Ирмиё
32 Паёми Яҳува дар соли 10-уми подшоҳ Сидқиёҳу, яъне дар соли 18-уми Набукаднесар, ба Ирмиё омад.+ 2 Он вақт лашкари подшоҳи Бобил Ерусалимро муҳосира мекард ва пайғамбар Ирмиё дар Саҳни Посгоҳи+ қасри подшоҳи Яҳудо зиндонӣ шуда буд. 3 Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо, ӯро зиндонӣ карда,+ гуфта буд: «Чаро ту пешгӯйӣ карда мегӯӣ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил медиҳам ва ӯ онро забт мекунад.+ 4 Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо, аз дасти калдониён раҳоӣ намеёбад, балки ба дасти подшоҳи Бобил дода мешавад. Ӯ бо подшоҳи Бобил рӯ ба рӯ хоҳад истод ва ба чашмони ӯ нигариста, сухан хоҳад гуфт.+ 5 Ӯ Сидқиёҳуро ба Бобил мебарад ва Сидқиёҳу, то даме ки ба ӯ назар накунам, дар он ҷо мемонад,— мегӯяд Яҳува.— Ҳарчанд шумо бар зидди калдониён меҷангед, дастболо намешавед”?»+
6 Ирмиё гуфт: «Аз ҷониби Яҳува ба ман чунин паёме омад: 7 “Инак, амакбачаат, Ҳанамъили писари Шаллум, наздат меояд ва ба ту чунин мегӯяд: “Киштзори маро, ки дар Анотӯт+ аст, бихар, зеро ҳуқуқи бозхаридани он аз туст”».+
8 Ҳанамъили амакбачаам, ҳамон тавре ки Яҳува гуфт, назди ман ба Саҳни Посгоҳ омаду гуфт: «Хоҳиш дорам, киштзори маро, ки дар Анотӯт, дар замини Бинёмин аст, бихар, зеро ту ҳуқуқи соҳиб шудан ва бозхаридани онро дорӣ. Онро бихар». Ҳамон замон ман донистам, ки ин аз ҷониби Яҳува аст.
9 Ман киштзори амакбачаам Ҳанамъилро, ки дар Анотӯт аст, харидам ва пулро, ҳафт сиқл* ва даҳ пора нуқраро, баркашида, ба ӯ додам.+ 10 Сипас ман ҳуҷҷати харидро навиштаму муҳр задам+ ва шоҳидонро хонда,+ пулро бар тарозу баркашидам. 11 Ман он ҳуҷҷатро гирифтам: якеро, ки мувофиқи амр ва талабҳои ҳуқуқӣ муҳр зада шуда буд, ва дигареро, ки муҳр зада нашуда буд. 12 Ман ҳуҷҷати харидро дар ҳузури амакбачаам Ҳанамъил, дар пеши назари шоҳидон, ки дар ҳуҷҷати харид имзо монда буданд, ва дар шоҳидии ҳама яҳудиёне, ки дар Саҳни Посгоҳ+ нишаста буданд, ба дасти Борухи+ писари Нериёи+ писари Маҳсеё додам.
13 Ман дар ҳузури мардум ба Борух гуфтам: 14 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ин ҳуҷҷатҳои харидро, ҳуҷҷати муҳрзада ва ҳуҷҷати муҳрназадаро, бигир ва онҳоро ба зарфи сафолин андоз, то муддати дарозе дар он бимонанд”, 15 зеро Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Дар ин замин хонаҳо, киштзорҳо ва токзорҳо боз харида мешаванд”».+
16 Баъд аз он ки ҳуҷҷати харидро ба дасти Борухи писари Нериё додам, ба Яҳува чунин дуо гуфтам: 17 «Ё Яҳува, Парвардигоро! Ту осмону заминро бо қувваи бузург ва бозуи тавонои худ сохтаӣ.+ Ҳеҷ коре нест, ки барои ту душвор бошад. 18 Ту ба ҳазорҳо меҳру вафо мекунӣ, аммо фарзандонро аз оқибати талхи гуноҳи падарон эмин намедорӣ.+ Ту Худои ҳақиқӣ, бузург ва тавоно ҳастӣ ва номи ту, Яҳува, Худои лашкарҳост. 19 Ниятҳои ту беҳамто ва корҳоят бузург аст.+ Чашмонат ҳама роҳҳои одамизодро мушоҳида мекунад,+ то ба ҳар кас аз рӯйи роҳу рафтораш подош диҳӣ.+ 20 Ту дар замини Миср аломату муъҷизаҳо ба амал овардӣ, ки то ба имрӯз машҳуранд, ва бо ин корҳоят дар миёни Исроил ва тамоми одамизод ном баровардӣ.+ 21 Ту халқи Исроилро аз замини Миср бо аломатҳову муъҷизаҳо, бо дасти пурзӯру бозуи тавоно ва амалҳои даҳшатангез берун овардӣ.+
22 Бо гузашти вақт ту ба онҳо ин заминро додӣ, заминеро, ки дар он ширу асал ҷорист+ ва онро ба бобоёнашон қасам хӯрда, ваъда дода будӣ.+ 23 Онҳо омада, онро соҳиб шуданд, вале ба овози ту гӯш надоданд ва шариати туро риоя накарданд. Онҳо ҳеҷ яке аз фармудаҳоятро ба ҷо наоварданд ва ту ҳамаи ин балоҳоро бар сарашон овардӣ.+ 24 Одамон омада, хокрезҳо* сохтанд, то шаҳрро муҳосира кунанд.+ Аз сабаби шамшер,+ гушнагӣ ва вабо+ ин шаҳр ба дасти калдониён, ки бар зидди он меҷанганд, меафтад. Чуноне ки мебинӣ, ҳар он чӣ ту гуфтаӣ, иҷро гаштааст. 25 Аммо ту, эй Яҳува, Парвардигор, ба ман гуфтӣ: “Пул дода, барои худ ин киштзорро бихар ва шоҳидонро биёр”, дар ҳоле ки шаҳр ба дасти калдониён дода мешавад».
26 Пас аз ин ба Ирмиё аз Яҳува чунин паём омад: 27 «Ман Яҳува, Худои тамоми одамизод, ҳастам. Магар чизе ҳаст, ки барои ман душвор бошад? 28 Аз ин рӯ Яҳува мегӯяд: “Ман ин шаҳрро ба дасти калдониён, ба дасти Набукаднесари подшоҳи Бобил, медиҳам ва ӯ онро забт мекунад.+ 29 Калдониён, ки бар зидди ин шаҳр меҷанганд, омада, онро оташ мезананд.+ Он гоҳ ҳамаи он хонаҳое, ки дар бомҳояшон мардум барои Баал қурбониҳо меоварданд ва барои худоёни дигар ҳадияҳои рехтанӣ пешкаш карда маро ба ғазаб меоварданд,+ сӯхта нобуд мешаванд.
30 Мардуми Исроил ва Яҳудо аз ҷавонияшон фақат он чиро, ки дар назарам бад аст, ба амал меоранд.+ Мардуми Исроил бо амали дастонашон маро ба ғазаб меоранд,— мегӯяд Яҳува.— 31 Аз рӯзи бунёд шуданаш ин шаҳр сабаби хашму ғазаби ман аст.+ Аз ин рӯ он бояд аз пеши назарам нобуд гардад,+ 32 аз сабаби тамоми бадие, ки мардуми Исроил ва Яҳудо карда маро ба ғазаб овардаанд,— онҳо, подшоҳон,+ мирон,+ коҳинон, пайғамбаронашон+ ва мардуми Яҳудову сокинони Ерусалим. 33 Онҳо ба ман пушташонро мегардонданд, на рӯяшонро.+ Ҳарчанд ман онҳоро такрор ба такрор* таълим доданӣ мешудам, ҳеҷ яке аз онҳо гӯши насиҳатшунав надошт.+ 34 Онҳо бутҳои ҳаромашонро дар хонае мемонданд, ки номи ман бар он аст, ва онро нопок месохтанд.+ 35 Ғайр аз ин, онҳо дар водии Писари Ҳиннӯм*+ баландиҳои Баалро бино мекарданд, то писарону духтаронашонро барои Мӯлик* дар оташ қурбон кунанд,+ ҳол он ки ин чизро ман ба онҳо нафармуда будам+ ва ин кори нафратовар ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомада буд. Бо ин кор онҳо Яҳудоро ба гуноҳ гирифтор намуданд”.
36 Аз ин рӯ Яҳува, Худои Исроил, дар бораи ин шаҳр, ки ту мегӯӣ ба дасти подшоҳи Бобил дода мешавад ва шамшеру гушнагиву вабо бар сараш меояд, чунин мегӯяд: 37 “Ман ба хашму ғазаб ва қаҳри бузург омада, онҳоро ба заминҳои гуногун пароканда кардаам.+ Инак, ман онҳоро аз ин ҷойҳо ҷамъ карда, ба ин макон меорам ва ба онҳо зиндагии тинҷу ором ато мекунам.+ 38 Он гоҳ онҳо халқи ман мешаванду ман Худои онҳо.+ 39 Ман ба онҳо як дилу+ як роҳ ато мекунам, то аз ман доимо тарсон бошанд, зеро ин ба фоидаи худи онҳо ва фарзандони онҳост.+ 40 Ман бо онҳо аҳди ҷовидонӣ мебандам,+ ки аз онҳо рӯ намегардонаму некиямро аз онҳо дареғ намедорам,+ ва тарси худро дар дилашон ҷо медиҳам, то онҳо аз ман рӯ нагардонанд.+ 41 Ман барояшон шодӣ хоҳам кард+ ва тухми онҳоро дар ин замин чунон хоҳам кошт, ки доимо дар он бимонанд.+ Ман ин корро бо тамоми дилу ҷон хоҳам кард”.
42 Яҳува чунин мегӯяд: “Чуноне ки ман тамоми ин балоҳои азимро бар сарашон овардам, ҳамон тавр ҳамаи некиҳоеро, ки барояшон ваъда додаам, бар онҳо меорам.+ 43 Он вақт мардум аз нав киштзор хоҳад харид,+ ҳарчанд шумо мегӯед: “Ин биёбонест, ки на одам аст дар он ва на ҷонвар. Он ба дасти калдониён супурда шудааст”.
44 Мардум пул дода, киштзор хоҳанд харид, ҳуҷҷати харид тартиб дода, муҳр хоҳанд зад ва шоҳидонро аз замини Бинёмин, аз гирду атрофи Ерусалим, аз шаҳрҳои Яҳудо,+ шаҳрҳои кӯҳистон, шаҳрҳои водӣ+ ва шаҳрҳои ҷануб даъват хоҳанд кард,+ зеро ман асирони онҳоро бармегардонам”,+— мегӯяд Яҳува».