1 Воқеанома
9 Насабномаи ҳамаи исроилиён тартиб дода шуд ва номи онҳоро дар Китоби шоҳони Исроил навиштанд. Яҳудо барои бевафоияш ба Бобил ба асирӣ бурда шуд.+ 2 Касони аввалине, ки ба шаҳрҳои худ баргашта, дар мулкҳои худ сокин шуданд, баъзе исроилиён, коҳинон, левизодагон ва хизматгузорони ибодатгоҳ*+ буданд. 3 Баъзе касон аз авлоди Яҳудо,+ Бинёмин,+ Эфроим ва Менашше, ки дар Ерусалим сокин шуданд, инҳо буданд: 4 Утайи писари Аммиҳуди писари Омрии писари Имрии писари Бонӣ аз авлоди Фораси+ писари Яҳудо, 5 аз авлоди Шилӯ Асоёи нахустзода ва писаронаш 6 ва аз писарони Зораҳ+ Яуил ва 690 бародарашон.
7 Аз авлоди Бинёмин Саллуи писари Машулломи писари Ҳудавёи писари Ҳаснуо, 8 Ибниёи писари Ерӯҳом, Элои писари Уззии писари Микрӣ ва Машулломи писари Шафатёҳуи писари Реуили писари Ибниё буданд. 9 Бародарони онҳо аз рӯйи авлодашон 956 нафар буданд. Ҳамаи онҳо сарвари хонаводаҳо буданд.
10 Аз коҳинон Ядоё, Еҳуёриб, Ёкин,+ 11 Азарёи писари Ҳилқиёҳуи писари Машулломи писари Содӯқи писари Мароюти писари Аҳитуби сардори хонаи Худо, 12 Адоёи писари Ерӯҳоми писари Фашҳури писари Малкиё, Маъсайи писари Адиили писари Яҳзирои писари Машулломи писари Машиллемити писари Иммир 13 ва бародаронашон, сарварони хонаводаҳо, буданд. Онҳо 1760 марди пурзӯру кордоне буданд, ки хизмати хонаи Худоро ба ҷо оварда метавонистанд.
14 Аз левизодагон инҳо буданд: Шамаъёҳуи+ писари Ҳашшуби писари Азриқоми писари Ҳашабё аз авлоди Марорӣ, 15 Бақбаққар, Ҳораш, Ҷолол, Маттанёи писари Микои писари Зикрии писари Осаф, 16 Убадёи писари Шамаъёҳуи писари Ҷололи писари Едутун ва Баракёи писари Осои писари Элқоно, ки дар маҳалҳои натуфотиён+ мезист.
17 Дарбонон+ инҳо буданд: Шаллум, Аққуб, Талмӯн, Аҳиман ва бародарашон Шаллуми сардор, 18 ки пеш назди дарвозаи шарқии+ подшоҳ меистод. Инҳо дарбонони хаймагоҳҳои левизодагон буданд. 19 Шаллуми писари Қӯрии писари Абиосафи писари Қӯраҳ ва бародарони ӯ аз хонадони падараш, қӯраҳиёни барои хизмат ҷавобгар, дарбонони хайма буданд ва падаронашон барои хаймагоҳи Яҳува ҷавобгар буда, даромадгоҳи онро посбонӣ мекарданд. 20 Пеш Финҳоси+ писари Элъозор+ сардори онҳо буд ва Яҳува бо вай буд. 21 Закарёи+ писари Машоламёҳу дарбони даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ буд.
22 Ҳамаи онҳое, ки барои дарбонии назди остонаҳо интихоб шуда буданд, 212 нафар буданд. Онҳо мувофиқи насабномаашон+ дар маҳалҳои худ мезистанд. Довуд ва Самуили ғайбдон+ онҳоро одамони боваринок дониста бар ин вазифа гузошта буданд. 23 Онҳо ва писаронашон барои хизмати посбонони дарвозаҳои хонаи Яҳува, яъне хайма, ҷавобгар буданд.+ 24 Дарбонон аз чор тараф — шарқ, ғарб, шимол ва ҷануб, буданд.+ 25 Бародаронашон вақт аз вақт аз маҳалҳои зисти худ омада, ҳафт рӯз ҳамроҳи онҳо хизмат мекарданд. 26 Чор сардори дарбони* левизода, ки одамони боваринок буданд, бар ҳуҷраҳо* ва ганҷинаҳои хонаи Худо гузошта шуда буданд.+ 27 Онҳо гирдогирди хонаи Худо, дар посгоҳи худ, шабро рӯз мекарданд, зеро барои хизмати посбонон ҷавобгар буданд ва калиддор буда, ҳар саҳар дарҳои хонаро мекушоданд.
28 Баъзеи онҳо барои ашёи+ хизмат ҷавобгар буда, онҳоро шумурда, медароварданд ва шумурда, мебароварданд. 29 Баъзеи онҳо бар ашёи дигар, бар тамоми ашёи муқаддас,+ бар орди маҳин,+ шароб,+ равған,+ лодан+ ва равғани хушбӯ+ таъйин шуда буданд. 30 Баъзе аз писарони коҳинон аз равғани хушбӯ малҳам тайёр мекарданд. 31 Маттитёи левизода — писари калонии Шаллуми қӯраҳӣ, ки шахси боваринок буд, барои чизҳое, ки дар тоба+ пухта мешуданд, ҷавобгар буд. 32 Баъзеи бародарони қаҳотиашон барои нони чида*,+ ки ҳар шанбе+ тайёр карда мешуд, ҷавобгар буданд.
33 Инҳо сарояндагон, сарвари хонаводаҳои левизодагон буданд, ки дар ҳуҷраҳо* меистоданд ва аз корҳои дигар озод буданд, зеро шабу рӯз бо кори худ банд буданд. 34 Онҳо аз рӯйи авлодашон сарвари хонаводаҳои левизодагон, сардори онҳо, буданд ва дар Ерусалим мезистанд.
35 Яиили падари Ҷибъӯн дар Ҷибъӯн+ зиндагӣ мекард ва номи занаш Маъко буд. 36 Писари калонии ӯ Абдӯн ва писарони дигараш Сур, Қиш, Баал, Нир, Нодоб, 37 Ҷадур, Аҳю, Закарё ва Миқлӯт буданд. 38 Миқлӯт Шимъомро ба дунё овард. Ҳамаи онҳо ҳамроҳи бародаронашон дар назди бародарони дигари худ, дар Ерусалим, зиндагӣ мекарданд. 39 Нир+ Қишро ба дунё овард, Қиш Шоулро+ ба дунё овард, Шоул Юнотон,+ Малкишуа,+ Абинодоб+ ва Эшбоалро ба дунё овард. 40 Писари Юнотон Мериббоал буд.+ Мериббоал Микоро+ ба дунё овард. 41 Писарони Мико Фитӯн, Малик, Таҳриа ва Оҳоз буданд. 42 Оҳоз Яъроро ба дунё овард, Яъро Оломат, Азмавт ва Зимриро ба дунё овард. Зимрӣ Музоро ба дунё овард. 43 Музо Бинъоро ба дунё овард, ки писараш Рафоё, писараш Элъосо ва писараш Осил буд. 44 Осил шаш писар дошт ва номи онҳо Азриқом, Бухру, Исмоил, Шаарё, Убадё ва Ҳонон буд. Инҳо писарони Осил буданд.