1 Мӯсо
26 Дар он замин, ғайр аз қаҳтие, ки дар рӯзҳои Иброҳим рӯй дода буд, бори дуюм гуруснагӣ сар зад.+ Барои ҳамин Исҳоқ назди Абималик, шоҳи фалиштиён, ба Ҷарор омад. 2 Он гоҳ Яҳува ба Исҳоқ намудор шуда, гуфт: «Ба Миср нарав, балки дар замине, ки ба ту нишон медиҳам, зиндагӣ кун. 3 Дар ин замин ту чун ғарибу мусофир зиндагӣ мекунӣ+ ва ман бо ту мешавам ва туро баракат медиҳам, чунки ман ҳамаи ин заминҳоро ба ту ва ба насли ту медиҳам+ ва қасами зеринеро, ки ба падарат Иброҳим ёд кардаам, ба ҷо меорам:+ 4 “Ман насли туро мисли ситорагони осмон бешумор мегардонам+ ва ҳамаи ин заминҳоро ба фарзандони ту медиҳам.+ Ба воситаи насли ту тамоми халқҳои рӯйи замин баракат меёбанд”.+ 5 Ман ин қасамамро ба ҷо меорам, зеро Иброҳим ба овози ман гӯш медод ва ҳамаи талабҳои маро ба ҷо меоварду амрҳо, фармудаҳо ва қонунҳои маро риоя мекард».+ 6 Ҳамин тавр Исҳоқ дар Ҷарор сокин шуд.+
7 Вақте мардуми он ҷо аз Исҳоқ дар бораи занаш мепурсиданд, ӯ чунин мегуфт: «Ӯ хоҳари ман аст».+ Исҳоқ, аз гуфтани он ки вай зани ӯст, метарсид, чунки Ривқо хушрӯй буд+ ва ӯ фикр мекард, ки одамони он ҷо ӯро аз барои занаш мекушанд. 8 Чанде пас чунин шуд, ки Абималик, подшоҳи фалиштиён, аз тиреза нигоҳ кард ва дид, ки Исҳоқ занаш Ривқоро навозиш* мекунад.+ 9 Ӯ ҳамон замон Исҳоқро назди худ хонда, гуфт: «Барои чӣ гуфтӣ, ки вай хоҳари туст, модоме ки вай зани туст?» Он гоҳ Исҳоқ гуфт: «Ман метарсидам, ки маро аз барои ӯ мекушанд».+ 10 Абималик гуфт: «Ин чӣ коре буд, ки бо мо кардӣ?+ Охир, ягон кас метавонист бо зани ту ҳамхоб шавад ва он гоҳ ту моро гирифтори гуноҳ мекардӣ!»+ 11 Он гоҳ Абималик ба тамоми халқ амр фармуда гуфт: «Ҳар касе, ки ба ин мард ва занаш даст расонад, кушта мешавад!»
12 Баъд аз ин Исҳоқ он заминро киштукор кард ва он сол 100 баробар зиёд ҳосил ғундошт, чунки Яҳува ӯро баракат медод.+ 13 Ӯ бой шуд ва молу мулкаш зиёд шудан гирифт, ба дараҷае ки хеле сарватманд гардид. 14 Ӯ соҳиби рамаҳои гӯсфандон, галаҳои говон ва ғуломони зиёде шуд+ ва фалиштиён ба ӯ ҳасад бурданд.
15 Онҳо ҳамаи чоҳҳоеро, ки ғуломони падараш дар рӯзҳои Иброҳим канда буданд, бо хок пур карданд.+ 16 Абималик бошад, ба Исҳоқ гуфт: «Аз назди мо бирав, зеро ту аз мо пурзӯртар гаштаӣ». 17 Аз ин рӯ Исҳоқ аз он ҷо рафта, дар водии Ҷарор+ хайма зад ва дар он ҷо сокин шуд. 18 Исҳоқ чоҳҳоеро, ки дар рӯзҳои падараш Иброҳим канда буданду фалиштиён баъди марги падараш бо хок пур карданд, аз нав канд+ ва ба онҳо ҳамон номҳоеро, ки падараш дода буд, гузошт.+
19 Вақте хизматгорони Исҳоқ дар водӣ чоҳ меканданд, онҳо чашмаи оби софро ёфтанд, 20 вале чӯпононе, ки дар Ҷарор буданд, бо чӯпонони Исҳоқ ҷанҷол карда гуфтанд: «Ин об аз они мост». Аз ин рӯ ӯ номи он чоҳро Эсак* монд, зеро онҳо бо ӯ ҷанҷол карданд. 21 Онҳо чоҳи дигаре кандан гирифтанд, лекин чӯпонон ин дафъа ҳам ҷанҷол бардоштанд. Барои ҳамин ӯ он чоҳро Ситно* номид. 22 Сипас ӯ ба ҷойи дигаре кӯчид ва дар он ҷо низ чоҳ канд, лекин ин дафъа онҳо бо ӯ ҷанҷол накарданд. Барои ҳамин ӯ онро Раҳабӯт* номид ва гуфт: «Акнун Яҳува ба мо ҷову макони васее дод ва моро дар ин замин зиёд гардонд».+
23 Пас аз ин Исҳоқ ба Баир-Шобаъ+ рафт. 24 Ҳамон шаб Яҳува ба ӯ намудор шуда, гуфт: «Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам.+ Натарс,+ зеро ман бо туям. Ман ба хотири бандаам Иброҳим туро баракат медиҳам ва наслатро сершумор мегардонам».+ 25 Аз ин рӯ вай дар он ҷо қурбонгоҳ сохт ва номи Яҳуваро хонд.+ Исҳоқ он ҷо хайма зад+ ва хизматгоронаш дар он ҷо чоҳ канданд.
26 Чанде пас Абималик ҳамроҳи маслиҳатгараш Аҳузат ва сарлашкараш Фикӯл аз Ҷарор ба назди Исҳоқ омад.+ 27 Исҳоқ ба онҳо гуфт: «Чаро пеши ман омадед, охир шумо маро чашми дидан надоштед ва маро аз пеши худ ронда будед?» 28 Онҳо гуфтанд: «Мо бо чашмони худ дидем, ки Яҳува бо туст.+ Барои ҳамин гуфтем: “Ба якдигар қасам ёд кунем ва бо ҳам аҳд бандем,+ 29 ки ту ба мо зараре нарасонӣ, чи тавре ки мо ба ту зараре нарасондем ва ба ту фақат некӣ кардем ва сиҳату саломат туро ҷавоб додем. Мо мебинем, ки Яҳува туро баракат медиҳад”». 30 Исҳоқ барои онҳо зиёфат дод ва онҳо хӯрданду нӯшиданд. 31 Онҳо саҳари барвақт бархоста, ба якдигар қасам ёд карданд.+ Пас аз он Исҳоқ онҳоро ҷавоб дод ва онҳо бо хотири ҷамъ аз пеши ӯ рафтанд.
32 Он рӯз хизматгорони Исҳоқ наздаш омаданд ва дар бораи чоҳи кандаашон+ хабар дода гуфтанд: «Мо об ёфтем!» 33 Исҳоқ он чоҳро Шибъо номид. Барои ҳамин ин шаҳр то ба имрӯз Баир-Шобаъ+ ном дорад.
34 Вақте Эсов 40-сола буд, Яҳудит, духтари Баэрии ҳиттӣ, ва Босмат, духтари Элӯни ҳиттиро, ба занӣ гирифт.+ 35 Ин занони Эсов зиндагии Исҳоқу Ривқоро талх мекарданд.+