Забур
Таронаи писарони Қӯраҳ.+
48 Яҳува бузург ва сазовори ситоиши беандоза аст,
Дар шаҳри Худои мо, дар кӯҳи муқаддаси ӯ.
4 Инак, подшоҳон ҷамъ омадаанд,
Якҷоя ба пеш ҳаракат карданд.
5 Вақте онҳо шаҳрро диданд, ба ҳайрат омаданд
Ва ба воҳима афтида, аз тарсу ҳарос рӯ ба гурез оварданд.
6 Онҳоро дар он ҷо ларза фаро гирифт
Ва азобе мисли дарди зоиши зан.
7 Бо боди шарқӣ ту киштиҳои Таршишро шикастӣ.
8 Мо дар шаҳри Яҳува, Худои лашкарҳо, дар шаҳри Худоямон,
Он чиро, ки шунида будем, бо чашмони худ дидем.
Худо ин шаҳрро то абад пойдор месозад.+ (Село)
9 Андаруни ибодатгоҳи ту
Аз меҳру вафоят меандешем, эй Худо.+
10 Худоё, васфи ту мисли номат
То ба канори замин расидааст.+
Дасти ростат пур аз росткорист.+
13 Ба хокрезҳои* он назар дӯзед.+
Бурҷҳои истеҳкомдори онро дида бароед,
То ба наслҳои оянда ҳикоя кунед,
14 Зеро ин Худо ҳамеша ва то абад Худои мост.+