Ирмиё
13 Яҳува ба ман чунин гуфт: «Бирав ва барои худ камарбанди катонӣ бихар ва онро ба миён бибанд, вале бохабар бош, ки онро дар об тар накунӣ». 2 Ман мувофиқи сухани Яҳува амал намуда, камарбандро харидаму ба миёнам бастам. 3 Ба ман дуюмбора аз Яҳува чунин паёме омад: 4 «Камарбандеро, ки харида, ба миёнат бастаӣ, бигиру назди Фурот бирав ва онро дар сӯрохии кӯҳпорае пинҳон кун». 5 Ман рафта, ҳамон тавре ки Яҳува фармуд, онро назди Фурот пинҳон кардам.
6 Баъд аз рӯзҳои зиёд Яҳува ба ман гуфт: «Бархезу назди Фурот бирав ва камарбандеро, ки мувофиқи амри ман дар он ҷо пинҳон намудӣ, бигир». 7 Ман назди Фурот рафта, камарбандро аз ҷойи пинҳонкардаам кофта баровардам ва дидам, ки он лах-лах ва бекораву ношоям шудааст.
8 Сипас аз ҷониби Яҳува ба ман чунин паёме омад: 9 «Яҳува чунин мегӯяд: “Ба ҳамин монанд, ман ғурури Яҳудо ва ҳавобаландии Ерусалимро нобуд месозам.+ 10 Ин мардуми бадкор, ки ба суханони ман гӯш намедиҳанд,+ якравона аз пайи дили худ мераванд,+ худоёни дигарро пайравӣ намуда, онҳоро парастиш мекунанду ба онҳо саҷда мебаранд, мисли ҳамин камарбанд бекораву ношоям мешаванд”. 11 Яҳува мегӯяд: “Чи тавре ки камарбанд бар миёни кас маҳкам мечаспад, ман тамоми хонадони Исроил ва тамоми хонадони Яҳудоро ба худ хеле наздик кардам, то онҳо халқи ман,+ номбардори ман,+ ситоишгари ман ва як чизи зебое шаванд, вале онҳо гӯш надоданд”.+
12 Ба онҳо боз ин паёмро бирасон: “Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ҳар кӯзаи калонро пури шароб кунед”. Онҳо ба ту ҷавоб медиҳанд: “Магар мо намедонем, ки ҳар кӯзаи калонро аз шароб пур кардан даркор аст?” 13 Сипас ба онҳо бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Инак, ман ҳама сокинони ин заминро, подшоҳонеро, ки бар тахти Довуд нишастаанд, коҳинону пайғамбарон ва ҳама мардуми Ерусалимро масти шароб мегардонам.+ 14 Ман онҳоро бар якдигар мезанам, ҳам писарон ва ҳам падаронро,— мегӯяд Яҳува.+— Ман ба онҳо заррае раҳму шафқат намекунам ва ҳеҷ чиз маро аз нобуд карданашон боз нахоҳад дошт”.+
15 Гӯш андозед ва диққат кунед.
Мағрур нашавед, зеро Яҳува сухан гуфтааст.
16 Худоятон Яҳуваро ҷалол диҳед,
Пеш аз он ки ӯ торикиро биёрад
Ва, пеш аз он ки ҳангоми нишастани офтоб бар кӯҳҳо пешпо хӯред.
Шумо умедвори рӯшноӣ мешавед,
Вале ӯ шаби торро меорад.
Ӯ равшаниро ба торикӣ табдил медиҳад.+
17 Вале, агар шумо гӯш надиҳед,
Аз сабаби ғурури шумо пинҳонӣ гиря хоҳам кард.
Ашки бисёр хоҳам рехт ва аз чашмонам ҷӯйбори об равон хоҳад шуд,+
Зеро рамаи Яҳуваро+ асир карда, мебаранд.
18 Ба подшоҳ ва модари ӯ+ бигӯ: “Поёнтар биншинед,
Чунки тоҷи зебоятон аз саратон меафтад”.
19 Шаҳрҳои ҷануб баста шудаанд ва касе нест онҳоро боз кунад.
Тамоми Яҳудоро ба асирӣ бурданд, ҳамаашонро бурданд.+
20 Чашмонатонро сӯйи онҳое кунед, ки аз шимол меоянд.+
Рамае, ки ба ту супурданд, куҷост ва гӯсфандони зебои ту куҷоянд?+
21 Вақте дӯстоне, ки аз аввал ба ту наздик буданд, ҷазоят диҳанд, чӣ хоҳӣ гуфт?+
Магар он гоҳ туро дарде мисли дарди зоиш фаро нахоҳад гирифт?+
22 Вақте ту дар дил бигӯӣ “Чаро ин чизҳо ба сарам омад?”,+
Бидон, ки аз сабаби гуноҳи азимат доманатро дарронда партофтанд+
Ва пошнаҳоятро захмдор намудаанд.
23 Оё зангӣ* метавонад ранги пӯсташро ва ё паланг холҳояшро дигар кунад?+
Агар ҳа, пас, шумо низ, ки ба бадкорӣ омӯхта шудаед, метавонед некӣ кунед.
24 Ман шуморо мисли коҳе, ки боди биёбон мебарадаш, титу пароканда месозам.+
25 Ин аст насибаи ту, ҳиссае, ки бароят чен карда, додаам,— мегӯяд Яҳува,—
26 Аз ин рӯ ман домани куртаатро бар сарат мекашам
Ва расвоии ту ба ҳама намоён мешавад,+
27 Зинокориву+ шаҳватталабият,
Фоҳишагиву беҳаёгият маълум мегардад.
Ман рафтори нафратангези туро бар теппаву саҳроҳо дидам.+
Вой бар ҳоли ту, эй Ерусалим!
То ба кай ту нопок мемонӣ?»+