ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 2 Воқеанома 32
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 2 Воқеанома

      • Санҳериб бар зидди Ерусалим мебарояд (1–8)

      • Санҳериб Яҳуваро паст мезанад (9–19)

      • Фаришта лашкари ошуриёнро нобуд мекунад (20–23)

      • Бемории Ҳизқиё ва ҳавобаландии ӯ (24–26)

      • Комёбиҳои Ҳизқиё; марги ӯ (27–33)

2 Воқеанома 32:1

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 31:20
  • +4Пш 18:7, 13; Иш 36:1

2 Воқеанома 32:3

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 20:20

2 Воқеанома 32:5

Эзоҳҳо

  • *

    Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

  • *

    Ё «Миллӯ». Калимаи иброние, ки маънояш «пуршуда» аст.

  • *

    Ё «найзаву».

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 5:9; 3Пш 9:24; 11:27; 4Пш 12:20

2 Воқеанома 32:7

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 19:6
  • +5Мс 31:6, 8; Юш 1:6, 9; 4Пш 6:16, 17; 2Вқ 20:15

2 Воқеанома 32:8

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «қувваи».

Оятҳои иловагӣ

  • +4Мс 14:9; 5Мс 20:1, 4; Юш 10:42; Ир 17:5
  • +2Вқ 20:20

2 Воқеанома 32:9

Оятҳои иловагӣ

  • +Иш 37:8
  • +4Пш 18:17; Иш 36:2

2 Воқеанома 32:10

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 18:19; Иш 36:4

2 Воқеанома 32:11

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 18:29, 30; 19:10

2 Воқеанома 32:12

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «ӯро».

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 18:1, 4
  • +2Вқ 31:1
  • +4Пш 18:22; Иш 36:7

2 Воқеанома 32:13

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 15:29; 17:5; Иш 37:12
  • +4Пш 18:33, 34; 19:17, 18

2 Воқеанома 32:14

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 14:3; 15:9

2 Воқеанома 32:15

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 18:29
  • +2Мс 5:2; 5Мс 32:27; Дн 3:14, 15

2 Воқеанома 32:17

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 19:14
  • +Иш 37:29
  • +4Пш 17:6; 19:12

2 Воқеанома 32:18

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 18:26, 28; Иш 36:11, 13

2 Воқеанома 32:20

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 19:2, 20; Иш 37:2
  • +4Пш 19:14, 15; 2Вқ 14:11

2 Воқеанома 32:21

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 76:5
  • +4Пш 19:35–37; Иш 37:37, 38

2 Воқеанома 32:23

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 4:21; 2Вқ 17:1, 5

2 Воқеанома 32:24

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 20:1, 2; Иш 38:1, 2
  • +4Пш 20:5, 9; 2Вқ 32:31; Иш 38:8

2 Воқеанома 32:25

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    3.2017, саҳ. 26-27

2 Воқеанома 32:26

Оятҳои иловагӣ

  • +Ир 26:18, 19
  • +4Пш 20:19

2 Воқеанома 32:27

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 1:11, 12; 17:1, 5

2 Воқеанома 32:28

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 9:17–19

2 Воқеанома 32:30

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 1:33, 45
  • +2Вқ 32:4
  • +2Пш 5:9

2 Воқеанома 32:31

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 20:8–11; Иш 38:8
  • +4Пш 20:12; Иш 39:1
  • +1Мс 22:1
  • +5Мс 8:2; Зб 7:9; 139:23

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    3.2017, саҳ. 26

2 Воқеанома 32:32

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 31:20, 21
  • +Иш 1:1
  • +4Пш 20:20

2 Воқеанома 32:33

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 11:43

Асосӣ

2 Воқ. 32:12Вқ 31:20
2 Воқ. 32:14Пш 18:7, 13; Иш 36:1
2 Воқ. 32:34Пш 20:20
2 Воқ. 32:52Пш 5:9; 3Пш 9:24; 11:27; 4Пш 12:20
2 Воқ. 32:74Пш 19:6
2 Воқ. 32:75Мс 31:6, 8; Юш 1:6, 9; 4Пш 6:16, 17; 2Вқ 20:15
2 Воқ. 32:84Мс 14:9; 5Мс 20:1, 4; Юш 10:42; Ир 17:5
2 Воқ. 32:82Вқ 20:20
2 Воқ. 32:9Иш 37:8
2 Воқ. 32:94Пш 18:17; Иш 36:2
2 Воқ. 32:104Пш 18:19; Иш 36:4
2 Воқ. 32:114Пш 18:29, 30; 19:10
2 Воқ. 32:124Пш 18:1, 4
2 Воқ. 32:122Вқ 31:1
2 Воқ. 32:124Пш 18:22; Иш 36:7
2 Воқ. 32:134Пш 15:29; 17:5; Иш 37:12
2 Воқ. 32:134Пш 18:33, 34; 19:17, 18
2 Воқ. 32:142Мс 14:3; 15:9
2 Воқ. 32:154Пш 18:29
2 Воқ. 32:152Мс 5:2; 5Мс 32:27; Дн 3:14, 15
2 Воқ. 32:174Пш 19:14
2 Воқ. 32:17Иш 37:29
2 Воқ. 32:174Пш 17:6; 19:12
2 Воқ. 32:184Пш 18:26, 28; Иш 36:11, 13
2 Воқ. 32:204Пш 19:2, 20; Иш 37:2
2 Воқ. 32:204Пш 19:14, 15; 2Вқ 14:11
2 Воқ. 32:21Зб 76:5
2 Воқ. 32:214Пш 19:35–37; Иш 37:37, 38
2 Воқ. 32:233Пш 4:21; 2Вқ 17:1, 5
2 Воқ. 32:244Пш 20:1, 2; Иш 38:1, 2
2 Воқ. 32:244Пш 20:5, 9; 2Вқ 32:31; Иш 38:8
2 Воқ. 32:26Ир 26:18, 19
2 Воқ. 32:264Пш 20:19
2 Воқ. 32:272Вқ 1:11, 12; 17:1, 5
2 Воқ. 32:283Пш 9:17–19
2 Воқ. 32:303Пш 1:33, 45
2 Воқ. 32:302Вқ 32:4
2 Воқ. 32:302Пш 5:9
2 Воқ. 32:314Пш 20:8–11; Иш 38:8
2 Воқ. 32:314Пш 20:12; Иш 39:1
2 Воқ. 32:311Мс 22:1
2 Воқ. 32:315Мс 8:2; Зб 7:9; 139:23
2 Воқ. 32:322Вқ 31:20, 21
2 Воқ. 32:32Иш 1:1
2 Воқ. 32:324Пш 20:20
2 Воқ. 32:333Пш 11:43
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
  • 32
  • 33
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
2 Воқеанома 32:1–33

2 Воқеанома

32 Пас аз ҳамаи ин корҳое, ки аз вафодорӣ карда шуданд,+ Санҳериби шоҳи Ошур ба Яҳудо ҳуҷум овард. Ӯ шаҳрҳои ҳисордорро муҳосира намуд, то зада дарояду онҳоро забт кунад.+

2 Вақте Ҳизқиё дид, ки Санҳериб омадаасту бо Ерусалим ҷангиданӣ аст, 3 бо мирону ҷанговаронаш маслиҳат карда, қарор дод, ки чашмаҳои беруни шаҳрро бандад,+ ва онҳо ӯро дастгирӣ намуданд. 4 Мардуми зиёде ҷамъ омаданд ва тамоми чашмаҳо ва рӯдеро, ки дар он замин ҷорӣ буд, баста, гуфтанд: «Чаро подшоҳони Ошур омада, оби фаровон ёбанд?!»

5 Ғайр аз ин, ӯ бо ғайрати зиёд девори вайронаро пурра таъмир кард, дар он бурҷҳо* сохт ва аз берун девори дигаре бардошт. Ӯ инчунин Хокрези*+ Шаҳри Довудро барқарор кард ва аслиҳаву* сипари бисёре сохт. 6 Сипас ӯ сарони лашкарро бар мардум таъйин намуда, онҳоро дар майдони назди дарвозаи шаҳр ҷамъ овард ва дилбардорӣ карда гуфт: 7 «Далеру устувор бошед! Аз шоҳи Ошур ва мардуме, ки бо ӯст, натарсед+ ва ба воҳима наафтед, зеро онҳое, ки бо моянд, аз онҳое, ки бо ӯянд, бисёртаранд.+ 8 Бо ӯ бозуи* одамист, бо мо бошад, Худоямон Яҳува аст. Ӯ ба мо ёрӣ медиҳад ва барои мо меҷангад».+ Мардум суханони Ҳизқиёи шоҳи Яҳудоро шунида қувват гирифт.+

9 Пас аз ин Санҳериби шоҳи Ошур, ки бо қудрату савлати подшоҳиаш дар назди Локиш+ буд, ба Ерусалим, пеши Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо ва тамоми яҳудиёни Ерусалим, ходимонашро фиристода,+ гуфт:

10 «Санҳериби шоҳи Ошур чунин мегӯяд: “Шумо ба чӣ таваккал карда, дар Ерусалим, ки муҳосира шудааст, нишастаед?+ 11 Охир, Ҳизқиё “Худоямон Яҳува моро аз дасти шоҳи Ошур халос мекунад”+ гуфта, шуморо гумроҳ мекунад ва аз гушнагию ташнагӣ куштанӣ аст. 12 Ин ҳамон Ҳизқиёест, ки баландиҳову+ қурбонгоҳҳои+ Худоятонро* барҳам додаасту ба Яҳудову Ерусалим чунин гуфтааст: “Шумо бояд дар пеши як қурбонгоҳ саҷда намоед ва бар он қурбонӣ оварда дуд кунед”.+ 13 Магар намедонед, ки ману бобоёнам бо тамоми халқҳои кишварҳо чӣ кор кардаем?+ Магар худоёни он халқҳо заминашонро аз дасти ман халос карда тавонистанд?+ 14 Кадоме аз худоёни он халқҳо, ки бобоёнам ба нестӣ супурдаанд, халқашро аз дасти ман халос карда тавонист, ки акнун Худои шумо тавонад шуморо аз дасти ман халос кунад?+ 15 Нагузоред, ки Ҳизқиё шуморо фиреб диҳад ва гумроҳ кунад!+ Ба ӯ бовар накунед, чунки худои ягон халқ ё подшоҳӣ мардумашро аз дасти ману бобоёнам халос карда натавонист. Худои шумо ҳам шуморо аз дасти ман халос намекунад!”»+

16 Ходимони Санҳериб Яҳува Худо ва бандааш Ҳизқиёро боз бештар паст заданд. 17 Ӯ инчунин номаҳо+ навишта Яҳува, Худои Исроилро, паст зад+ ва бар зидди ӯ сухан ронда гуфт: «Чи тавре ки худоёни халқҳои кишварҳо онҳоро аз дасти ман халос накарданд,+ Худои Ҳизқиё низ халқашро аз дасти ман халос намекунад». 18 Онҳо ба мардуми Ерусалим, ки дар болои девор буданд, бо овози баланд ба забони яҳудӣ гап мезаданд, то онҳоро ба тарсу ваҳм оварда, шаҳрро забт кунанд.+ 19 Онҳо дар ҳаққи Худои Ерусалим ҳамон тавре гап заданд, ки бар зидди худоёни халқҳои замин гап зада буданд, ҳол он ки он худоён амали дасти инсонанд. 20 Вале Ҳизқиёи подшоҳ ва Ишаъёи пайғамбари+ писари Омӯс дар ин бора пайваста дуо мегуфтанд ва сӯйи осмон фарёд зада мадад мепурсиданд.+

21 Он вақт Яҳува фариштаеро фиристода, ҳамаи ҷанговарони+ пурзӯр, пешвоён ва сарони урдугоҳи шоҳи Ошурро нобуд кард ва ӯ бо сари хам ба замини худ баргашт. Чунин шуд, ки пас аз чанде шоҳ ба хонаи худои худ даромад ва писаронаш ӯро бо дами шамшер куштанд.+ 22 Ҳамин тавр, Яҳува Ҳизқиё ва сокинони Ерусалимро аз дасти Санҳериби шоҳи Ошур ва дигар душманон наҷот дод ва аз ҳар тараф ба онҳо оромӣ бахшид. 23 Бисёриҳо ба Ерусалим омада, ба Яҳува ҳадия ва ба Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо чизҳои қиматбаҳо оварданд.+ Пас аз ин воқеа ӯ дар миёни тамоми халқҳо обрӯманд шуд.

24 Дар он рӯзҳо Ҳизқиё бемор шуд ва дар дами марг буд. Ҳизқиё ба Яҳува дуо гуфт+ ва ӯ ба дуояш ҷавоб гардонду аломате дод.+ 25 Аммо Ҳизқиё ба қадри некие, ки ба вай карда шуд, нарасид ва дили ӯ мағрур гашт, он гоҳ Худо аз ӯ ва аз аҳли Яҳудову Ерусалим ба ғазаб омад. 26 Вале Ҳизқиё аз ҳавобаландии дили худ пушаймон шуда хоксор гашт+ ва сокинони Ерусалим низ чунин карданд, аз ин рӯ Яҳува дар рӯзҳои Ҳизқиё ғазаби худро бар онҳо фурӯ нарехт.+

27 Ҳизқиё сарвату шуҳрати беандоза пайдо кард.+ Ӯ барои нуқра, тилло, сангҳои қиматбаҳо, равғани хушбӯй, сипарҳо ва ҳар чизи пурарзиши худ, 28 маҳсулоти ғалла, шароби нав ва равған анборҳо+ бино кард, ҳамчунин барои ҳар гуна чорпову рамаҳояш оғилҳо сохт. 29 Ғайр аз ин, ӯ шаҳрҳо бино кард ва гову моли зиёдеро соҳиб шуд, зеро Худо ба ӯ дороии бисёре бахшид. 30 Ҳамин Ҳизқиё буд, ки ҷӯйи болоии Ҷайҳунро+ баста,+ обро рост ба тарафи ғарбии Шаҳри Довуд+ равона кард. Ӯ дар ҳар кори худ комёб мегашт. 31 Аммо, вақте ки намояндагони мирони Бобил ба наздаш омада, дар бораи аломате,+ ки дар замин нишон дода шуд,+ пурсиданд, Худо ӯро танҳо гузошт, то бисанҷаду+ ҳар он чиро, ки дар дилаш буд, бидонад.+

32 Воқеаҳои дигари ҳаёти Ҳизқиё ва корҳои пур аз меҳру вафои ӯ+ дар навиштаи рӯъёи пайғамбар Ишаъёи+ писари Омӯс, дар Китоби шоҳони Яҳудо ва Исроил, навишта шудааст.+ 33 Ҳизқиё ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар нишеби теппа, поёнтари қабри писарони Довуд, гӯронданд.+ Аҳли Яҳудову Ерусалим ӯро бо иззату ҳурмат гӯручӯб карданд. Ба ҷойи ӯ писараш Менашше подшоҳ шуд.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан