Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
68 Бигзор Худо бархезад, бигзор душманонаш пароканда шаванд,
Бигзор бадбинонаш аз пеши ӯ гурезанд.+
2 Онҳоро, мисли он ки дуд бошанд, парешон соз.
Мисли он ки мум назди оташ об мешавад,
Ҳамин тавр бадкорон бигзор пеши Худо нобуд гарданд.+
4 Дар васфи Худо бисароед, дар васфи номаш суруд хонед*.+
Дар васфи он кӣ аз даштҳо* мегузарад, бисароед.
Ёҳ* аст номи ӯ!+ Пеши ӯ шодӣ кунед!
Вале саркашон дар замини хушкида зиндагӣ хоҳанд кард.+
7 Худоё, вақте халқатро раҳнамоӣ мекардӣ,+
Вақте аз биёбон мегузаштӣ, (Село)
8 Замин ба ҷунбиш даромад.+
Худо аз осмон борон боронид.
Ҳамин кӯҳи Сино пеши Худо, Худои Исроил, ба ларза омад.+
9 Борони фаровон борондӣ, эй Худо,
Халқи бемадоратро ҷони нав бахшидӣ.
10 Онҳо дар хаймагоҳи ту зиндагӣ мекарданд+
Ва ту, эй Худо, аз меҳрубонӣ ба камбағалон рӯзӣ медодӣ.
12 Подшоҳону лашкарҳояшон мегурезанд,+ онҳо фирор мекунанд!
Зани хонашин аз ғанимат ҳиссае мегирад.+
13 Ҳарчанд шумо дар миёни гулханҳои* урдугоҳ дароз кашида будед,
Соҳиби кафтаре мешавед,
Ки болҳояш нуқрапӯшу парҳояш аз тиллои тозаанд.
15 Кӯҳи Бошон+ кӯҳи Худост,
Кӯҳи Бошон сар ба фалак афрохтааст.
16 Чаро, эй қуллаҳои баланд, бо ҳасад менигаред?
Чаро сӯйи кӯҳе, ки Худо ҷойгоҳи худ хуш кардааст,+ бо ҳасад менигаред?
Яҳува бар он то абад сокин хоҳад буд.+
17 Аробаҳои ҷангии Худо даҳҳо ҳазор, ҳазорон ҳазоранд.+
Яҳува аз Сино ба макони пок омадааст.+
Асиронро бурдӣ,
Аз миёни одамон баъзеро чун ҳадия гирифтӣ,+
Ту ҳатто саркашонро гирифтӣ,+ то дар миёни онҳо сокин бошӣ, эй Ёҳ, эй Худо.
19 Шукру сипос ба Яҳува, ки бори моро ҳар рӯз мебардорад,+
Шукру сипос ба Худои наҷотбахшамон. (Село)
20 Худованд Худоямон халосгари мост.+
Парвардигорамон Яҳува аз дасти марг раҳоӣ мебахшад.+
21 Худо каллаи душманонашро пора хоҳад кард,
Фарқи сари мӯйдори онҳоеро, ки аз роҳи гунаҳкоронаашон намегарданд.+
22 Яҳува гуфт: «Ман онҳоро аз Бошон бармегардонам,+
Аз таги баҳрҳо мебарорам,
23 То поят дар хуни душманонат ғӯта занад+
Ва забони сагонат аз хуни онҳо сер шавад».
24 Онҳо намоишҳои туро мебинанд, эй Худо,
Намоишҳои Худоямро, Подшоҳамро, ки сӯйи макони пок меравад.+
25 Сарояндагон пешопеш мераванд,
Аз пушти онҳо навозандагони созҳо,+
Дар миёна бошад, ҷавонзанони дафнавоз.+
26 Миёни анҷумани мардум Худоро ситоиш кунед,
Яҳуваро ситоиш кунед, эй онҳое, ки аз Сарчашмаи Исроилед.+
27 Бинёмин,+ ки хурдист, мардумро мағлуб месозад,
Мирони Яҳудо бо тӯдаи серғавғояшон
Ва мирони Забулуну мирони Нафтолӣ онҳоро тобеъ мегардонанд.
28 Худоят амр фармудааст, ки ба ту қувват ато шавад.
Қуввататро нишон деҳ, эй Худое, ки моро пуштигирӣ мекардӣ.+
30 Ҷонварони қамишзорро ром кун,
Галаи гову+ гӯсолаҳоро низ,
То даме ки одамон сар хам карда, нуқра биёранд.
Худо халқҳои ҷангҷӯро пароканда месозад.
32 Эй мамлакатҳои ҷаҳон, дар васфи Худо бисароед.+
Дар васфи Яҳува бисароед*, (Село)
33 Ба Худои осмонсавор бисароед.
Ӯ бар осмони осмонҳост, ки аз даврони қадим вуҷуд дорад.+
Инак, овозаш, овози пурқувваташ, гулдуррос мезанад.
34 Қуввати Худоро тан гиред.+
Бузургии ӯ бар Исроил аст
Ва қуввати ӯ бар абрҳои осмон.
35 Худо дар муқаддасгоҳи бузургаш боҳашамат аст.+
Ӯ Худои Исроил аст,
Ки ба одамон қувват ва тавоноӣ ато мекунад.+
Шукру сипос Худоро.