1 Мӯсо
43 Қаҳтӣ дар замин сахт шуд.+ 2 Вақте онҳо ғаллаеро, ки аз Миср оварда буданд, хӯрда тамом карданд,+ падарашон ба онҳо гуфт: «Ба он ҷо баргардед ва бароямон камтар ғалла харед». 3 Яҳудо дар ҷавоб гуфт: «Он мард таъкид карда гуфт: “То бародаратонро гирифта наоред, дар назарам натобед”.+ 4 Агар бародарамонро бо мо бифиристӣ, мо меравем ва бароят ғалла мехарем. 5 Вале, агар ӯро нафиристӣ, мо ба он ҷо намеравем, зеро ӯ гуфта буд: “То бародаратонро гирифта наоред, дар назарам натобед”».+ 6 Исроил+ гуфт: «Чаро шумо ба вай “бародари дигаре дорем” гуфта, ба сарам бало овардед?» 7 Онҳо гуфтанд: «Вай аз мо рӯирост дар бораи худамон ва хешу таборамон пурсида гуфт: “Оё падари шумо зинда аст? Оё шумо бародари дигаре доред?” Мо ҳамаашро ба ӯ гуфтем.+ Аз куҷо медонистем, ки ӯ “бародаратонро биёред” мегӯяд?»+
8 Он гоҳ Яҳудо ба падараш Исроил гуфт: «Бачаро бо ман бифирист,+ то ба он ҷо равем ва худамон, ту ва фарзандонамон+ аз гуруснагӣ намирем.+ 9 Ман кафолат медиҳам, ки ӯро сиҳату саломат меорам.+ Бигзор ҷавобгарӣ бар гардани ман бошад. Агар ӯро ба ту барнагардонам, дар пеши ту як умр гунаҳкор бошам. 10 Агар корро ин қадар кашол намедодем, то ин дам ду бор рафта, меомадем».
11 Падарашон Исроил ба онҳо гуфт: «Агар илоҷи дигар набошад, майлаш, бигзор ҳамин тавр шавад. Пас, ҳосили беҳтарини заминро ба халтаҳо андохта, ба ӯ савғотӣ баред.+ Бо худ камтар шилми хушбӯву+ асал, ҳамчунин лодан*, пӯстлохи шилмдор,+ писта ва бодом гиред. 12 Бо худ ду баробар пул гиред ва ҳамчунин пулеро, ки дар халтаатон гирифта овардед, баргардонед,+ шояд, хатое шуда бошад. 13 Бародаратонро гиред ва ба назди он мард баргардед. 14 Бигзор Худои Тавоно* дили он мардро мулоим кунад, то ӯ ба шумо раҳм кунад ва бародаратону Бинёминро озод кунад. Лекин, агар аз фарзанд маҳрум шуданам даркор шавад, чӣ илоҷ! Ҳар чӣ бодо бод!»+
15 Бародарон савғотӣ, ду баробар пул ва Бинёминро гирифта, ба роҳ баромаданд. Онҳо ба Миср расиданд ва дар назди Юсуф ҳозир шуданд.+ 16 Вақте Юсуф Бинёминро бо онҳо дид, дарҳол ба ғуломе, ки хонаашро назорат мекард, гуфт: «Ин мардонро ба хона дарор ва чорво кушта, хӯроке паз, зеро онҳо нисфирӯзӣ бо ман хӯрок мехӯранд». 17 Он мард дарҳол фармони Юсуфро иҷро кард+ ва онҳоро ба хонаи Юсуф овард. 18 Лекин, вақте он мардонро ба хонаи Юсуф оварданд, онҳо ба тарсу ҳарос афтода гуфтанд: «Вақте мо бори охир ин ҷо омада будем, пуламонро ба халтаҳоямон андохта баргардонида буданд ва ҳоло моро барои ин пул ба ин ҷо оварданд. Акнун онҳо ба мо ҳамла мекунанду моро ғулом мегардонанд, харонамонро бошад, кашида мегиранд!»+
19 Онҳо назди нозири хонаи Юсуф омаданд ва дар даҳани дар бо ӯ гуфтугӯ карданд. 20 Онҳо гуфтанд: «Моро бубахш, хоҷаам! Мо бори аввал, дар ҳақиқат, барои харидани ғалла+ ин ҷо омада будем. 21 Лекин, вақте ба ҷое расидем, то шабро рӯз кунем, халтаҳои худро кушода, дидем, ки тамоми пул дар халтаҳоямон аст.+ Аз ин рӯ мо мехостем онро бо дасти худ баргардонем. 22 Мо боз пул овардем, то ғалла харем. Мо намедонем пули моро кӣ ба халтаҳоямон мондааст».+ 23 Ӯ гуфт: «Хотирҷамъ бошед, натарсед! Пули шуморо ба ман оварданд. Онро Худои шумо ва Худои падаратон ба халтаҳоятон баргардонд». Пас аз ин ӯ Шимъӯнро назди онҳо баровард.+
24 Он мард онҳоро ба хонаи Юсуф даровард ва ба онҳо барои шустани пойҳояшон об ва ба харонашон хӯрок дод. 25 Юсуф бояд нисфирӯзӣ меомад, аз ин рӯ онҳо барои вай савғотиҳоро тайёр карданд,+ зеро шунида буданд, ки бо ӯ дар он ҷо хӯрок мехӯранд.+ 26 Вақте Юсуф ба хона даромад, онҳо савғотиро ба ӯ оварда доданд ва то ба замин таъзим карданд.+ 27 Ӯ онҳоро аҳволпурсӣ карда, гуфт: «Мӯйсафеди падаратон, ки дар борааш гуфта будед, чӣ ҳол дорад? Оё ӯ зиндаву саломат аст?»+ 28 Онҳо гуфтанд: «Ғуломат, падари мо, зиндаву саломат аст». Инро гуфта, ба вай то ба замин таъзим карданд.+
29 Вақте ӯ назар андохта, фарзанди модараш,+ бародари худ Бинёминро, дид, гуфт: «Оё бародари хурдиатон, ки дар борааш гуфта будед, ҳамин аст?»+ Сипас ба Бинёмин муроҷиат карда гуфт: «Бигзор Худо ба ту лутфу марҳамат кунад, писарам!» 30 Вай саросемавор аз он ҷо баромад, зеро меҳраш барои бародараш ҷӯш зад ва гиря гулӯгираш кард. Ӯ ба ҳуҷрае даромада, гиряро сар дод.+ 31 Баъд ӯ рӯяшро шуст ва худро ба даст гирифта, берун баромад ва фармуд: «Хӯрокро биёред». 32 Хӯрокро ба вай алоҳидаву ба онҳо алоҳида кашиданд. Мисриёне, ки бо ӯ буданд, алоҳида хӯрок хӯрданд, зеро барои мисриён бо ибриён хӯрок хӯрдан нафратовар аст.+
33 Онҳоро аз калонӣ*+ сар карда то ба хурдӣ аз рӯйи синну солашон шинонданд ва онҳо бо ҳайрат ба якдигар нигоҳ мекарданд. 34 Ӯ аз сари дастархони худ ба онҳо хӯрок мефиристод, лекин ба Бинёмин панҷ баробар зиёдтар хӯрок мефиристод.+ Онҳо хӯрданду нӯшиданд ва димоғашон чоқ шуд.