Доварон
11 Ифтоҳи+ ҷилъодӣ ҷанговари пурзӯре буд. Ӯ писари фоҳишае буд ва падараш Ҷилъод буд. 2 Аммо зани Ҷилъод низ ба ӯ писарон ба дунё овард ва, вақте писарони ӯ калон шуданд, Ифтоҳро пеш карда гуфтанд: «Ту дар хонадони падарамон мерос нахоҳӣ гирифт, зеро ту фарзанди зани дигаре ҳастӣ». 3 Ифтоҳ аз дасти бародаронаш гурехт ва дар замини Туб сокин шуд. Мардони бекор ба ӯ ҳамроҳ шуда, ӯро роҳбари худ сохтанд.
4 Пас аз чанд вақт чунин шуд, ки аммӯниён бар зидди Исроил баромаданд.+ 5 Вақте аммӯниён бо Исроил меҷангиданд, пирони Ҷилъод дарҳол ба замини Туб рафта, Ифтоҳро оварданӣ шуданд. 6 Онҳо ба Ифтоҳ гуфтанд: «Биёву фармондеҳи мо шав, то ки бо аммӯниён биҷангем». 7 Аммо Ифтоҳ ба пирони Ҷилъод гуфт: «Магар шумо набудед, ки маро чашми дидан надоштед ва аз хонаи падарам пеш кардед?+ Чаро акнун дар вақти тангӣ пеши ман омадед?» 8 Пирони Ҷилъод ба Ифтоҳ гуфтанд: «Барои ҳамин мо ба назди ту омадем. Агар ҳамроҳи мо рафта, бо аммӯниён биҷангӣ, пешвои мо ва тамоми сокинони Ҷилъод мешавӣ».+ 9 Ифтоҳ ба пирони Ҷилъод гуфт: «Агар маро бо худ баред, то бо аммӯниён ҷанг кунам ва Яҳува онҳоро ба дасти ман супорад, ҳатман пешвои шумо мешавам». 10 Пирони Ҷилъод ба Ифтоҳ гуфтанд: «Яҳува байни мову ту шоҳид аст: мо ҳатман ба гуфти ту мекунем». 11 Ифтоҳ бо пирони Ҷилъод рафт ва халқ ӯро пешво ва фармондеҳи худ кард. Ифтоҳ тамоми суханони худро дар ҳузури Яҳува дар Мисфо+ такрор кард.
12 Ифтоҳ назди подшоҳи аммӯниён+ хабаррасононро фиристода, гуфт: «Ман ба ту чӣ кардам ки, омада, ба заминам ҳамла овардӣ?» 13 Подшоҳи аммӯниён ба хабаррасонони Ифтоҳ гуфт: «Исроил ҳангоми аз Миср баромаданаш+ замини маро аз Арнӯн+ то Яббӯқ ва то Урдун+ аз худ кард. Акнун онро ба нағзӣ баргардон». 14 Аммо Ифтоҳ боз назди подшоҳи аммӯниён хабаррасононро фиристод, 15 то ба ӯ бигӯянд:
«Ифтоҳ чунин мегӯяд: “Исроил замини мӯобиён+ ва аммӯниёнро+ нагирифтааст, 16 зеро, вақте аз Миср берун омад, Исроил бо роҳи биёбон то баҳри Сурх+ расид ва баъд ба Қодеш+ омад. 17 Он гоҳ Исроил назди подшоҳи Адӯм хабаррасононро фиристода,+ гуфт: “Илтимос, ба мо иҷозат деҳ, ки аз замини ту гузарем”, аммо подшоҳи Адӯм ӯро гӯш накард. Исроил аз подшоҳи Мӯоб+ низ чунин хоҳиш кард, аммо ӯ розӣ нашуд. Аз ин рӯ Исроил дар Қодеш+ монд. 18 Вақте исроилиён аз биёбон мегузаштанд, замини Адӯм+ ва замини Мӯобро давр заданд. Онҳо аз шарқи замини Мӯоб гузашта,+ дар наздикиҳои Арнӯн хайма заданд, вале аз он нагузаштанд, зеро Арнӯн сарҳади Мӯоб буд.+
19 Пас аз ин Исроил ба назди Сиҳӯни подшоҳи амӯриён, подшоҳи Ҳешбӯн, хабаррасононро фиристода, гуфт: “Илтимос, ба мо иҷозат деҳ, ки аз замини ту гузашта, ба макони худ равем”.+ 20 Аммо Сиҳӯн ба Исроил бовар накард ва нагузошт, ки аз заминаш гузарад. Сиҳӯн тамоми мардумашро ҷамъ оварда, дар Ёҳас урду зад ва бо Исроил ҷангид.+ 21 Он гоҳ Яҳува, Худои Исроил, Сиҳӯн ва тамоми халқашро ба дасти Исроил супурд. Исроил бар онҳо дастболо шуд ва тамоми замини амӯриёнро, ки дар он замин сокин буданд, забт намуд.+ 22 Ҳамин тавр онҳо тамоми замини амӯриёнро, аз Арнӯн то Яббӯқ ва аз биёбон то Урдун, соҳиб шуданд.+
23 Худи Яҳува, Худои Исроил, амӯриёнро аз пеши халқаш Исроил бадар ронд+ ва акнун ту ин халқро аз ин ҷо ронданиӣ? 24 Оё ту он чиро, ки худоят Камуш+ ба ту медиҳад, соҳиб намешавӣ? Пас, ҳар киро Худои мо, Яҳува, аз пеши мо бадар рондааст, мо меронем.+ 25 Магар ту аз Болоқи писари Сипӯр,+ подшоҳи Мӯоб, беҳтар ҳастӣ? Оё ӯ ягон бор бо Исроил баҳс кард ва оё ягон бор зидди вай ҷангид? 26 Вақте Исроил дар Ҳешбӯн ва шаҳракҳои тобеи* он,+ дар Арӯэр ва шаҳракҳои тобеи он ва дар тамоми шаҳрҳое, ки қад-қади Арнӯн ҷойгиранд, 300 сол зиндагӣ кард, чаро ягон бор ин заминро гирифтанӣ нашудӣ?+ 27 Ман дар ҳаққи ту гуноҳе накардаам, ту бошӣ, ба ман ҳамла оварда, ноҳақ рафтор мекунӣ. Бигзор Яҳува, ки Довар аст,+ имрӯз байни халқи Исроил ва халқи Аммӯн доварӣ кунад”».
28 Аммо подшоҳи аммӯниён ба суханоне, ки Ифтоҳ ба ӯ расонд, гӯш надод.
29 Рӯҳи Яҳува Ифтоҳро фаро гирифт+ ва ӯ дар Ҷилъод ва Менашше роҳ паймуда, ба Мисфои Ҷилъод омад ва аз Мисфои Ҷилъод+ бар зидди аммӯниён равона шуд.
30 Ифтоҳ ба Яҳува назр карда*+ гуфт: «Агар аммӯниёнро ба дасти ман супорӣ, 31 чунин хоҳам кард: вақте ки аз ҷанги аммӯниён зиндаю саломат баргардам, ҳар касе аз дари хонаи ман ба пешвозам барояд, аз они Яҳува мешавад+ ва ман ӯро чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш мекунам».+
32 Пас аз ин Ифтоҳ рафта, бо аммӯниён ҷангид ва Яҳува онҳоро ба дасти вай супорид. 33 Ӯ онҳоро аз Арӯэр то Минит зарба зада, 20 шаҳрро забт кард. Ӯ то Обил-Каромим ҷангид ва мардуми зиёдеро кушт. Ҳамин тавр исроилиён аммӯниёнро шикаст доданд.
34 Оқибат Ифтоҳ ба хонаи худ, ба Мисфо,+ омад ва инак, духтараш даф дар даст рақсида ба пешвозаш баромад. Ӯ фарзанди яккаву ягонаи Ифтоҳ буд ва Ифтоҳ ғайр аз вай писар ё духтаре надошт. 35 Вақте Ифтоҳ вайро дид, либосашро чок зад ва гуфт: «Воҳ, духтарам, ту диламро реш-реш кардӣ, охир, ман акнун бояд аз ту ҷудо шавам*. Ман даҳони худро кушода ба Яҳува қавл додам ва аз гапам гашта наметавонам».+
36 Аммо духтар гуфт: «Падарҷон, агар даҳони худро кушода ба Яҳува қавл дода бошӣ, ба он вафо кун ва бо ман мувофиқи суханонат амал намо,+ зеро Яҳува ба хотири ту аз душманонат, аз аммӯниён, интиқом гирифтааст». 37 Ӯ ба падараш гуфт: «Аз ту фақат як хоҳиш дорам: иҷозат деҳ, ки ба кӯҳсор рафта, ду моҳ дар он ҷо бимонам ва бо дугонаҳоям барои бокирагии худ* навҳа кунам».
38 Падараш ба ӯ гуфт: «Бирав». Ифтоҳ духтарашро ба муҳлати ду моҳ ба кӯҳсор фиристод ва ӯ бо дугонаҳояш ба он ҷо рафта, барои бокирагии худ гиряву нола кард. 39 Пас аз ду моҳ ӯ назди падари худ баргашт ва падараш назри худро иҷро кард+ ва духтари Ифтоҳ бо марде ҳамхоб нашуд. Баъд аз ин дар Исроил расму одат шуд, ки 40 сол аз сол ҷавонзанони Исроил рафта, соле чор рӯз духтари Ифтоҳи ҷилъодиро таърифу таҳсин мекарданд.