Ишаъё
29 «Вой бар Ариил*, бар шаҳре, ки Довуд дар он хайма зада буд!+
Бигзор солҳо пайи ҳам бигзаранд,
Сол аз сол ҳамаи идҳоро+ ҷашн гиред.
Он бароям мисли оташдони қурбонгоҳи Худо мегардад.+
3 Ман дар гирди ту, эй Ариил, урду мезанам,
Қаторчӯбҳо зада туро иҳота мекунам
Ва тал бардошта туро муҳосира менамоям.+
4 Ту паст мешавӣ,
Аз замин гап мезанӣ
Ва хоки замин садои туро хомӯш мекунад.
Ва ин ногаҳон, дар як лаҳза рӯй медиҳад.+
6 Яҳува, Худои лашкарҳо,
Бо раъд, заминҷунбӣ ва ғалоғулаи азим,
Бо тӯфон, тундбод ва алангаи оташи сӯзон ба ту назар меандозад».+
7 Он гоҳ ҷамъи тамоми халқҳое, ки бо Ариил меҷанганд+ —
Ҳамаи онҳое, ки бо ӯ ҷанг мекунанд,
Бурҷҳое*, ки барои муҳосираи он сохта шудаанд,
Ва касоне, ки ӯро азоб медиҳанд,
Мисли хоб, мисли рӯъёи шаб, мешаванд.
8 Чуноне ки гурусна хоб мебинад, ки мехӯрад,
Вале шиками гушна бедор мешавад,
Чуноне ки ташна хоб мебинад, ки об менӯшад,
Вале бемадору ташна бедор мешавад,
Бо ҷамъи тамоми халқҳое, ки
Бо кӯҳи Сион+ меҷанганд, чунин хоҳад буд.
Онҳо маст шудаанд, аммо на аз шароб,
Мекалаванд, вале на аз арақ,
10 Зеро Яҳува бар шумо рӯҳи хоби гаронро рехтааст.+
11 Ҳар рӯъё барои шумо чун суханони китоби сарбамуҳр аст.+ Вақте онро ба касе, ки хонда метавонад, бидиҳанд ва «илтимос, барои мо бихон» гӯянд, ӯ мегӯяд: «Наметавонам, чунки он сарбамуҳр аст». 12 Вақте онро ба касе, ки хонда наметавонад, бидиҳанд ва «илтимос, бихон» гӯянд, ӯ мегӯяд: «Ман хонда наметавонам».
13 Яҳува чунин мегӯяд: «Ин мардум бо даҳонашон ба ман наздик мешаванд
Ва бо забонашон маро иззат мекунанд,+
Вале дилашон аз ман дур аст.
Худотарсии онҳо фақат дар асоси амрҳои одамиест, ки таълим гирифтаанд.+
14 Аз ин рӯ ман боз барои ин халқ корҳои аҷоибе мекунам,+
Як кори аҷоибро аз паси дигараш.
Хиради хирадмандони онҳо нобуд мешавад
Ва фаҳмиши доноёнашон нопадид мегардад».+
15 Вой бар ҳоли онҳое, ки бисёр мекӯшанд нақшаҳояшонро аз Яҳува пинҳон кунанд.+
Онҳо корҳои худро дар ҷойи торик карда, мегӯянд:
«Кӣ моро мебинад?
Кӣ аз корҳои мо бохабар мешавад?»+
16 То чӣ андоза шумо каҷрафторед!
Магар кӯзагар ба гил баробар аст?+
Оё чизе, ки сохта шудааст, дар бораи созандаи худ мегӯяд:
«Ӯ маро насохтааст»?+
Оё офарида дар бораи офарандааш мегӯяд:
«Ӯ фаҳм надорад»?+
18 Дар он рӯз кар суханони китобро мешунавад
Ва кӯр аз тирагиву зулмот халос шуда бино мегардад.+
19 Нармдил* аз Яҳува хурсандии бисёр пайдо мекунад
Ва камбағал дар Худои Поки Исроил шодӣ меёбад,+
20 Зеро ситамгар дигар намешавад,
Даҳанкалон нобуд мегардад
Ва ҳамаи касоне, ки дар пайи бадкориянд, нест мешаванд.+
21 Онҳо дигаронро туҳмат мекунанд,
Барои касе, ки назди дарвозаи шаҳр+ додхоҳӣ мекунад, дом мегузоранд
Ва бо ҳар баҳона росткорро аз ҳукми одилона маҳрум месозанд.+
22 Барои ҳамин Яҳува, ки Иброҳимро+ бозхаридааст, ба хонадони Яъқуб чунин мегӯяд:
23 Ӯ фарзандонашро,
Ки амали дастҳои мананд, дар гирди худ мебинад+
Ва онҳо номи маро ҷалол медиҳанд,
Худои Поки Яъқубро ҷалол медиҳанд
Ва Худои Исроилро иззату ҳурмат мекунанд.+
24 Раҳгумзадагон соҳибфаҳм мешаванд
Ва шикоятгарон — насиҳатшунав».