Ишаъё
35 Биёбон ва замини хушк хурраму шукуфон хоҳад шуд,+
Дашт хурсандӣ хоҳад кард ва мисли заъфарон хоҳад шукуфт.+
2 Он пур аз гул хоҳад шуд,+
Хушҳол шуда аз хурсандӣ нидо хоҳад кард.
Мардум ҷалоли Яҳува, шукӯҳи Худои моро, хоҳад дид.
3 Дастҳои бемаҷолро қавӣ созед
Ва зонуҳои ларзонро қувват бахшед.+
4 Ба касоне, ки дилашон хавотир аст, бигӯед:
«Қавӣ бошед, натарсед!
Худои шумо барои интиқом гирифтан,
Барои ҷазо додан, меояд.+
Ӯ омада, шуморо наҷот медиҳад».+
5 Он вақт чашмони кӯрон кушода мешавад+
Ва гӯшҳои карон воз мегардад,+
6 Ланг мисли гавазн ҷастухез менамояд+
Ва забони гунг аз шодӣ нидо мекунад.+
Он вақт дар биёбон обҳо ҷӯш мезананд
Ва дар дашт ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд,
7 Замини хушкида кӯли пур аз қамиш мегардад
Ва замини ташналаб ба чашмаҳои об табдил меёбад.+
Каси нопок бо он равона намешавад.+
Он барои касонест, ки бо ин роҳ мераванд,
Ва ягон беақл аз он гузар намекунад.
9 Шере дар он нахоҳад буд
Ва даррандагон ба он қадам нахоҳанд монд.
10 Бозхаридагони Яҳува бармегарданд+ ва бо нидоҳои шодӣ ба Сион меоянд.+
Шодмонии беинтиҳо тоҷи сари онҳо хоҳад буд.+
Онҳо аз шодиву хурсандӣ пур мешаванд,
Ғам ва оҳу воҳ аз онҳо дур мегардад.+