Ҳизқиёл
14 Якчанд нафар аз пирони Исроил омада, пеши ман нишастанд.+ 2 Он гоҳ Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 3 «Эй фарзанди одам, инҳо бо тамоми дил бутҳои ҳаромашонро* пайравӣ мекунанд ва дар сари роҳи мардум санги пешпо гузошта, онҳоро ба гуноҳ тела медиҳанд. Наход баъди ҳамаи ин ба пурсиши онҳо ҷавоб диҳам?!+ 4 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Агар исроилие бо тамоми дил бутҳои ҳаромашро пайравӣ кунад ва дар сари роҳи мардум санги пешпо гузошта, онҳоро ба гуноҳ тела диҳад ва пас аз ҳамаи ин омада, пайғамбарро пурсон шавад, ман, Яҳува, шумораи бутҳои ҳаромашро ба назар гирифта ҷавоб медиҳам. 5 Ман ба дили хонадони Исроил даҳшат меандозам, чунки ҳамаи онҳо аз ман дур шуда, аз пайи бутҳои ҳаромашон рафтанд”.+
6 Бинобар ин ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Баргардед, аз бутҳои ҳароми худ рӯй тобед ва ҳамаи корҳои нафратоваратонро партоед.+ 7 Агар ягон исроилӣ ё ғарибе, ки дар Исроил сокин аст, аз ман дур шуда, бо тамоми дил бутҳои ҳаромашро пайравӣ кунад ва дар сари роҳи мардум санги пешпо гузошта, онҳоро ба гуноҳ тела диҳад ва пас аз ҳамаи ин омада, пайғамбари маро пурсон шавад,+ ман, Яҳува, худам ба вай ҷавоб медиҳам. 8 Ман ба ӯ зид баромада, ӯро барои дигарон аломат ва зарбулмасали даҳани мардум мегардонам ва аз миёни халқам решакан месозам.+ Он гоҳ мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.
9 Агар пайғамбар фиреб хӯрда, ҷавобе диҳад, бидонед, ки ман, Яҳува, ӯро фиреб додаам.+ Он гоҳ ман ба ӯ даст бардошта, вайро аз миёни халқам Исроил нест мекунам. 10 Онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт: ҳам пурсандаю ҳам пайғамбар гунаҳкор дониста мешаванд, 11 то хонадони Исроил дигар аз ман дур нашаваду худро бо гуноҳҳояш олуда насозад. Он гоҳ онҳо халқи ман мешаванду ман Худои онҳо”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
12 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 13 «Эй фарзанди одам, агар замине бевафоӣ карда бар зидди ман гуноҳ кунад, ман бар он даст бардошта, озуқаашро* нобуд месозам.+ Ман бар замин гушнагӣ фиристода,+ одаму ҳайвонро аз он нест мекунам.+ 14 Он вақт, ҳатто агар ин се нафар: Нӯҳ,+ Дониёл+ ва Айюб,+ дар он замин бошанд, бо росткорияшон танҳо ҷони худро халос мекунанд,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
15 Ё, агар ман ба он замин даррандагонро бифиристаму онҳо сокинонашро бихӯранд ва онро харобазоре гардонанд, ки касе аз тарси даррандагонаш аз он нагузарад,+ 16 ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ҳатто агар ин се нафар дар он замин бошанд, писару духтари худро наҷот намедиҳанд. Онҳо танҳо ҷони худро халос мекунанд, он замин бошад, харобаи бекас мешавад.
17 Ё, агар ман бар он замин шамшер фиристода,+ бигӯям, ки “Шамшер аз он замин бигзарад”, ва он ҳам одаму ҳам ҳайвонро нобуд созад,+ 18 ҳатто агар ин се нафар дар он замин бошанд, ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— онҳо писару духтари худро наҷот намедиҳанд, балки танҳо ҷони худро халос мекунанд.
19 Ё, агар ман бар он замин вабо бифиристам+ ва хашмамро бар он фурӯ резаму хун рехта, одаму ҳайвонро дар он нобуд созам, 20 ҳатто агар Нӯҳ,+ Дониёл+ ва Айюб+ дар он замин бошанд, ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— писару духтари худро наҷот намедиҳанд. Онҳо бо росткорияшон танҳо ҷони худро халос мекунанд”.+
21 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Пас, вақте ман ин чор ҷазо:+ шамшер, гушнагӣ ва даррандагону ваборо,+ бар Ерусалим бифиристаму одаму ҳайвонро аз он нест кунам,+ ҳолаш аз ин ҳам бадтар мешавад. 22 Вале дар он бақияе, ҳам писарону ҳам духтарон, зинда мемонад ва берун меояд.+ Онҳо сӯйи ту меоянд ва ту роҳу рафторашонро дида аз балое, ки бар сари Ерусалим овардам, ва, ҳар коре бо он кардам, ором мешавӣ.
23 Вақте роҳу рафтори онҳоро бубинӣ, ором мешавӣ ва мефаҳмӣ, ки, ҳар чӣ бо он кардам, беҳуда набуд”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».