Ишаъё
62 Ба хотири Сион хомӯш намешинам+
Ва ба хотири Ерусалим ором намемонам,
То даме ки росткорияш мисли нур бидурахшад+
Ва наҷоташ мисли машъал аланга занад.+
Он гоҳ ту бо номи наве хонда мешавӣ,+
Бо номе, ки даҳони Яҳува медиҳад.
3 Ту дар дасти Яҳува тоҷи зебоӣ
Ва дар кафи Худоят кулоҳи шоҳона хоҳӣ буд.
4 Туро дигар зани партофта+
Ва заминатро беодам нахоҳанд номид,+
Балки туро “Шодмонии ман”+
Ва заминатро “Шавҳардор” меноманд,
Зеро Яҳува аз ту шод хоҳад буд
Ва замини ту чун зани шавҳардор хоҳад гашт.
5 Чуноне ки ҷавонмард духтарро ба занӣ мегирад,
Сокинонат туро ба занӣ хоҳанд гирифт.
Чуноне ки домод аз арӯси худ шод мегардад,
Худоят аз ту шод хоҳад шуд.+
6 Эй Ерусалим, ман бар деворҳои ту дидбононро гузоштаам,
Бигзор онҳо ҳеҷ гоҳ, на рӯзу на шаб, хомӯш нашаванд.
Эй касоне, ки дар бораи Яҳува гап мезанед, бознаистед
7 Ва ӯро ором нагузоред, то даме ки Ерусалимро барқарор кунад
Ва онро дар саросари замин шуҳрат диҳад».+
8 Яҳува дасти рости худ, бозуи пурқувваташро, бардошта, қасам хӯрдааст:
«Ман ғаллаи туро дигар ба душманонат намедиҳам
Ва шароби наватро, ки барояш заҳмат кашидаӣ, дигар бегонагон наменӯшанд,+
9 Балки ғалларо даравгарон мехӯранду Яҳуваро ҳамду сано мехонанд
Ва шаробро дар саҳнҳои муқаддаси ман ангурчинон менӯшанд».+
10 Гузаред, аз дарвоза гузаред!
Роҳро барои халқ тоза кунед.+
Бисозед, шоҳроҳ бисозед,
Онро аз сангҳо тоза кунед.+
Барои халқҳо парчам занед.+
11 Яҳува то канорҳои замин эълон кардааст:
«Ба духтари Сион бигӯед:
“Наҷоти ту қариб аст.+
Ана, мукофот дар дасташ аст
Ва музде, ки ӯ медиҳад, дар пеши ӯст”».+