Доварон
10 Баъд аз Абималик Тӯлои писари Фуоҳи писари Дӯдӯ, ки аз қабилаи Иссокор буд, ба миён омад, то Исроилро наҷот диҳад.+ Ӯ дар кӯҳистони Эфроим, дар Шомир, зиндагӣ мекард. 2 Ӯ Исроилро 23 сол доварӣ кард. Баъд ӯ вафот ёфта, дар Шомир гӯронда шуд.
3 Баъд аз ӯ Ёири ҷилъодӣ ба миён омад ва 22 сол Исроилро доварӣ намуд. 4 Ӯ 30 писар дошт, ки ба 30 хар савор мешуданд, ва онҳо 30 шаҳр доштанд. Ин шаҳрҳо, ки дар замини Ҷилъод ҷойгиранд, то ба имрӯз Ҳаввӯт-Ёир номида мешаванд.+ 5 Пас аз ин Ёир вафот кард ва дар Қомӯн гӯронда шуд.
6 Исроилиён боз он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал оварданд+ ва Баалҳо,+ бутҳои Аштора, худоёни Арам*, худоёни Сидӯн, худоёни Мӯоб,+ худоёни аммӯниён+ ва худоёни фалиштиёнро парастиш карданд.+ Онҳо Яҳуваро тарк карда ӯро ибодат наменамуданд. 7 Аз ин сабаб ғазаби Яҳува бар Исроил аланга зад ва вай онҳоро ба дасти фалиштиёну аммӯниён супурд*.+ 8 Онҳо он сол исроилиёнро шикаст дода, сахт ба танг оварданд, онҳо тамоми исроилиёнеро, ки дар он тарафи Урдун, дар Ҷилъод, дар замини амӯриён, мезистанд, дар давоми 18 сол ба танг оварданд. 9 Аммӯниён ҳамчунин аз Урдун мегузаштанд, то ки бо Яҳудо, Бинёмин ва хонадони Эфроим ҷанг кунанд. Исроилиён ки сахт азоб мекашиданд, 10 аз Яҳува мадад пурсида+ гуфтанд: «Мо бар зидди ту гуноҳ кардем, чунки Худои худро тарк карда, Баалҳоро парастиш намудем».+
11 Аммо Яҳува ба исроилиён гуфт: «Магар ман шуморо аз Миср,+ амӯриён,+ аммӯниён, фалиштиён,+ 12 сидӯниён, Амолеқ ва Мидён, ки шуморо ба танг меоварданд, наҷот надода будам? Вақте ки шумо сӯям фиғон мекардед, ман шуморо аз дасти онҳо халос менамудам. 13 Лекин шумо маро тарк карда, худоёни дигарро парастиш намудед.+ Барои ҳамин ман шуморо дигар наҷот намедиҳам.+ 14 Пас, ба назди худоёне, ки хуш кардед, рафта, мадад пурсед.+ Бигзор онҳо шуморо дар вақти тангиатон наҷот диҳанд».+ 15 Вале исроилиён ба Яҳува гуфтанд: «Мо гуноҳ кардем. Ҳар он чиро, ки дар назари ту дуруст аст, бо мо бикун, фақат ки, илтимос, моро имрӯз наҷот деҳ». 16 Онҳо худоёни бегонаро аз худ дур карда, Яҳуваро парастиш намуданд+ ва ӯ дигар тобу тоқати дидани азоби Исроилро надошт.+
17 Чанде пас аммӯниён+ ҷамъ шуданд ва дар Ҷилъод урду заданд. Исроилиён низ ҷамъ шуда, дар Мисфо урду заданд. 18 Мардум ва мирони Ҷилъод ба якдигар гуфтанд: «Кӣ пешопеши мо ба ҷанги Аммӯн мебарояд?+ Касе, ки чунин кунад, бар тамоми сокинони Ҷилъод сарвар мешавад».