Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
31 Ба ту, эй Яҳува, паноҳ бурдаам.+
Ҳаргиз нагузор, ки шарманда шавам.+
Аз рӯйи адолати худ маро раҳоӣ деҳ.+
2 Гӯшатро сӯйи ман моил гардон,
Зуд ба ёриям бишитоб.+
Кӯҳи ман бош, то ба ту паноҳ барам.
Хонаи ҳисордорам бош, то наҷотам диҳӣ.+
3 Охир, ту кӯҳпора ва қалъаи ман ҳастӣ.+
Ба хотири номи худ+ маро ҳидоят ва раҳнамоӣ хоҳӣ кард.+
6 Аз парастандагони бутҳои пучу бекора нафрат дорам.
Ман ба Яҳува таваккал мекунам.
8 Ту маро ба дасти душман насупурдӣ,
Балки пойҳоямро бар макони орому осуда* гузоштӣ.
9 Бар ман лутф кун, эй Яҳува, зеро ҳолам бад аст.
Аз андуҳ чашмонам хира гаштаанду+ ҷисму ҷонам хаста.+
Аз гуноҳи худ беҳол гаштаам
Ва устухонҳоям хушк шудаанд.+
11 Хандахариши душманон
Ва масхараи ҳамсоягон гардидаам.+
Ошноҳоям ба ваҳм омада, аз ман ҳазар мекунанд,
Вақте маро дар кӯча бубинанд, мегурезанд.+
12 Маро аз дил берун ва фаромӯш кардаанд, гӯё ки мурда бошам.
Мисли кӯзаи шикаста гаштаам.
13 Бисёр овозаҳои баде ба гӯшам расид,
Даҳшат маро иҳота мекунад.+
Онҳо ҳама забон як кардаанд,
То ҷони маро бигиранд.+
15 Ҳаётам дар дасти туст,
Маро аз дасти душманон ва озордеҳонам халос кун.+
16 Нури рӯятро бар бандаат битобон,+
Маро аз рӯйи меҳру вафоят наҷот деҳ.
17 Эй Яҳува, вақте туро бихонам, бигзор шарманда нашавам.+
18 Илоҳӣ дурӯғгӯй гунг шавад,+
Забоне, ки андозаро надониста бар зидди росткорон сухан мегӯянд, суханони ҳавобаландонаву масхараомез.
19 Чӣ фаровон аст некуии ту!+
Ту онро барои тарсгоронат нигаҳ доштӣ.+
Ту онро ба хотири паноҳбаронат пеши назари тамоми одамизод ба амал овардӣ.+
20 Ту онҳоро дар ниҳонгоҳи худ пинҳон месозӣ,+
Аз ҳилаҳои одамон эмин медорӣ
Ва аз забони бадзабонон
Дар хаймаи худ пинҳон мекунӣ.+
22 Маро воҳима зер кард ва ман гуфтам:
«Аз назарат нобуд мешавам».+
Аммо сӯят зориву фарёд кардам ва ту ба фарёдам расидӣ.+
23 Яҳуваро дӯст доред, эй бандагони бовафояш!+