Ҳизқиёл
5 Ту бошӣ, эй фарзанди одам, шамшери тезе гирифта, онро чун теғи сартарош кор фармо. Сару ришатро битарош ва тарозу гирифта, мӯятро баркашу онро ба қисмҳо ҷудо кун. 2 Вақте рӯзҳои муҳосираи шаҳр тамом шавад, сеякашро дар даруни шаҳр бисӯзон.+ Сипас сеяки дигарашро гирифта, онро гирдогирди шаҳр бо шамшер бизан.+ Сеяки боқимондаашро бошад, ба бод чош деҳ ва ман аз қафои он шамшерро мефиристам.+
3 Вале аз сеяки охир камеашро боқӣ монда, ба домани либосат бипечон. 4 Боз ками дигарашро бигиру ба оташ партофта, бисӯзон. Аз он оташе бар тамоми хонадони Исроил паҳн мегардад.+
5 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ин Ерусалим аст. Ман ӯро дар миёни халқҳо ва дар иҳотаи мамлакатҳо гузоштам, 6 аммо ӯ бар зидди ҳукму фармудаҳои ман баромад ва аз халқҳову мамлакатҳои гирду атрофаш бадтар рафтор кард.+ Онҳо ҳукмҳои маро рад намуданд ва фармудаҳои маро риоя накарданд”.
7 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски ту аз халқҳои гирду атроф дарди сари бештар овардӣ ва фармудаҳои маро ба ҷо наовардиву ҳукмҳоямро риоя накардӣ, балки ба ҳукмҳои халқҳои гирду атрофат пайравӣ кардӣ,+ 8 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар зидди ту мебароям, эй шаҳр,+ ва худам туро дар пеши назари халқҳо ҳукм менамоям.+ 9 Аз сабаби ҳама корҳои ҳаромат ман дар миёни ту коре мекунам, ки ҳеҷ гоҳ накарда будам ва минбаъд низ нахоҳам кард.+
10 Дар миёни ту падарон писаронашонро хоҳанд хӯрду+ писарон падаронашонро ва ман ҳукмҳоямро дар миёни ту ба амал меорам ва тамоми бақияатро ба ҳар сӯ пароканда месозам.+
11 Аз ин рӯ ба ҳаёти худ қасам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува — азбаски шумо муқаддасгоҳи маро бо бутҳои ҳаром ва корҳои нафратоваратон нопок сохтед,+ ман низ шуморо рад мекунам*. Чашмам ба шумо раҳм нахоҳад кард ва дилам ба шумо нахоҳад сӯхт.+ 12 Сеякат дар миёни ту аз вабову қаҳтӣ нобуд мешавад. Сеяки дигарат дар гирду атрофат аз шамшер меафтад.+ Сеяки охирро бошад, ба ҳар тараф пароканда месозам ва аз қафояш шамшер мефиристам.+ 13 Он гоҳ хашмам кам мешаваду ғазабам паст мегардад ва ман ором мегирам.+ Вақте ғазабамро то охир бар сарашон резам, онҳо мефаҳманд, ки ин суханро ман, Яҳува, гуфтаам, ки вафодории бекаму костро талаб мекунам.+
14 Ман туро ба харобазор табдил медиҳам ва масхараи халқҳои гирду атроф ва ҳар як раҳгузар мегардонам.+ 15 Вақте ман дар каҳру ғазаб шуморо сазо ва ҷазоҳои сахт диҳам, шумо дар миёни халқҳои гирду атрофатон шармандаву таънасор мегардед+ ва ҳоли даҳшатоваратон барои онҳо дарси ибрат мешавад. Инро ман, Яҳува, гуфтам.
16 Ман бар зидди онҳо тирҳои марговари қаҳтиро мефиристам, то онҳоро нобуд созам. Тирҳое, ки ман бар шумо меорам, шуморо хароб мекунанд.+ Ман захираи нонатонро* нест намуда, қаҳтиро боз ҳам шадидтар мегардонам.+ 17 Ман бар зидди шумо қаҳтӣ ва ҳайвонҳои ваҳширо мефиристам+ ва онҳо шуморо бефарзанд мекунанд. Дар саросари заминатон вабою хунрезӣ хоҳад буд ва ман бар сари шумо шамшер меорам.+ Инро ман, Яҳува, гуфтам”».