Таронаи Довуд.
15 Кист, эй Яҳува, ки дар хаймаи ту меҳмон шавад?
Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси ту сокин гардад?+
2 Касе, ки бо роҳи беайбӣ равад,+
Росткор бошад+
Ва дар дилаш ростқавл бошад.+
3 Ӯ туҳматро ба забон намеорад,+
Ба ёраш бадӣ намекунад+
Ва обрӯйи дӯстонашро намерезонад.+
4 Аз палидон даргурез аст,+
Вале тарсгорони Яҳуваро иззат мекунад.
Қасамаш бар зарараш бошад ҳам, аз он намегардад.+
5 Пулашро ба фоида намедиҳад+
Ва барои айбдор кардани бегуноҳ пора намегирад.+
Касе, ки чунин мекунад, побарҷо хоҳад буд.+