Мико
7 Вой бар ҳоли ман! Охир, мисли касе шудаам, ки
Пас аз ғундоштани меваҳои тобистона
Ва чидани хӯшаҳое, ки аз ҳосили ангур мондааст,
На хӯшае меёбад, ки бихӯрад,
Ва на анҷири пешпазаке пайдо мекунад, ки дилаш мекашад.
2 Содиқ аз рӯйи замин нест шудааст,
Дар миёни одамон росткоре нест.+
Ҳамаи онҳо барои хунрезӣ камин мегиранд.+
Ҳар яке бародари худро ба дом меафтонад*.
3 Дастонашон дар бадкорӣ устост.+
Мир пора металабад,
Довар мукофот мехоҳад,+
Мансабдор ҳаваси дилашро мегӯяд+
Ва онҳо бо якдигар ҳамдастанд.
4 Беҳтарини онҳо мисли хорбутта аст,
Боинсофтарини онҳо аз хорбанд бадтар аст.
Рӯзи дидбонони ту ва бозхости ту фаро мерасад.+
Он вақт онҳо ба воҳима меафтанд.+
5 Ба ёрат бовар накун
Ва аз дӯсти ҷоният дилпур набош.+
Ба касе, ки дар бағалат мехобад, ҳар гапро нагӯ,
6 Зеро писар падарро писанд намекунад,
Духтар бар зидди модар+
Ва келин бар зидди хушдоман мебарояд,+
Душмани одам аҳли хонадони ӯст.+
Худои ман маро хоҳад шунид.+
8 Аз ҳоли ман шод нашав, эй душмани ман!
Гарчанд ғалтидаам, бармехезам,
Дар торикӣ бошам ҳам, Яҳува нури ман хоҳад буд.
9 Ман ки бар зидди Яҳува гуноҳ кардаам,+
Хашми ӯро бардошт хоҳам кард,
То даме ки даъвои маро дида барояд ва аз рӯйи инсоф қарор барорад.
Ӯ маро ба равшанӣ мебарорад
Ва ман росткории ӯро хоҳам дид.
10 Душмани ман низ инро хоҳад дид
Ва ӯ, ки “Худоят Яҳува куҷост?”+ мегуфт,
Шармандаву шармсор хоҳад шуд.
Чашмони ман бар ӯ назар хоҳад кард.
Вай мисли лойи кӯчаҳо таги по хоҳад шуд.
11 Он рӯз рӯзи бино кардани деворҳои сангинат хоҳад буд,
Дар он рӯз ҳудуди ту васеътар хоҳад шуд.
12 Дар он рӯз онҳо аз Ошур ва шаҳрҳои Миср,
Аз заминҳои байни Миср ва дарёи бузург*,
Аз заминҳои байни баҳрҳо ва кӯҳҳо сӯйи ту меоянд.+
13 Замин бо айби сокинонаш,
Аз дасти корҳояшон, харобазор мешавад.
Бигзор онҳо чун дар гузашта дар Бошон ва Ҷилъод бичаранд.+
15 «Чун дар рӯзҳое ки аз замини Миср берун омадӣ,
Ба ту муъҷизаҳо нишон медиҳам.+
16 Халқҳо тавоно бошанд ҳам, инро дида шарманда мешаванд.+
Онҳо даст бар даҳон мегузоранд
Ва гӯшҳояшон кар мешавад.
17 Онҳо мисли мор хокро мелесанд,+
Мисли хазандаҳои рӯйи замин ларзида аз паноҳгоҳҳояшон мебароянд.
Онҳо бо тарсу ларз сӯйи Худоямон Яҳува меоянд
Ва аз ту ҳаросон мешаванд».+
Ӯ то абад хашм намегирад,
Чунки аз меҳру вафо кардан шод мешавад.+
19 Ӯ боз ба мо раҳм мекунад,+ бар хатоҳои мо дастболо мешавад.
Ту тамоми гуноҳҳояшонро ба қаъри баҳр мепартоӣ.+
20 Ту, чуноне ки аз давраҳои қадим ба бобоёнамон қасам хӯрда будӣ,
Ба Яъқуб садоқат ва ба Иброҳим меҳру вафо мекунӣ.+