5 Мӯсо
12 Инҳоянд дастурҳо ва ҳукмҳое, ки шумо бояд дар замине, ки Худои бобоёнатон Яҳува ба шумо медиҳад, тамоми умри худ пурра риоя кунед. 2 Баъди соҳиб шудани замини халқҳо шумо бояд ҳама ҷойҳоеро, ки онҳо дар он ба худоёни худ хизмат мекарданд, несту нобуд кунед,+ хоҳ бар кӯҳҳои баланд бошанд, хоҳ дар теппаҳо ва хоҳ зери дарахтҳои сершоху барг. 3 Қурбонгоҳҳои онҳоро вайрон созед, сутунҳоеро, ки парастиш мекунанд, пора-пора кунед,+ Ашераҳои* онҳоро дар оташ бисӯзонед, бутҳои худоёнашонро канда партоед+ ва ному нишони онҳоро аз он ҷо нест кунед.+
4 Шумо набояд Худоятон Яҳуваро чунин парастиш кунед,+ 5 балки рафта, Худоятон Яҳуваро дар ҷое парастиш кунед, ки чун ҷойгоҳи худашу номаш аз миёни қабилаҳоятон хуш кунад.+ 6 Шумо қурбониҳои сӯхтании худ,+ қурбониҳои худ, даҳяки худ,+ ҳадияи дастонатон,+ ҳадияҳоеро, ки аз рӯйи назр* меоред, ҳадияи ихтиёрӣ+ ва нахустзодаи гову молатонро+ ба он ҷо биёред. 7 Ҳамроҳи хонаводаатон ба ҳузури Худоятон Яҳува дар он ҷо бихӯред+ ва дар ҳар коратон хурсандӣ кунед,+ зеро Худоятон Яҳува шуморо баракат додааст.
8 Имрӯз ҳар кас тавре амал мекунад, ки дар назараш дуруст аст. Аммо он вақт шумо набояд ин тавр амал кунед, 9 зеро шумо ҳанӯз ба ҷойи зист ва мулки меросиятон, ки Худоятон Яҳува ба шумо медиҳад, наомадаед.+ 10 Вақте ки шумо аз Урдун гузашта,+ заминеро, ки Худоятон Яҳува ба шумо медиҳад, соҳиб шавед, Худоятон ҳатман ба шумо аз ҳар тараф аз душманонатон оромӣ мебахшад ва шумо тинҷу осоишта зиндагӣ мекунед.+ 11 Шумо бояд, ба ҷое ки Худоятон Яҳува чун ҷойгоҳи номаш хуш кунад,+ чизҳоеро, ки ба шумо мефармоям, биёред, яъне қурбониҳои сӯхтанӣ, қурбониҳо, даҳякҳо,+ ҳадияи дастонатон ва ҳар ҳадияеро, ки аз рӯйи назр ба Яҳува меоред. 12 Он вақт ба ҳузури Яҳува шодӣ кунед,+ шумо ва писарону духтаронатон, ғуломону канизонатон ва левизодае, ки дар шаҳратон зиндагӣ мекунаду дар мулки меросии шумо ба вай ҳиссае дода нашудааст.+ 13 Эҳтиёт бош, ки қурбониҳои сӯхтаниро, дар ҳар ҷое ки хоҳӣ, пешкаш накунӣ.+ 14 Қурбониҳои сӯхтаниатро танҳо дар ҷое пешкаш кун, ки Яҳува аз миёни қабилаҳоят хуш кунад ва ҳар он чиро, ки ба ту мефармоям, дар он ҷо ба амал ор.+
15 Аммо, ҳар гоҳе ки дилат хоҳад, метавонӣ мувофиқи баракате, ки Худоят Яҳува ба ту дар ҳама шаҳрҳоят медиҳад, чорворо сар бурида, гӯшташро бихӯрӣ.+ Аз гӯшти он ҳам шахси пок ва ҳам нопок хӯрда метавонад, ҳамон тавре ки ғизол ё гавазнро мехӯред. 16 Аммо хунро нахӯред,+ — онро мисли об ба замин бирезед.+ 17 Ту набояд даҳяки ғалла, даҳяки шароби нав, даҳяки равған, нахустзодаи гову молат ва ҳар ҳадияеро, ки аз рӯйи назр меорӣ, бо ҳадияи ихтиёрӣ ва ҳадияи дастонат дар даруни шаҳрҳоят бихӯрӣ.+ 18 Ин чизҳоро ба ҳузури Худоят Яҳува, дар ҷое ки Худоят Яҳува хуш кунад, бояд бихӯрӣ+ — ту ва писаронат, духтаронат, ғуломону канизонат ва левизодае, ки дар шаҳрҳои ту зиндагӣ мекунад. Ин чизҳоро бихӯр ва ба ҳузури Худоят Яҳува дар ҳама корҳоят шодӣ кун. 19 То даме ки дар заминат зист мекунӣ, бохабар бош, ки левизодаро фаромӯш накунӣ.+
20 Вақте Худоят Яҳува, ҳамон тавре ки ваъда додааст,+ ҳудуди туро васеъ гардонад+ ва ту бигӯӣ: “Дилам гӯшт мехоҳад”, ту метавонӣ, кадом вақте ки хоҳӣ, гӯшт бихӯрӣ.+ 21 Агар ҷое, ки Худоят Яҳува барои дар он будани номаш хуш мекунад,+ аз ту хеле дур бошад, аз гову моли худ, ки Яҳува ба ту додааст, ҳамон тавре ки ба ту фармудам, бикушу бихӯр. Онро дар шаҳри худ, ҳар гоҳе ки дилат кашад, бихӯр. 22 Онро метавонӣ бихӯрӣ, ҳамон тавре ки ғизол ё гавазнро мехӯрӣ.+ Ҳам шахси пок ва ҳам нопок метавонад аз он бихӯрад. 23 Фақат сахт эҳтиёт бош, ки хунро нахӯрӣ,+ зеро хун ҷон* аст+ ва ту набояд ҷонро бо гӯшт бихӯрӣ. 24 Хунро нахӯр, онро мисли об ба замин бирез.+ 25 Онро нахӯр, то аҳволи ту ва фарзандонат баъд аз сари ту хуб бошад, зеро дар назари Яҳува кори дурустро ба ҷо меоред. 26 Вақте, ба ҷое ки Яҳува хуш кунад, омаданӣ шавӣ, бо худ фақат чизҳои муқаддасро, ки аз они ту бошанд ва ҳадияҳоятро, ки аз рӯйи назр меорӣ, бигир. 27 Дар он ҷо ту қурбониҳои сӯхтаният, яъне гӯшт ва хунро, дар қурбонгоҳи Худоят Яҳува пешкаш мекунӣ.+ Хуни қурбониҳоят бояд бар қурбонгоҳи Худоят Яҳува рехта шавад,+ аммо гӯштро метавонӣ бихӯрӣ.
28 Эҳтиёт шав, ки ҳамаи ин чизҳоеро, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба ҷо орӣ, то ту ва писаронат баъд аз сари ту ҳамеша некуаҳвол бошед, зеро шумо он чиро, ки дар назари Худоятон Яҳува дуруст ва некуст, ба ҷо меоред.
29 Вақте Худоят Яҳува ҳама халқҳоеро, ки заминашонро забт мекунӣ, нобуд созад+ ва ту дар замини онҳо сокин шавӣ, 30 эҳтиёт шав, то ту низ ба доме, ки онҳо афтида буданд, наафтӣ. Худоёни он халқҳоеро, ки Худо несту нобудашон кард, ҷӯё нашав ва нагӯй: “Ин халқҳо худоёни худро чӣ хел парастиш мекарданд? Ман ҳам ҳамин хел карданиям”.+ 31 Бо Худоят Яҳува чунин рафтор накун, зеро он халқҳо барои худоёнашон ҳар кори ҳаромеро, ки Яҳува бад мебинад, ба амал меоранд ва ҳатто писарону духтаронашонро барои худоёни худ дар оташ месӯзонанд.+ 32 Ҳар он чиро, ки ба ту мефармоям, як ба як ба ҷо ор.+ Ба он ҳеҷ чиз зам накун ва аз он чизе кам накун.+