҳоро ба подшоҳи Адӯм,+ подшоҳи Мӯоб,+ подшоҳи аммӯниён,+ подшоҳи Сӯр+ ва подшоҳи Сидӯн+ ба воситаи хабаррасононе, ки ба Ерусалим пеши Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо, мераванд, бифирист. 4 Ба онҳо бифармо, ки ба хӯҷаинҳояшон чунин гӯянд:
“Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ба хӯҷаинони худ бигӯед, ки Худо чунин мегӯяд: 5 “Ман замин, одамизод ва ҷонварони рӯйи заминро бо қувваи бузург ва зӯри бозуям ба вуҷуд овардаам. Заминро ман офаридаам ва онро ба ҳар касе, ки хоҳам, медиҳам.+ 6 Акнун ман тамоми ин заминро ба дасти бандаам Набукаднесар,+ подшоҳи Бобил, додаам, ҳатто ҳайвонҳои саҳроро ба хизмати ӯ супурдаам. 7 Ҳамаи халқҳо ба ӯ ва писару наберааш хизмат хоҳанд кард, то даме ки навбати заминаш бирасад+ ва халқҳои зиёду подшоҳони бузург ӯро ғулом гардонанд.+
8 Агар ягон халқ ё подшоҳӣ аз хизмати подшоҳи Бобил, Набукаднесар, сар печад ва юғи подшоҳи Бобилро ба гардан намонад, ман ин халқро бо шамшер,+ қаҳтӣ ва вабо ҷазо хоҳам дод, то даме ки аз дасти ӯ нобуд шавад,— мегӯяд Яҳува.—
9 Аз ин рӯ ба пайғамбарон, фолбинон, хоббинон, сеҳргарон ва ҷодугаронатон, ки чунин мегӯянд: “Шумо ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард”, гӯш надиҳед. 10 Онҳо ба шумо суханони дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд, то ки шумо аз заминатон ронда шавед ва ман шуморо пароканда карда, нобуд созам.
11 Аммо халқеро, ки юғи подшоҳи Бобилро ба гардан мемонад ва ба ӯ хизмат мекунад, дар заминашон нигоҳ медорам, то онро кишт карда, дар он зиндагӣ кунанд”,— мегӯяд Яҳува».
12 Ман ин суханонро инчунин ба Сидқиёҳу,+ подшоҳи Яҳудо, гуфтам: «Юғи подшоҳи Бобилро ба гарданатон бигиред ва ба ӯву халқаш хизмат кунед, он гоҳ зинда хоҳед монд.+ 13 Чаро туву халқат аз шамшер,+ қаҳтӣ+ ва вабо+ бимиред? Охир, Яҳува гуфтааст, ки оқибати халқе, ки ба подшоҳи Бобил хизмат намекунад, ҳамин аст. 14 Ба суханони пайғамбарон, ки чунин мегӯянд: “Шумо ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард”,+ гӯш надиҳед, зеро онҳо дурӯғ мегӯянд.+
15 “Ман онҳоро нафиристодаам ва онҳо аз номи ман суханони дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд,— мегӯяд Яҳува,— ман шуморо ҳамроҳи пайғамбаронатон, ки ба шумо пешгӯйӣ мекунанд, пароканда ва нобуд месозам”».+
16 Ман ба коҳинон ва тамоми ин мардум чунин гуфтам: «Яҳува мегӯяд: “Ба суханони пайғамбаронатон, ки ба шумо пешгӯйӣ карда чунин мегӯянд: “Ашёи хонаи Яҳува аз Бобил ба наздикӣ баргардонида мешавад!”,+ гӯш надиҳед, зеро онҳо ба шумо суханони дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд.+ 17 Онҳоро гӯш накунед. Ба подшоҳи Бобил хизмат кунед ва зинда монед.+ Чаро ин шаҳр харобазор гардад? 18 Агар онҳо пайғамбар бошанду сухани Яҳува бо онҳо бошад, бигзор аз Яҳува, Худои лашкарҳо, илтиҷо кунанд, то бақияи ашёе, ки дар хонаи Яҳува, дар хонаи подшоҳи Яҳудо ва дар Ерусалим мондааст, ба Бобил бурда нашавад.
19 Яҳува, Худои лашкарҳо, дар бораи чизҳои зерин паёме дорад: дар бораи сутунҳо,+ Баҳр*,+ аробаҳо+ ва бақияи ашёи ибодатгоҳ, ки дар ин шаҳр мондааст 20 ва подшоҳи Бобил, Набукаднесар, ҳангоми аз Ерусалим ба Бобил ба ғуломӣ бурдани Еконёи писари Еҳуёқим, подшоҳи Яҳудо, ва тамоми калоншавандагони Яҳудову Ерусалим нагирифта буд.+ 21 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, дар бораи бақияи ашёе, ки дар хонаи Яҳува, дар хонаи подшоҳи Яҳудо ва дар Ерусалим мондааст, чунин мегӯяд: 22 “Онҳо ба Бобил бурда мешаванд+ ва, то рӯзе ки ба онҳо назар накунам, дар он ҷо мемонанд,— мегӯяд Яҳува.— Вақте ба онҳо назар кунам, онҳоро ба ин макон бармегардонам”».+