Забур
148 Ёҳро* ситоиш кунед!
Яҳуваро аз осмон ситоиш намоед,+
Ӯро дар афроз ситоиш кунед.
3 Ӯро ситоиш кунед, эй офтобу моҳтоб.
Ӯро ситоиш кунед, эй ситорагони дурахшон.+
4 Ӯро ситоиш кунед, эй авҷи фалак
Ва эй обҳои болои осмон.
5 Бигзор онҳо номи Яҳуваро ситоиш кунанд,
Зеро ӯ фармуду онҳо офарида шуданд.+
6 Ӯ онҳоро ҳамеша ва то абад устувор нигаҳ медорад.+
Амре, ки ӯ муқаррар намудааст, ҳаргиз бекор намешавад.+
7 Яҳуваро дар замин ситоиш кунед,
Эй ҷонварони бузурги баҳрӣ, ва эй обҳои бетаг.
8 Эй барқу жола, барфу абри ғализ,
Эй тундбод, ки суханашро ба ҷо меорӣ,+
9 Эй кӯҳҳо ва ҳама пуштаҳо,+
Эй дарахтони мевадор ва эй дарахтони сидра,+
10 Эй ҷонварони ваҳшӣ+ ва ҳама ҷонварони хонагӣ,
Эй хазандагон ва парандагони болдор,
11 Эй подшоҳони замин ва ҳама миллатҳо,
Эй мирон ва ҳама доварони замин,+
12 Эй ҷавонписарон ва ҷавондухтарон,
Пирону ҷавонон, Худоро ситоиш кунед!
Бузургии ӯ аз замину осмон болотар аст.+
14 Ӯ қуввати халқи худро афзун хоҳад кард,
Баҳри ситоиши ҳама бандагони бовафояш —
Фарзандони Исроил, халқи наздики ӯ.
Ёҳро* ситоиш кунед!