Дониёл
3 Подшоҳ Набукаднесар ҳайкали тиллоие сохт, ки баландияш 60 газ* ва бараш 6 газ* буд. Ӯ онро дар водии Дуро, дар вилояти Бобил, барпо намуд. 2 Сипас подшоҳ Набукаднесар фармуд, то шаҳрбонон*, нозирон, ҳокимон, маслиҳатгарон, хазинадорон, доварон, қозиён ва тамоми сардорони вилоятҳо ба маросими боз кардани ҳайкале, ки подшоҳ Набукаднесар барпо карда буд, биёянд.
3 Шаҳрбонон, нозирон, ҳокимон, маслиҳатгарон, хазинадорон, доварон, қозиён ва тамоми сардорони вилоятҳо ба маросиме, ки подшоҳ Набукаднесар барпо кард, ҷамъ омада, дар рӯ ба рӯйи ҳайкал истоданд. 4 Ҷорчӣ* бо овози баланд эълон кард: «Ба шумо, эй одамони ҳар гуна халқҳо, миллатҳо ва забонҳо, чунин фармуда мешавад: 5 вақте садои шох, най, чилтор, чанг, соз, найанбон ва дигар созҳои мусиқиро шунавед, рӯ ба замин афтода, ба ҳайкали тиллоие, ки подшоҳ Набукаднесар барпо кардааст, саҷда намоед. 6 Ҳар касе, ки рӯ ба замин ниҳода саҷда накунад, дарҳол ба оташдони фурӯзону тафсон партофта мешавад».+ 7 Вақте овози шох, най, чилтор, чанг, соз ва дигар созҳои мусиқӣ садо дод, тамоми халқҳо, миллатҳо ва забонҳо рӯ ба замин афтода, ба ҳайкали тиллоие, ки подшоҳ Набукаднесар барпо карда буд, саҷда намуданд.
8 Он вақт баъзе аз калдониён омада, яҳудиёнро айбдор намуданд. 9 Онҳо ба подшоҳ Набукаднесар гуфтанд: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! 10 Ту, эй подшоҳ, фармон додӣ, ки ҳар касе садои шох, най, чилтор, чанг, соз, найанбон ва дигар созҳои мусиқиро бишнавад, бояд рӯ ба замин афтода, ба ҳайкали тиллоӣ саҷда кунад 11 ва ҳар кӣ ба замин афтода, саҷда накунад, ба оташдони фурӯзону тафсон партофта шавад.+ 12 Аммо баъзе яҳудиёне, ки ту бар вилояти Бобил таъйин намудӣ, яъне Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу,+ туро, эй подшоҳ, писанд намекунанд. Онҳо худоёни туро парастиш намекунанд ва намехоҳанд ба ҳайкали тиллоие, ки ту барпо намудаӣ, саҷда баранд».
13 Он гоҳ Набукаднесар ба хашму ғазаб омада, фармон дод, то Шадрак, Мешак ва Абдунаҷуро биёранд. Вақте онҳоро назди подшоҳ оварданд, 14 Набукаднесар ба онҳо гуфт: «Эй Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу, оё рост аст, ки шумо худоёни маро намепарастед+ ва ба ҳайкали тиллоие, ки барпо намудаам, саҷда кардан намехоҳед? 15 Ҳоло бошад, агар баробари шунидани садои шох, най, чилтор, чанг, соз, найанбон ва дигар созҳои мусиқӣ рӯ ба замин афтода, саҷда кунед, хуб. Вале, агар саҷда накунед, шумо ҳамон дам ба оташдони фурӯзону тафсон партофта мешавед. Он гоҳ кадом худо шуморо аз дасти ман халос карда метавонад?»+
16 Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу ба подшоҳ чунин ҷавоб доданд: «Эй подшоҳ Набукаднесар! Моро ҳоҷат нест, ки дар ин бора ба ту ҷавоб диҳем. 17 Агар кор то ба ин дараҷа расад, Худои мо, ки ӯро мепарастем, метавонад моро аз оташдони фурӯзону тафсон наҷот диҳад ва аз дасти ту низ, эй подшоҳ, халос кунад.+ 18 Ҳатто агар ин тавр накунад, ба ту маълум бод, эй подшоҳ, ки мо худоёни туро намепарастем ва ба ҳайкали тиллоие, ки ту барпо намудаӣ, саҷда намекунем».+
19 Он гоҳ Набукаднесар чунон бар Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу дарғазаб шуд, ки рангу рӯяш дигаргун гашт* ва фармуд*, то оташдонро аз ҳарвақта дида ҳафт баробар бештар тафсонанд. 20 Ӯ ба чанд нафар мардони пурзӯри лашкари худ фармон дод, то Шадрак, Мешак ва Абдунаҷуро баста, ба оташдони фурӯзону тафсон партоянд.
21 Онҳоро, дар ҳолате ки ҷомаҳо, куртаҳо, кулоҳҳо ва дигар либосашон дар танашон буд, бандубаст карданд ва ба оташдони фурӯзону тафсон партофтанд. 22 Азбаски подшоҳ чунин фармони сахт дода буд ва оташдон чанд карат зиёд тафсонда шуда буд, касоне, ки Шадрак, Мешак ва Абдунаҷуро гирифта оварданд, аз алангаи оташ мурданд. 23 Вале ин се нафар, Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу, дар ҳолате ки бандубаст шуда буданд, ба оташдони фурӯзону тафсон афтиданд.
24 Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар ба ҳарос омада, саросемавор аз ҷояш хест ва ба амалдорони худ гуфт: «Магар мо се нафарро бандубаст карда, ба оташ напартофта будем?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Бале, эй подшоҳ». 25 Ӯ гуфт: «Охир, ман чор мардро мебинам, ки дар миёни оташ бемалол гардиш мекунанд ва ба онҳо зараре нарасидааст. Чорумашон бошад, мисли писари худоён аст».
26 Набукаднесар ба даҳани оташдони тафсон наздик шуда, гуфт: «Эй Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу, бандагони Худои Таоло,+ ин ҷо бароед!» Он гоҳ Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу аз миёни оташ берун омаданд. 27 Шаҳрбонон, нозирон, ҳокимон ва амалдорони подшоҳ, ки дар он ҷо ҷамъ шуда буданд,+ диданд, ки оташ бар бадани онҳо асаре накардааст,+ ҳатто як тори мӯяшон насӯхтааст, ҷомаҳояшон мисли пештара аст ва онҳо ҳатто бӯйи дуд намекунанд.
28 Он гоҳ Набукаднесар хитоб намуда, гуфт: «Чӣ бузург аст Худои Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу,+ ки фариштаи худро фиристод ва бандагонашро наҷот дод! Онҳо ба ӯ такя карданд ва ба амри подшоҳ зид баромаданд ва тайёр буданд бимиранду худои дигареро ғайр аз Худои худ парастиш накунанд.+ 29 Аз ин рӯ ман амр мефармоям, ки, агар касе аз ягон халқ, миллат ва ё забон бар зидди Худои Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу, чизе бигӯяд, пора-пора карда шавад ва хонаашро ба ҳоҷатхонаи мардум* табдил диҳанд, зеро ҳеҷ худое нест, ки мисли ӯ наҷот диҳад».+
30 Пас аз ин подшоҳ Шадрак, Мешак ва Абдунаҷуро дар вилояти Бобил бузург гардонд.+