Ҳизқиёл
4 Эй фарзанди одам, хиште гирифта, пеши худ гузор. Нақши шаҳри Ерусалимро бар он бикаш. 2 Шаҳрро муҳосира намуда,+ дар рӯ ба рӯяш ҳисор ва хокрез* бисоз,+ урду бизан ва гирдогирдаш дабоба* гузор.+ 3 Тобаи оҳанине гирифта, чун девори оҳанине байни худату шаҳр гузор ва рӯятро сӯйи шаҳр гардонда, онро муҳосира кун, бо ин ту нишон медиҳӣ, ки он чӣ тавр муҳосира мешавад. Ин аломате барои хонадони Исроил аст.+
4 Сипас ба паҳлуи чапат хоб кун ва гуноҳи хонадони Исроилро бар худ бардор.+ Чанд рӯзе ки ба паҳлу хоб кунӣ, ҳамон қадар гуноҳҳои онҳоро мебардорӣ. 5 Мувофиқи солҳои гуноҳашон ман бар ту 390 рӯзро таъйин мекунам+ ва ту гуноҳи хонадони Исроилро мебардорӣ. 6 Вақте ин рӯзҳо гузаранд, ба паҳлуи ростат мехобӣ ва гуноҳи хонадони Яҳудоро+ 40 рӯз мебардорӣ. Ман барои ту як рӯзро ба ҷойи як сол, як рӯзро ба ҷойи як сол, таъйин кардаам. 7 Рӯятро сӯйи Ерусалими муҳосирашуда бигардон+ ва остинатро барзада, бар зидди он пешгӯйӣ кун.
8 Ман туро бо танобҳо мебандам ва ту, то даме ки рӯзҳои муҳосираи шаҳрро ба охир нарасонӣ, аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта наметавонӣ.
9 Гандум, ҷав, боқило, наск, арзан ва гандуми ғилофиро гирифта, ба зарфе андоз ва барои худ нон тайёр кун. Дар муддати рӯзҳое, ки якпаҳлу мехобӣ, яъне 390 рӯз, онро бихӯр.+ 10 Ҳар рӯз вазни хӯроки ту бояд 20 сиқл* бошад. Онро дар вақти муайян бихӯр.
11 Обро низ аз рӯйи андоза бинӯш, он бояд шашяк ҳин* бошад. Онро дар вақти муайян бинӯш.
12 Он нонро бояд мисли нони ҷав бихӯрӣ ва дар пеши назари онҳо бар ахлоти одам бипазӣ». 13 Яҳува боз чунин гуфт: «Ҳамин тавр исроилиён дар миёни халқҳое, ки ман онҳоро пароканда мекунам, нони нопоки худро хоҳанд хӯрд».+
14 Ман гуфтам: «Эй Яҳува, Парвардигоро, аз кӯдакӣ то ба ҳол гӯшти ҳайвони ҳароммурда, дарида+ ё гӯшти нопокро ба даҳон нагирифтаам. Ман бо хӯрдани ин чизҳо худро нопок насохтаам».+
15 Он гоҳ ӯ ба ман гуфт: «Майлаш, ман ба ту иҷозат медиҳам, ки ахлоти говро ба ҷойи ахлоти одамизод истифода барӣ ва бар он нонатро пазӣ». 16 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ман захираи нонро* дар Ерусалим нест мекунам.+ Онҳо ҳиссаи нонашонро бо тарсу хавотирӣ баркашида, хоҳанд хӯрд+ ва ҳиссаи обашонро чен карда, бо ваҳму ҳарос хоҳанд нӯшид.+ 17 Он вақт онҳо аз беобию бенонӣ бо даҳшат ба якдигар нигариста, ба сабаби хатояшон аз ҳол мераванд.