Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
20 Бигзор Яҳува дар рӯзи ғам ба ту ҷавоб диҳад.
Бигзор номи Худои Яъқуб туро нигаҳбон бошад.+
3 Бигзор ӯ ҳама ҳадияҳоятро ба ёд оварад.
Бигзор ӯ қурбонии сӯхтаниатро бо ризомандӣ қабул кунад. (Село)
4 Бигзор ӯ чизи дилхоҳатро ба ту ато кунад+
Ва ҳама ниятҳоятро ҷомаи амал пӯшонад.
5 Аз наҷот бахшиданат нидоҳои шодӣ мекунем.+
Ба номи Худои худ байрақ мебардорем.+
Бигзор Яҳува ҳар чиро аз ӯ талаб кунӣ, ба ту бидиҳад.
Ӯ аз даргоҳи покаш, аз осмон, ба ӯ ҷавоб медиҳад
Ва бо қувваи наҷотбахши дасти росташ ӯро мераҳонад.+
8 Онҳо шикаст хӯрда, афтиданд,
Аммо мо ба по хеста, рост истодем.+
9 Эй Яҳува, подшоҳро нигаҳ дор!+
Худо, дар рӯзе ки кумак пурсем, ба мо ҷавоб медиҳад.+