Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торӣ. Маскил*. Таронаи Довуд. Вақте зифиён омада, ба Шоул хабар доданд: «Довуд дар миёни мо пинҳон шудааст».+
2 Эй Худо, ба дуоям гӯш андоз,+
Ба суханони даҳонам диққат деҳ,
3 Зеро бегонагон бар зидди ман бармехезанд
Ва бераҳмон қасди ҷонамро доранд.+
Онҳо Худоро писанд намекунанд*.+ (Село)
4 Худо ёри ман аст,+
Яҳува бо мададгорони ман аст.
5 Ӯ бадии бадхоҳонамро бар сарашон бармегардонад.+
Худоё, аз рӯйи вафоят онҳоро нобуд соз.+
6 Бо ҷону дил ба ту қурбонӣ хоҳам овард.+