Айюб
19 Айюб ҷавоб гардонда гуфт:
2 «То ба кай ҷони маро азоб медиҳед?+
То ба кай бо забонатон маро озор медиҳед?+
4 Агар ман дар ҳақиқат хатое карда бошам,
Гуноҳам бо ман мемонад.
5 Агар худро аз ман боло гирифтан хоҳед
Ва маро сазовори ин шармандагӣ ҳисобед,
6 Пас, бидонед, ки худи Худо маро гумроҳ намудааст,
Ва маро ба тӯри худ гирифтор кардааст.
7 Инак, ман фарёд мезанам: “Зулму ситам!”, лекин касе ҷавоб намедиҳад,+
Фарёд зада кумак металабам, вале адлу инсофе нест.+
8 Роҳамро бо девори сангине бастааст, ба тавре ки гузашта наметавонам,
Ва роҳҳои маро бо торикӣ пӯшидааст.+
9 Маро аз ҷалолам маҳрум кардааст
Ва тоҷи сарамро кашида гирифтааст.
10 Маро аз ҳар тараф шикаст медиҳад ва, то даме ки бимирам, бас намекунад,
Умедамро мисли дарахт решакан мекунад.
11 Ғазаби ӯ бар зидди ман аланга мезанад
Ва маро душмани худ меҳисобад.+
12 Лашкаронаш ҷамъ омада, маро гирд мекунанд,
Хаймаамро иҳота менамоянд.
13 Бародаронамро аз ман дур кардааст,
Ошноҳоям аз ман рӯй гардондаанд.+
15 Меҳмонони хонаам+ ва канизонам маро намешиносанд,
Ман дар назарашон бегона шудаам.
16 Ғуломамро фарёд мекунам, лекин ӯ ҷавоб намедиҳад,
Аз ӯ раҳму шафқат мехоҳам, вале ӯ гӯш намеандозад.
18 Ҳатто писарбачаҳо маро хор мешуморанд,
Вақте аз ҷоям мехезам, маро масхара мекунанд.
19 Ҳама дӯстони ҷониам аз ман безор шудаанд+
Ва онҳое, ки дӯсташон медоштам, бар зидди ман баромадаанд.+
21 Раҳм кунед, эй рафиқонам, ба ман раҳм кунед,
Зеро дасти Худо маро зарба задааст.+
23 Кошки суханонамро менавиштанд,
Онҳоро дар китобе ҷой медоданд!
24 Кошки онҳоро барои ҳамеша дар санге кандакорӣ мекарданд
Ва бо қалами оҳанӣ ва сурб менавиштанд!
26 Пӯстам нест шавад ҳам,
Ҳанӯз дар ҷисм Худоро хоҳам дид.
27 Бале, ман худам ӯро мебинам,
Чашмони худам, на чашмони каси дигаре.+
Тамоми вуҷудам суст шудааст*.
28 Шумо мегӯед: “Чӣ тавр мо туро таъқиб мекунем?”,+
Гӯё решаи бадбахтиҳоям худам бошам.
29 Аз шамшер битарсед,+
Зеро шамшер одамро барои хатоҳояш ҷазо медиҳад.
Шумо бояд бидонед, ки доваре ҳаст».+