ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 1 Подшоҳон 9
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 1 Подшоҳон

      • Самуил Шоулро мебинад (1–27)

1 Подшоҳон 9:1

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 14:51; 1Вқ 8:33; Крн 13:21
  • +Дв 21:17

1 Подшоҳон 9:2

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 11:15; 13:13; 15:26; 28:7; 31:4; 2Пш 1:23

1 Подшоҳон 9:5

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 10:2

1 Подшоҳон 9:6

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 3:19

1 Подшоҳон 9:8

Эзоҳҳо

  • *

    Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.

1 Подшоҳон 9:9

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 9:19; 2Пш 15:27; 1Вқ 9:22; 29:29

1 Подшоҳон 9:11

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 9:19

1 Подшоҳон 9:12

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 3:2; 1Вқ 16:39; 2Вқ 1:3
  • +1Пш 7:9; 16:5

1 Подшоҳон 9:16

Эзоҳҳо

  • *

    Тадҳин — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 18:11
  • +1Пш 10:1; 15:1
  • +Зб 106:43, 44; 107:19

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.4.2015, саҳ. 6

1 Подшоҳон 9:17

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 10:24; 15:17; Крн 13:21

1 Подшоҳон 9:19

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «ҳар он чӣ дар дилат ҳаст».

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 9:13, 24

1 Подшоҳон 9:20

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 9:3
  • +1Пш 8:5, 19; 12:13

1 Подшоҳон 9:21

Оятҳои иловагӣ

  • +Дв 20:46, 47

1 Подшоҳон 9:25

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 9:13, 19

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.4.2015, саҳ. 6

1 Подшоҳон 9:27

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 9:3, 10

Асосӣ

1 Подш. 9:11Пш 14:51; 1Вқ 8:33; Крн 13:21
1 Подш. 9:1Дв 21:17
1 Подш. 9:21Пш 11:15; 13:13; 15:26; 28:7; 31:4; 2Пш 1:23
1 Подш. 9:51Пш 10:2
1 Подш. 9:61Пш 3:19
1 Подш. 9:91Пш 9:19; 2Пш 15:27; 1Вқ 9:22; 29:29
1 Подш. 9:111Пш 9:19
1 Подш. 9:123Пш 3:2; 1Вқ 16:39; 2Вқ 1:3
1 Подш. 9:121Пш 7:9; 16:5
1 Подш. 9:16Юш 18:11
1 Подш. 9:161Пш 10:1; 15:1
1 Подш. 9:16Зб 106:43, 44; 107:19
1 Подш. 9:171Пш 10:24; 15:17; Крн 13:21
1 Подш. 9:191Пш 9:13, 24
1 Подш. 9:201Пш 9:3
1 Подш. 9:201Пш 8:5, 19; 12:13
1 Подш. 9:21Дв 20:46, 47
1 Подш. 9:251Пш 9:13, 19
1 Подш. 9:271Пш 9:3, 10
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
1 Подшоҳон 9:1–27

1 Подшоҳон

9 Дар Бинёмин Қиш+ ном марде мезист. Ин марди бинёминӣ+ писари Абиили писари Сарури писари Бакурати писари Афиҳа буда, марди хеле сарватманд буд. 2 Ӯ Шоул+ ном писари ҷавон ва зебое дошт. Шоул дар байни исроилиён аз ҳама зеботар ва як сару гардан баландтар буд.

3 Рӯзе харони Қиш, падари Шоул, гум шуданд ва ӯ ба писараш Шоул гуфт: «Илтимос, яке аз хизматгоронро бо худ гирифта, ба кофтукови харон бирав». 4 Онҳо кӯҳистони Эфроим ва замини Шолишоро гаштанд, аммо харонро наёфтанд. Ҳамчунин онҳо замини Шаалимро гаштанд, аммо дар он ҷо низ харон ёфт нашуданд. Онҳо тамоми замини бинёминиёнро тай карданд, вале харонро наёфтанд.

5 Вақте ки онҳо ба замини Суф омаданд, Шоул ба хизматгоре, ки ҳамроҳаш буд, чунин гуфт: «Биё баргардем, мабодо падарам харонро монда, барои мо хавотир шавад».+ 6 Аммо хизматгор ба ӯ гуфт: «Дар ин шаҳр марди Худо, марди хеле баобрӯе, ҳаст. Ҳар чизе ӯ гӯяд, ҳатман ба амал меояд.+ Биё ба наздаш равем, шояд, вай ба мо бигӯяд, ки бо кадом роҳ равем». 7 Шоул ба хизматгораш гуфт: «Агар равем, ба он мард чӣ мебарем? Охир, дар халтаҳоямон нон нест ва мо чизе надорем, ки ба марди Худо дастовез барем. Мо ба ӯ чӣ медиҳем?» 8 Хизматгор ба Шоул гуфт: «Ман дар даст чоряк сиқл* нуқра дорам. Онро ба марди Худо медиҳам ва ӯ ба мо мегӯяд, ки бо кадом роҳ равем». 9 (Дар замонҳои пеш, вақте дар Исроил касе барои пурсидани Худо мерафт, чунин мегуфт: «Биёед назди ғайбдон равем»,+ зеро пайғамбари имрӯзаро дар замонҳои қадим ғайбдон мегуфтанд.) 10 Шоул ба хизматгор гуфт: «Гапат маъқул. Биё рафтем». Он гоҳ онҳо сӯйи шаҳре, ки марди Худо дар он буд, равона шуданд.

11 Вақте онҳо сӯйи шаҳр мебаромаданд, духтаронеро диданд, ки барои об кашидан берун меомаданд, ва аз онҳо пурсиданд: «Ғайбдон+ дар ин ҷост?» 12 Духтарон гуфтанд: «Ҳа, дар ин ҷо, пешопеши туст. Зудтар бирав. Ӯ имрӯз ба шаҳр омад, зеро халқ имрӯз бар баландӣ+ қурбонӣ оварданист.+ 13 Ҳамин ки ба шаҳр даромадед, ӯро меёбед. Шитоб кунед, то, пеш аз он ки сӯйи баландӣ рафта, хӯрок бихӯрад, ӯро дарёб кунед. Мардум то омадани ӯ хӯрок намехӯрад, зеро ӯ бояд барои қурбонӣ шукргузорӣ кунад. Пас аз ин даъватшудагон хӯрок мехӯранд. Пас, рост ба он ҷо равед ва ӯро меёбед». 14 Онҳо сӯйи шаҳр баромаданд. Вақте онҳо ба мобайни шаҳр мерасиданд, Самуил ба пешвозашон баромад, то ки ҳамроҳашон ба баландӣ барояд.

15 Як рӯз пеш аз он ки Шоул биёяд, Яҳува ба Самуил гуфт: 16 «Пагоҳ, тақрибан ҳамин вақт, ман мардеро аз замини Бинёмин+ ба назди ту мефиристам. Ӯро тадҳин кун*, то ки пешвои халқи ман, Исроил, гардад+ ва ӯ халқи маро аз дасти фалиштиён халос мекунад, зеро ман азоби халқи худро дидам ва фиғони онҳоро шунидам».+ 17 Вақте Самуил Шоулро дид, Яҳува ба ӯ гуфт: «Ин аст он марде, ки дар борааш гуфта будам: “Ӯ халқи маро идора мекунад”».+

18 Шоул ба назди дарвоза, ба пеши Самуил, омада, гуфт: «Илтимос, бигӯ, ки хонаи ғайбдон куҷост». 19 Самуил ба Шоул ҷавоб дод: «Ғайбдон манам. Пешопеши ман ба баландӣ баро ва имрӯз бо ман хӯрок хӯред.+ Саҳарӣ ман туро равона мекунам ва ҳар чӣ донистан хоҳӣ*, ба ту мегӯям. 20 Дар бораи хароне, ки се рӯз пеш гум шуданд,+ хавотир нашав, зеро онҳоро ёфтанд. Охир, тамоми нозу неъмати Исроил аз они кист? Магар аз ту ва аз хонадони падарат нест?»+ 21 Он гоҳ Шоул гуфт: «Ман аз қабилаи хурдтарини Исроил — аз Бинёмин, ҳастам+ ва хонадонам дар қабилаи Бинёмин аз ҳама назарногир аст. Пас, барои чӣ ба ман чунин мегӯӣ?»

22 Самуил Шоул ва хизматгорашро гирифта, ба ошхона овард ва онҳоро аз ҳамаи даъватшудагон, ки тақрибан 30 нафар буданд, болотар шинонд. 23 Самуил ба ошпаз гуфт: «Ҳиссаеро, ки ба ту додам, ва “онро як сӯ гирифта мон” гуфтам, биёр». 24 Ошпаз рон ва чизеро, ки бар он буд, бардошта, пеши Шоул гузошт. Самуил гуфт: «Чизе, ки як сӯ монда буданд, дар пеши ту гузошта шуд. Ман ба онҳо гуфта будам, ки меҳмон таклиф кардам. Пас, бихӯр, чунки он барои ҳамин вақт барои ту нигоҳ дошта шуд». Шоул он рӯз бо Самуил хӯрок хӯрд. 25 Пас аз ин онҳо аз баландӣ ба шаҳр фаромаданд+ ва Самуил бо Шоул дар болои бом суҳбатро давом дод. 26 Онҳо саҳари барвақт бархостанд ва Самуил баробари дамидани субҳ Шоулро, ки бар болои бом буд, фарёд карда гуфт: «Тайёр шав, то ман туро бифиристам». Шоул тайёр шуд ва ҳамроҳи Самуил баромад. 27 Вақте онҳо фаромада, ба канори шаҳр наздик мешуданд, Самуил ба Шоул гуфт: «Ба хизматгор+ бигӯ, ки аз мо пеш равад». Вақте ӯ пеш гузашт, Самуил гапашро давом дода гуфт: «Ту бошӣ, ин ҷо ист, то ман каломи Худоро ба ту бирасонам».

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан