Забур
Ба сардори ромишгарон. «Савсани ёдоварӣ». Миктам*. Таронаи таълимии Довуд. Вақте ӯ бо Арам-Наҳрайн ва Арам-Сӯбо меҷангид ва Юоб баргашта, дар водии Намак 12 000 адӯмиёнро зарба зад.+
60 Худоё, ту моро рад кардӣ, миёни сафҳоямон рахна кушодӣ.+
Ту бар мо дарғазаб шудӣ, лекин акнун моро қабул кун.
2 Заминро ба ларза даровардӣ, онро кафондӣ.
Рахнаҳояшро таъмир кун, зеро он вайрона гардидааст.
3 Ба сари халқат мусибатҳо овардӣ,
Моро масти шароб кардӣ.+
4 Ба тарсгоронат аломате деҳ,
То печутоб хӯрда, аз камон паноҳ ёбанд. (Село)
5 Барои он ки дӯстдоронат халосӣ ёбанд,
Моро бо дасти ростат наҷот деҳ ва ба додамон бирас.+
6 Худо дар покияш* гуфтааст:
7 Ҷилъод аз они ман аст, чуноне ки
Менашше аз они ман аст,+
Эфроим барои сарам хӯд* аст,
Яҳудо асои ҳокимияти ман аст,+
8 Мӯоб лагани шустушӯйи ман аст,+
Бар Адӯм кафши худро хоҳам партофт,+
Бар замини Фалиштӣ тантанавор бонг хоҳам зад».+
9 Кӣ маро ба шаҳри муҳосирашуда* мебарад?
Кӣ маро то ба Адӯм роҳнамоӣ мекунад?+
10 Худоё, магар ту набудӣ, ки моро рад кардӣ?
Эй Худоямон, ту дигар бо лашкари мо ба ҷанг намебароӣ.+
11 Дар вақти мусибат ба мо мадад кун,
Зеро аз одамизод умеди наҷот нест.+