4 Мӯсо
30 Мӯсо ба сардорони+ қабилаҳои Исроил гуфт: «Ин аст амри Яҳува, ки ӯ фармудааст: 2 Агар касе ба Яҳува назр кунад*+ ё қасам хӯрда+ назри худдорӣ кунад, ӯ набояд қасамашро шиканад,+ балки назрашро ба ҷо орад.+
3 Агар ҷавонзане, ки дар хонаи падараш зиндагӣ мекунад, барои кардан ё накардани коре ба Яҳува назр кунад 4 ва падар шунавад, ки ӯ барои кардан ё накардани коре назр кардааст ва ба ин зид набошад, ҷавонзан бояд ҳар чизеро, ки худро ба он вазифадор кардааст, ба ҷо орад. 5 Вале, агар падар шунавад, ки духтараш барои кардан ё накардани коре назр кардааст, ва ба ин зид барояд, назри ӯ бекор карда мешавад. Яҳува ӯро мебахшад, зеро падараш ба ӯ монеъ шудааст.+
6 Лекин, агар зан назр карда бошад ё фикр накарда ягон чиз ваъда дода бошаду шавҳар кунад, 7 ва шавҳараш аз ин хабардор шавад ва дар рӯзи хабар ёфтанаш ба ин зид набарояд, вай бояд ҳар он чиро, ки ба кардан ё накарданаш назр кардааст, ба ҷо орад. 8 Вале, агар шавҳараш дар рӯзе, ки аз ин хабардор шавад, зид барояд, ӯ метавонад назр ё ваъдаеро, ки занаш фикр накарда додааст, бекор кунад+ ва Яҳува ӯро мебахшад.
9 Аммо, агар бевазан ё зани ҷудошуда назр кунад, вай бояд ҳар он чиро, ки худро ба он вазифадор кардааст, ба ҷо орад.
10 Лекин, агар зан дар хонаи шавҳараш барои кардан ё накардани коре назр кунад 11 ва шавҳараш инро бишнавад ва зид набарояду ба вай монеъ нашавад, вай бояд ҳар он чиро, ки худро ба он вазифадор кардааст, ба ҷо орад. 12 Вале, агар шавҳар аз назр кардани ӯ огоҳ шавад ва дар рӯзи шуниданаш тамоми назрҳои ӯро бекор кунад, вай набояд онҳоро ба ҷо орад.+ Шавҳараш онҳоро бекор кардааст ва Яҳува ӯро мебахшад. 13 Ҳар назр ё ҳар қасамеро, ки барои азоб додани ҷон хӯрда мешавад, шавҳар бояд тасдиқ намояд ё бекор кунад. 14 Агар зан барои кардан ё накардани коре назр кунад ва шавҳар инро шунида, бо гузашти рӯзҳо зид набарояд, вай бо ин кораш назри занашро тасдиқ мекунад. Азбаски вай дар рӯзе, ки назр кардани занашро шунид, ба ин зид набаромад, барои ба ҷо овардани онҳо иҷозат додааст. 15 Лекин, агар шавҳар баъдтар, бо гузашти якчанд вақт, назрҳои занашро бекор кунад, гуноҳи вайро ба гардани худ мегирад.+
16 Ин аст дастурҳое, ки Яҳува оид ба шавҳару зан ва падару духтари ҷавонаш, ки дар хонаи вай зиндагӣ мекунад, ба Мӯсо додааст».