1 Подшоҳон
31 Фалиштиён бо Исроил ҷангиданд.+ Мардони Исроил аз пеши фалиштиён гурехтанд ва бисёре аз онҳо дар кӯҳи Ҷилбӯа кушта шуданд.+ 2 Фалиштиён аз паси Шоул ва писаронаш сур карда, ба онҳо наздик шуданд ва писарони Шоул+ — Юнотон,+ Абинодоб ва Малкишуаро, куштанд. 3 Бар зидди Шоул ҷангу ҷӯши сахте шуд ва камонварон ӯро дида, ба ӯ тир андохтанд ва сахт захмдор карданд.+ 4 Он гоҳ Шоул ба силоҳбардораш гуфт: «Шамшер кашида, маро бизан, то ки ин бехатнагон+ омада, маро накушанд ва азоб надиҳанд». Аммо силоҳбардораш ба ин ҷуръат накард, зеро сахт тарсид. Аз ин рӯ Шоул шамшерашро гирифта, худро ба он партофт.+ 5 Вақте силоҳбардораш дид, ки Шоул мурдааст,+ ӯ низ худро ба шамшераш партофт ва бо Шоул мурд. 6 Ҳамин тавр Шоул, се писараш, силоҳбардораш ва тамоми одамонаш дар он рӯз мурданд.+ 7 Вақте исроилиёне, ки дар водӣ ва дар минтақаи Урдун сокин буданд, диданд, ки мардони Исроил рӯ ба гурез оварданд ва Шоулу писаронаш мурдаанд, шаҳрҳоро тарк карда, гурехтанд+ ва фалиштиён омада, дар он шаҳрҳо сокин шуданд.
8 Рӯзи дигар, вақте фалиштиён омаданд, то чизу чораи мурдагонро гиранд, ҷасади Шоулу се писарашро дар кӯҳи Ҷилбӯа ёфтанд.+ 9 Онҳо сари Шоулро бурида, либоси ҷангиашро* аз танаш кашиданд ва ба тамоми замини фалиштиён ин хабарро фиристода,+ дар бутхонаҳояшон+ ва дар байни мардум паҳн карданд. 10 Сипас онҳо либоси ҷангии* Шоулро дар хонаи бутҳои Аштора гузошта, ҷасадашро ба девори Байт-Шон+ овехтанд. 11 Вақте сокинони Ёбиш-Ҷилъод+ шуниданд, ки фалиштиён бо Шоул чӣ кор карданд, 12 ҳамаи ҷанговарон хеста, тамоми шаб роҳ рафтанд ва ҷасади Шоулу писаронашро аз девори Байт-Шон гирифтанд ва ба Ёбиш баргашта, ҷасадҳоро сӯзонданд. 13 Сипас онҳо устухонҳоро гирифта,+ дар зери дарахти газ, ки дар Ёбиш+ аст, гӯр карданд ва ҳафт рӯз рӯза доштанд.