Ирмиё
15 Сипас Яҳува ба ман гуфт: «Ҳатто агар Мӯсо ва Самуил назди ман истода бошанд,+ ба ин халқ раҳм намекунам. Онҳоро аз пеши ман бирон ва бигзор бираванд. 2 Агар онҳо ба ту бигӯянд: “Ба куҷо равем?”, ба онҳо бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд:
Ҳар кӣ ба касалии марговар маҳкум гаштааст — ба касалии марговар!
Ҳар кӣ ба шамшер маҳкум гаштааст — ба шамшер!+
Ҳар кӣ ба гушнагӣ маҳкум гаштааст — ба гушнагӣ!
Ҳар кӣ ба асирӣ маҳкум гаштааст — ба асирӣ!”+
3 Ман бар онҳо чор балоро* таъйин мекунам,+— мегӯяд Яҳува,— шамшерро, то онҳоро бикушад, сагонро, то онҳоро кашола карда баранд, ва парандагони осмону ҷонварони саҳроро, то онҳоро фурӯ баранду нобуд созанд.+ 4 Аз сабаби Менашшеи писари Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, ва рафтори ӯ дар Ерусалим+ ман бо шумо чунон мекунам, ки ҳама мамлакатҳои рӯйи замин ҳоли зоратонро дида ба даҳшат оянд.+
5 Кӣ ба ту дилсӯзӣ хоҳад кард, эй Ерусалим,
Кӣ ба ту ҳамдардӣ баён хоҳад намуд
Ва кӣ наздат даромада, аз аҳволат пурсон хоҳад шуд?
Аз ин рӯ ман дастамро дароз карда, туро нобуд месозам.+
Ман аз дилсӯзӣ кардан ба ту хаста шудаам.
7 Ман онҳоро дар шаҳрҳо* бо панҷшоха бод мекунам.
Онҳоро аз фарзандонашон маҳрум карда,+
Худашонро нобуд месозам,
Зеро халқам аз роҳу рафтори худ барнагашт.+
8 Бевазанҳояшон пеши назарам аз реги лаби баҳрҳо бештар мешаванд.
Ҳангоми нисфирӯзӣ харобгарро сӯяшон мефиристам, сӯйи модарон ва ҷавонмардон.
Онҳоро ногаҳон ба ошӯбу воҳима гирифтор мекунам.
9 Зане, ки ҳафт фарзанд ба дунё овардааст, беҳол гаштааст,
Ӯ базӯр нафас мекашад.
Офтоби умраш бегоҳ нашуда, нишастааст
Ва ӯ* шармандаву расво гаштааст.
Бақияи ками онҳоро бошад,— мегӯяд Яҳува,—
Ман ба дасти шамшери душманонашон медиҳам».+
10 Вой бар ман, эй модарам! Чаро маро ба дунё овардӣ?+
Мардуми тамоми ин замин бо ман ҷангу ҷидол мекунад.
Ман на қарз додаам ва на қарз гирифтаам,
Вале ҳамаи онҳо маро лаънат мехонанд.
11 Яҳува гуфт: «Ман ҳатман ба ту некӣ мекунам,
Вақте фалокат сар занад ва бало биёяд,
Ман туро аз дасти душман ҳатман халос мекунам.
12 Оё касе метавонад оҳанро пора созад,
Оҳани шимол ва мисро майда кунад?
13 Дороиву ганҷи туро* ба тороҷ медиҳам,+
Ҳамаашро бепул медиҳам, зеро гуноҳҳои ту дар саросари заминат бисёр аст.
14 Онҳоро ба душманонат медиҳам,
То ба замине бибаранд, ки ту онро намедонӣ,+
Зеро оташи ғазабам даргирифтааст
Ва бар зидди ту аланга мезанад».+
15 Ту медонӣ, эй Яҳува,
Маро ба ёд ор ва сӯйи ман назар кун.
Қасоси маро аз дунболагиронам бигир.+
Нагузор, ки аз сабаби пурсабрият нобуд шавам.
Бидон, ки ин бори нангро ба хотири ту бардоштаам.+
16 Суханони туро ёфтам ва онҳоро хӯрдам.+
Паёми ту бароям мояи хурсандӣ ва шодии дилам гашт,
Зеро номи ту, эй Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ман аст.
17 Бо ишратгарон наменишинам ва шодӣ намекунам.+
Азбаски дасти ту бар ман аст ва маро аз ғазаб* пур кардаӣ, танҳо нишастаам.+
18 Чаро дардам бедаво ва захмам бедармон аст?
Он ҳеҷ не ки шифо ёбад.
Наход бароям мисли оби фиребанда шавӣ,
Ки ба ту умед баста натавонам?
19 Аз ин рӯ Яҳува чунин мегӯяд:
«Агар баргардӣ, туро барқарор хоҳам кард
Ва ту ба ҳузури ман хоҳӣ истод.
Агар ту чизи арзандаро аз беарзиш ҷудо кунӣ,
Даҳони* ман мешавӣ.
Мардум сӯйи ту хоҳанд баргашт,
Вале ту сӯйи онҳо нахоҳӣ баргашт.
20 Ман туро барои ин мардум девори истеҳкомдори мисин мегардонам.+
Онҳо бо ту ҷанг хоҳанд кард,
Вале дастболо нахоҳанд гашт,+
Зеро ман бо ту ҳастам, то туро наҷот диҳам ва халосӣ бахшам,— мегӯяд Яҳува.—
21 Ман туро аз дасти бадкорон наҷот медиҳам
Ва аз чанголи ситамгарон раҳо месозам*».