Забур
135 Ёҳро* ситоиш кунед,
Номи Яҳуваро ситоиш кунед.
3 Ёҳро ситоиш кунед, зеро Яҳува некуст.+
Дар васфи номаш бисароед*, зеро ин дилпазир аст.
4 Ёҳ Яъқубро барои худ хуш кардааст,
Исроил ганҷи барчидаи ӯст.+
6 Яҳува ҳар чӣ бихоҳад, мекунад,+
Дар осмону замин, дар баҳрҳо ва қаъри обҳо.
7 Ӯ абрҳоро* аз канори замин ба осмон мехезонад,
Барои борон барқро ба вуҷуд меорад*,
Бодро аз анборҳои худ берун меорад.+
8 Ӯ нахустзодагони Мисрро зарба зад,
Ҳам одамизод ва ҳам ҳайвонро.+
9 Ӯ дар миёни ту аломату муъҷиза нишон дод, эй Миср,+
Бар зидди фиръавн ва тамоми хизматгоронаш баромад.+
10 Ӯ халқҳои зиёдро зарба зад+
Ва подшоҳони пурқудратро кушт+ —
11 Сиҳӯни подшоҳи амӯриёнро,+
Ӯҷи подшоҳи Бошонро.+
Ӯ тамоми подшоҳиҳои Канъонро нест кард.
12 Ӯ замини онҳоро ба халқаш мерос дод,
Заминашонро ба Исроил дод.+
13 Эй Яҳува, номи ту то абад мемонад.
Эй Яҳува, туро аз насл ба насл ёдоварӣ* хоҳанд кард.+
15 Бутҳои халқҳо нуқраву тиллоянд,
Амали дасти одамизоданд.+
16 Даҳон доранд, вале гап намезананд,+
Чашм доранд, вале намебинанд,
17 Гӯш доранд, вале намешунаванд,
Дар димоғашон нафасе нест.+
18 Созандагонашон мисли худашон мегарданд,+
Ҳама касоне, ки ба онҳо такя мекунанд, монанди онҳо мешаванд.+
19 Эй хонадони Исроил, Яҳуваро ситоиш кунед.
Эй хонадони Ҳорун, Яҳуваро ситоиш кунед.
20 Эй хонадони Левӣ, Яҳуваро ситоиш кунед.+
Эй тарсгорони Яҳува, Яҳуваро ситоиш кунед.