Забур
74 Худоё, чаро ба таври ҳамешагӣ аз мо рӯй гардондӣ?+
Чаро ғазабат бар рамаи чарогоҳат аланга мезанад?+
Кӯҳи Сионро, ки бар он сокин ҳастӣ, ба ёд ор.+
3 Сӯйи харобаҳои абадӣ қадам зан.+
Душман ҳама чизро дар ҷойи муқаддас нобуд кардааст.+
4 Душманонат дар миёни ҷамъомадгоҳи ту наъра заданд.+
Дар он ҷо байрақҳои худро гузоштанд.
5 Онҳо монанди касоне буданд, ки ба ҷангали сердарахт табар мебардоранд.
6 Онҳо тамоми кандакориҳои ҷамъомадгоҳро бо табару ходаҳои оҳанӣ мешикананд.+
7 Муқаддасгоҳи туро оташ заданд,+
Хаймаи муқаддасатро, ки номи ту бар он аст, беҳурмат сохтанд ва ба хок яксон карданд.
8 Онҳо ва наслашон дар дили худ гуфтаанд:
«Тамоми ҷамъомадгоҳҳои Худо дар рӯйи замин бояд сӯзонида шаванд».
9 Аломате нест, ки бубинем,
Пайғамбаре нест
Ва касе аз мо намедонад, ки ин чӣ қадар давом хоҳад ёфт.
10 Худоё, то ба кай мухолифон моро таъна мезананд?+
Наход душман абадан номатро беҳурмат созад?+
11 Чаро дастатро, дасти ростатро, бозмедорӣ?+
Онро бардор ва душманонро сарнагун соз.
12 Худо аз замони пеш Подшоҳи ман аст,
Ӯ дар замин корҳои наҷотбахш ба амал меорад.+
13 Ту бо қудратат баҳрро хурӯшондӣ,+
Сари бузургҷуссагони баҳриро пора-пора кардӣ.
14 Каллаҳои тимсоҳро* шикастӣ,
Онро ба мардум, ба сокинони биёбон, додӣ, то бихӯранд.
15 Ту барои чашмаҳову ҷӯйҳо роҳ кушодӣ.+
Дарёҳоеро, ки ҳамеша ҷорӣ буданд, хушк кардӣ.+
16 Рӯз аз они туст, шаб ҳам аз они туст.
Ту рӯшноӣ ва офтобро офаридаӣ.+
18 Эй Яҳува, таънаҳои душманро ба хотир ор,
Ба ёд ор, ки чӣ тавр халқи бефаҳм номатро беҳурмат месозад.+
19 Ҷони мусичаи худро ба дасти ҷонварони ваҳшӣ насупор.
Ҳаёти халқи ситамкашатро ба таври абадӣ фаромӯш насоз.
20 Аҳди худро ба хотир ор,
Зеро гӯшаҳои тираву тори замин хонаи ситам шудаанд.
21 Худоё, ғамзадаро аз даргоҳат ноумед барнагардон.+
Бигзор ҷабрдидаву бечора номи туро ҳамду сано хонад.+
22 Худоё, бархез ва доди худро биситон.
Ба хотир ор, ки чӣ тавр аҳмақ тамоми рӯз туро бадгӯйӣ мекунад.+
23 Фаромӯш насоз, ки душманонат чӣ мегӯянд.
Ғавғои касоне, ки зидди туянд, пайваста боло мебарояд.