Ирмиё
52 Сидқиёҳу+ дар 21-солагияш подшоҳ шуд ва 11 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Ҳамутали+ духтари Ирмиёи либноӣ буд. 2 Ӯ мисли Еҳуёқим ҳар он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард.+ 3 Ҳамаи ин барои он ба сари Ерусалим ва Яҳудо омад, ки онҳо ғазаби Яҳуваро оварданд, ва ӯ онҳоро аз назари худ дур кард.+ Сидқиёҳу бар зидди подшоҳи Бобил исён бардошт+ 4 ва дар соли нуҳуми ҳукмронии Сидқиёҳу, дар моҳи даҳум, дар рӯзи даҳуми моҳ, Набукаднесари подшоҳи Бобил бо тамоми лашкари худ бар зидди Ерусалим баромад. Онҳо дар муқобили шаҳр урду заданд ва гирдогирдаш девор бардошта, онро муҳосира намуданд+ 5 ва шаҳр то соли 11-уми шоҳ Сидқиёҳу дар муҳосира буд.
6 Дар моҳи чорум, дар рӯзи нуҳуми моҳ,+ дар шаҳр гуруснагӣ чунон сахт шуд, ки мардум нони хӯрданӣ надошт.+ 7 Оқибат, вақте калдониён гирдогирди шаҳр буданд, девори шаҳрро рахна карданд ва тамоми ҷанговарон шабона аз дарвозае, ки миёни ду девор, дар назди боғи подшоҳ буд, гурехтанд ва бо роҳи Аробо равона шуданд.+ 8 Аммо лашкари калдониён аз паси подшоҳ сур кард ва Сидқиёҳуро+ дар даштҳои Ериҳӯ дарёб намуд, тамоми ҷанговаронаш бошанд, аз пеши ӯ пароканда шуданд. 9 Онҳо подшоҳро дастгир намуданд ва ба назди шоҳи Бобил, ба Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, оварданд ва ӯ ба вай ҳукм баровард. 10 Подшоҳи Бобил писарони Сидқиёҳуро дар пеши назараш кушт. Ӯ ҳамчунин ҳамаи мирони Яҳудоро дар ҳамон ҷо, яъне дар Рибло, ба қатл расонд. 11 Пас аз ин подшоҳи Бобил чашмони Сидқиёҳуро кӯр кард,+ ӯро бо занҷири мисин бандубаст намуда, ба Бобил бурд ва ӯро то рӯзи маргаш дар зиндон нигоҳ дошт.
12 Дар моҳи панҷум, дар рӯзи даҳуми моҳ, дар соли 19-уми Набукаднесари подшоҳи Бобил, Набузаръадони сардори посбонон, ки дар ҳузури подшоҳи Бобил меистод, ба Ерусалим омад.+ 13 Ӯ хонаи Яҳува, қасри подшоҳ, тамоми хонаҳои Ерусалим ва ҳамчунин ҳар хонаи бузургро оташ зад.+ 14 Тамоми лашкари калдониён, ки зери дасти сардори посбонон буд, деворҳои гирдогирди Ерусалимро валангор кард.+
15 Набузаръадони сардори посбонон қисме аз мардуми камбағали шаҳр ва аҳолии боқимондаро ба асирӣ бурд. Ӯ ҳамчунин касонеро, ки ба шоҳи Бобил таслим шуда буданд, ҳамроҳи бақияи устоҳои ҳунарманд бо худ бурд.+ 16 Вале Набузаръадони сардори посбонон баъзе аз касони камбағалтаринро дар он ҷо монд, ки ток парваранд ва меҳнати маҷбуриро ба ҷо оранд.+
17 Калдониён сутунҳои+ мисини хонаи Яҳува, аробаҳо+ ва Баҳри+ мисинеро, ки дар хонаи Яҳува буданд, пора-пора карданд ва тамоми мисро ба Бобил бурданд.+ 18 Онҳо ҳамчунин лаганҳо, хокандозҳо, оташкушҳо, косаҳо,+ пиёлаҳо+ ва тамоми ашёи мисинеро, ки дар ибодатгоҳ истифода мешуд, гирифта бурданд. 19 Сардори посбонон тосҳо,+ бухурдонҳо, косаҳо, лаганҳо, чароғпояҳо,+ пиёлаҳо ва косаҳоеро, ки аз тиллову нуқраи тоза буданд, гирифт.+ 20 Вазни миси ду сутун, Баҳр, 12 буққаи+ мисини зери Баҳр ва аробаҳоеро, ки Сулаймон барои хонаи Яҳува сохта буд, муайян кардан номумкин буд.
21 Баландии ҳар як сутун 18 газ* буд ва таноби дарозияш 12 газ метавонист онро печонад.+ Ҳар як сутун дарунхолӣ ва ғафсияш чор ангушт* буд. 22 Бошаи* ҳар сутун аз мис буд. Баландии як боша панҷ газ буд+ ва тӯру анорҳои гирдогирди он аз мис буд. Сутуни дуюм бо анорҳояш айнан мисли сутуни якум буд. 23 Гирдогирди тӯр 96 анори ба чашм аён буд, вале ҳамагӣ гирдогирд 100 анор буд.+
24 Сардори посбонон Сароёи+ саркоҳин, Сафанёи+ коҳини ёвар ва се дарвозабонро низ бо худ гирифт.+ 25 Ӯ аз шаҳр як ходими дарборро, ки бар ҷанговарон таъйин шуда буд, ҳафт маслиҳатгари подшоҳро, ки дар шаҳр буданд, котиби сарлашкарро, ки мардуми заминро барои ҷанг ҷамъ меовард, ва ҳамчунин 60 нафарро аз мардуми одӣ, ки то ҳол дар шаҳр буданд, бо худ гирифт. 26 Набузаръадони сардори посбонон онҳоро гирифта, ба назди подшоҳи Бобил, ба Рибло, овард. 27 Подшоҳи Бобил онҳоро дар Рибло,+ дар замини Ҳамот, зарба зада кушт. Ҳамин тавр, мардуми Яҳудо аз замини худ ба асирӣ бурда шуд.+
28 Ин аст шумораи мардуме, ки Набукаднесар ба асирӣ бурд: дар соли ҳафтум 3023 нафар яҳудӣ+.
29 Дар соли 18-уми Набукаднесар+ аз Ерусалим 832 нафар бурда шуд.
30 Дар соли 23-юми подшоҳии Набукаднесар Набузаръадони сардори посбонон 745 нафар яҳудиро ба асирӣ бурд.+
Ҳамагӣ 4600 нафар ба асирӣ бурда шуданд.
31 Сипас дар соли 37-уми асирии Еҳуёкини+ шоҳи Яҳудо, дар моҳи 12-ум, дар рӯзи 25-уми моҳ, Эвил-Мерӯдаки шоҳи Бобил дар соли подшоҳ шуданаш Еҳуёкини шоҳи Яҳудоро сарбаланд гардонда, аз зиндон озод кард.+ 32 Ӯ бо Еҳуёкин муомилаи хуб кард ва мақоми ӯро аз мақоми подшоҳони дигаре, ки бо ӯ дар Бобил буданд, болотар гузошт. 33 Еҳуёкин либоси зиндонии худро кашид ва тамоми рӯзҳои умраш доимо аз дастархони подшоҳ хӯрок мехӯрд. 34 Подшоҳи Бобил тамоми рӯзҳои умри Еҳуёкин, ҳар рӯз, то рӯзи маргаш, ӯро бо хӯрду хӯрок таъмин мекард.