Айюб
13 Бале, ҳамаи инро чашми ман дидааст
Ва гӯши ман шунида, ба он сарфаҳм рафтааст.
2 Чизеро, ки шумо медонед, ман ҳам медонам
Ва аз шумо кам нестам.
4 Лекин шумо номи маро бо дурӯғҳоятон олуда месозед,
Ҳамаатон табибони ношудед.+
5 Кошки хапу дам мемондед,
Ин бароятон хирад ҳисоб меёфт.+
6 Илтимос, далелҳои маро шунавед
Ва ба илтиҷои лабҳоям гӯш андозед.
7 Оё ба хотири Худо беинсофона сухан меронед
Ва аз баҳри ӯ дурӯғ мегӯед?
8 Оё тарафи ӯро мегиред*?
Оё дар мурофиа Худоро тарафгирӣ мекунед?
9 Агар ӯ шуморо бисанҷад, шумо аз тафтиш мегузаред?+
Оё ӯро чун одами хокӣ фиреб медиҳед?
11 Магар аз бузургии ӯ ба ҳарос нахоҳед омад
Ва ваҳми ӯ шуморо фаро нахоҳад гирифт?
12 Суханони хирадмандонаатон мисли хокистар ҳеҷанд,
Далелҳоятон* мисли сипарҳои гилин сустанд.
13 Дар наздам хомӯш монед, то ман гап занам.
Ана баъд ҳар чӣ бар сарам ояд, ояд!
14 Барои чӣ ҳаётамро зери хатар гузорам*
Ва чаро ҷонамро ба каф гирам?
15 Ҳатто агар ӯ маро бикушад, интизор мешавам+
Ва дар пешаш исбот мекунам, ки бо роҳи рост рафтаам.
17 Ба суханонам бодиққат гӯш диҳед
Ва ҳарфҳои маро бишнавед.
18 Инак, даъвои худро тайёр кардаам
Ва медонам, ки ҳақ бар ҷониби ман аст.
19 Пас, кӣ бо ман баҳс мекунад?
Агар хомӯш бимонам, мемирам!*
20 Худоё, фақат ду хоҳишамро иҷро кун,
То худро аз ту пинҳон насозам:
21 Дасти пурзӯри худро аз ман дур кун,
Нагузор, ки тарси ту маро ба даҳшат орад.+
22 Ё маро бихону ман ҷавоб диҳам
Ё бимон, ки гап занаму ту ҷавоб деҳ.
23 Хатою гуноҳҳоям чист?
Айбу ҷиноятамро ба ман маълум соз.
25 Оё ту баргеро, ки шамол мебарад, тарсондан мехоҳӣ?
Ё ба хаси хушк ҳамла меорӣ?
26 Чӣ талханд айбҳое, ки бар зидди ман менависӣ!
Маро барои гуноҳҳои ҷавониям ба ҷавобгарӣ мекашӣ.
27 Ту бар пойҳои ман кунда задаӣ,
Дар ҳар як рафторам айб меҷӯйӣ
Ҳар як қадамамро назорат мекунӣ.