Ирмиё
39 Дар соли нуҳуми подшоҳии Сидқиёҳу, подшоҳи Яҳудо, дар моҳи даҳум, подшоҳи Бобил, Набукаднесар, бо тамоми лашкараш назди Ерусалим омад ва онро муҳосира кард.+
2 Дар соли 11-уми подшоҳии Сидқиёҳу, дар моҳи чорум, дар рӯзи нуҳуми моҳ, онҳо девори шаҳрро рахна карданд.+ 3 Тамоми мирони подшоҳи Бобил, аз ҷумла Нерҷал-Саръэсер Самҷар, Небу-Сарсекими рабсорис* ва Нерҷал-Саръэсери рабмаг*, ба шаҳр даромада, назди дарвозаи Миёна нишастанд.+
4 Вақте ки Сидқиёҳуи подшоҳи Яҳудо ва тамоми лашкараш онҳоро диданд, рӯ ба гурез ниҳоданд.+ Онҳо шабона аз роҳи боғи подшоҳ аз дарвозае, ки дар байни ду девор буд, аз шаҳр баромада, сӯйи Аробо равона шуданд.+ 5 Аммо лашкари калдониён аз пушташон сур карда, дар даштҳои Ериҳӯ ба шоҳ Сидқиёҳу расида гирифтанд.+ Онҳо ӯро қапида, ба назди подшоҳи Бобил, Набукаднесар, ба Рибло,+ ки дар замини Ҳамот+ буд, оварданд, то шоҳ ӯро ҳукм кунад. 6 Подшоҳи Бобил писарони Сидқиёҳуро дар Рибло дар пеши чашмонаш кушт ва тамоми калоншавандагони Яҳудоро ба қатл расонд.+ 7 Сипас ӯ чашмони Сидқиёҳуро кӯр кард ва ӯро завлонаи мисин зад, то ба Бобил барад.+
8 Калдониён хонаи подшоҳ ва хонаҳои мардумро оташ заданд+ ва деворҳои Ерусалимро вайрон карданд.+ 9 Сардори посбонон, Набузаръадон,+ мардуми боқимондаи шаҳрро, гурезагонеро, ки ба тарафи ӯ гузашта буданд, ва ҳар каси боқимондаро ба Бобил ба асирӣ бурд.
10 Аммо сардори посбонон, Набузаръадон, аз миёни мардум онҳоеро, ки хеле камбағал буданду дар бисоташон чизе надоштанд, дар Яҳудо монд. Он рӯз ӯ ба онҳо токзорҳо ва киштзорҳо дод, то ки дар он кор кунанд*.+
11 Подшоҳи Бобил, Набукаднесар, ба сардори посбонон, Набузаръадон, дар ҳаққи Ирмиё чунин фармон дод: 12 «Ӯро гирифта, нигоҳбонӣ намо, ба вай зараре нарасон ва ҳар чизе, ки аз ту пурсад, ба ӯ бидеҳ».+
13 Он гоҳ Набузаръадони сардори посбонон, Набушазбони рабсорис*, Нерҷал-Саръэсери рабмаг* ва тамоми мардони соҳибмартабаи подшоҳи Бобил кас фиристоданд 14 ва Ирмиёро аз Саҳни Посгоҳ гирифта,+ ба дасти Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқоми+ писари Шофон+ доданд, то ки ӯро ба хонаи худ барад. Ҳамин тавр, Ирмиё дар байни халқ зиндагӣ кардан гирифт.
15 Вақте ки Ирмиё дар зиндони Саҳни Посгоҳ буд,+ аз тарафи Яҳува ба ӯ чунин паём омад: 16 «Рафта, ба Абдумалики+ ҳабашӣ бигӯ: “Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман суханонамро иҷро карда, ба ин шаҳр на некӣ, балки бадӣ мекунам ва ту инро бо чашмонат хоҳӣ дид.
17 Аммо туро дар он рӯз халос мекунам,— мегӯяд Яҳува,— ва ту ба дасти касоне, ки аз онҳо метарсӣ, намеафтӣ.
18 Ман туро халосӣ мебахшам ва ту аз шамшер кушта намешавӣ. Ҷонат чун ғанимат ба ту дода мешавад*,+ зеро ту ба ман такя кардӣ”,+— мегӯяд Яҳува».