Айюб
7 Ҳаёти инсони хокӣ дар рӯйи замин монанди меҳнати маҷбурӣ аст.
Рӯзҳои ӯ монанди рӯзҳои мардикор аст.+
2 Мисли ғулом ӯ дар орзуи соя аст
Ва мисли мардикор музди худро интизор аст.+
3 Моҳҳои бесамар насиби ман гардидаанд
Ва шабҳои пуразоб ба ман дода шудаанд.+
4 Вақте ки мехобам, мегӯям: “Кай мехеста бошам?”+
Лекин шаб тӯл мекашаду ман бедорхобӣ мекашам ва то дамидани субҳ аз паҳлу ба паҳлу мегардам.
5 Танам бо кирмҳо ва лӯндаҳои чирк пӯшида шудааст;+ пӯсти баданам пур аз карахш* ва зардоб аст.+
7 Ба хотир ор, ки ҳаёти ман бод аст+
Ва чашми ман дигар хушиву хурсандиро намебинад.
8 Чашме, ки маро дидааст, дигар нахоҳад дид,
Чашмони ту маро ҷӯянд ҳам, аз ман ному нишоне намеёбанд.+
9 Чи тавре ки абр ғайб зада нопадид мешавад,
Ҳамон тавр шахсе, ки ба гӯр* фурӯ меравад, дигар барнамегардад.+
10 Ӯ ба хонааш дигар барнамегардад
Ва дар маконаш дигар ӯро намешиносанд.+
11 Аз ин рӯ даҳонамро намепӯшам.
12 Магар ман баҳр ҳастам ё бузургҷуссаи баҳриям,
Ки бар сарам посбон мемонӣ?
13 Вақте ман мегӯям: “Ҷойхобам маро тасаллӣ мебахшад
Ва бистарам бори ғамамро сабук мекунад”,
14 Ту маро бо хобҳо метарсонӣ
Ва бо рӯъёҳо ба ҳарос меандозӣ,
15 Аз ин рӯ бароям нафасгир шуда мурдан беҳтар аст,
Бале, аз чунин зиндагӣ мурдан авлотар аст.+
16 Аз ҷон безор шудаам,+ дигар зиндагӣ кардан намехоҳам.
Маро ба ҳоли худ гузор, зеро рӯзҳоям мисли нафас зудгузаранд.+
17 Чист инсони хокӣ, ки дар бораи ӯ фикр кунӣ
Ва ба ӯ назар намоӣ?+
18 Чаро ҳар саҳар ӯро тафтиш мекунӣ
Ва ҳар лаҳза ӯро имтиҳон менамоӣ?+
19 Чаро аз ман рӯй намегардонӣ
Ва маро як лаҳза ба ҳоли худ намегузорӣ, то оби даҳонамро фурӯ барам?+
20 Агар ман гуноҳ карда бошам, ба ту чӣ зараре мерасад, эй Бинандаи одамизод?+
Барои чӣ маро нишони худ гардондӣ?
Наход ман бароят бори зиёдатӣ шуда бошам?
21 Барои чӣ хатоямро намебахшӣ
Ва аз гуноҳам намегузарӣ?
Охир, ба қарибӣ хок мешавам+
Ва ту маро мекобӣ, вале дигар намеёбӣ».