Забур
Суруди болобароӣ. Таронаи Довуд.
122 Хурсанд шудам, вақте ба ман гуфтанд:
«Биё, ба хонаи Яҳува меравем».+
2 Пойҳои мо, эй Ерусалим,
Андаруни дарвозаҳои ту истодаанд.+
4 Қабилаҳо сӯйи он баромаданд,
Қабилаҳои Ёҳ*,
Мувофиқи ёдоварии Худо ба Исроил,
То ба номи Яҳува шукрона хонанд.+
6 Осоиштагии Ерусалимро хоҳон бошед.+
Дӯстдорони ту, эй шаҳр, дар амон хоҳанд буд.
7 Бигзор дар даруни истеҳкомҳоят* осоиштагӣ бошад
Ва андаруни қалъаҳоят амонӣ.
8 Ба хотири ёру бародаронам мегӯям:
«Осоиштагӣ андаруни ту бод!»
9 Ба хотири хонаи Худоямон Яҳува+
Беҳбудии туро хоҳонам.