1 Воқеанома
24 Авлоди Ҳорун ба гурӯҳҳо тақсим карда шуд. Писарони Ҳорун Нодоб, Абиҳу,+ Элъозор ва Итомор+ буданд. 2 Вале Нодобу Абиҳу пеш аз падарашон мурданд+ ва писаре надоштанд, Элъозору+ Итомор бошанд, коҳин буданд. 3 Довуд ҳамроҳи Содӯқ,+ ки аз авлоди Элъозор буд, ва Аҳималик, ки аз авлоди Итомор буд, фарзандони Ҳорунро мувофиқи вазифаҳояшон ба гурӯҳҳо тақсим кард. 4 Азбаски дар авлоди Элъозор назар ба авлоди Итомор сарварон бисёртар буданд, вақте онҳоро тақсим карданд, аз авлоди Элъозор 16 сарвари хонавода ва аз авлоди Итомор 8 сарвари хонавода буд.
5 Сипас қуръа+ партофта, онҳоро, ҳар ду авлодро, тақсим карданд, зеро ҳам писарони Элъозор ва ҳам писарони Итомор бар ҷойи муқаддас ва дар хизмати Худо сарвар буданд. 6 Як хонавода аз Элъозор интихоб карда мешуду як хонавода — аз Итомор ва Шамаъёҳуи писари Натанъил, ки котиби левизодагон буд, дар пеши шоҳ, мирон, Содӯқи+ коҳин, Аҳималики+ писари Абётор+ ва сарварони хонаводаҳои коҳинону левизодагон номҳои онҳоро навишт.
7 Қуръаи якум ба Еҳуёриб афтид, қуръаи дуюм — ба Ядоё, 8 сеюм — ба Ҳорим, чорум — ба Саӯрим, 9 панҷум — ба Малкиё, шашум — ба Миёмин, 10 ҳафтум — ба Ҳаққӯс, ҳаштум — ба Абиё,+ 11 нуҳум — ба Ешуа, даҳум — ба Шаканё, 12 11-ум — ба Элёшиб, 12-ум — ба Ёқим, 13 13-ум — ба Ҳуффо, 14-ум — ба Ешабъоб, 14 15-ум — ба Билҷо, 16-ум — ба Иммир, 15 17-ум — ба Ҳизир, 18-ум — ба Ҳафиссис, 16 19-ум — ба Фатаҳё, 20-ум — ба Ҳизқиёл, 17 21-ум — ба Ёкин, 22-юм — ба Ҷомул, 18 23-юм — ба Далоё ва 24-ум — ба Маазёҳу.
19 Онҳо аз рӯйи ин тартиб ба хонаи Яҳува омада, хизмати худро мувофиқи дастуре, ки Яҳува, Худои Исроил, ба бобояшон Ҳорун дода буд, ба ҷо меоварданд.+
20 Левизодагони боқимонда инҳо буданд: аз писарони Имрон+ — Шубоил,+ аз писарони Шубоил —Еҳдиёҳу, 21 аз Раҳабёҳу:+ аз писарони Раҳабёҳу — Ишиёи сарвар, 22 аз исҳориён — Шалӯмит,+ аз писарони Шалӯмит — Яҳат, 23 аз писарони Ҳебрӯн — Ериёҳуи+ сарвар, дуюм — Амарё, сеюм — Яҳазиил ва чорум — Еқамъом, 24 аз писарони Узиил — Мико, аз писарони Мико — Шомир, 25 бародари Мико Ишиё буд, аз писарони Ишиё — Закарё.
26 Аз писарони Марорӣ+ Маҳлӣ ва Мушӣ буданд ва аз писарони Яъзиёҳу — Банӯ. 27 Писарони Марорӣ: аз Яъзиёҳу — Банӯ, Шӯҳам, Заккур ва Ибрӣ, 28 аз Маҳлӣ — Элъозор, ки ягон писар надошт,+ 29 аз Қиш: аз писарони Қиш — Ераҳмеил 30 ва аз писарони Мушӣ Маҳлӣ, Эдар ва Еримӯт буданд.
Инҳо буданд писарони Левӣ мувофиқи хонаводаҳояшон. 31 Онҳо низ мисли бародаронаш — писарони Ҳорун, дар пеши шоҳ Довуд, Содӯқ, Аҳималик ва сарварони хонаводаҳои коҳинону левизодагон қуръа+ партофтанд. Хонаводаи бародари калонӣ дар баробари хонаводаи додараш буд.