Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торӣ. Тарона.
67 Худоё, ту ба мо лутф мекунӣ ва моро баракат медиҳӣ,
Нури рӯятро бар мо медурахшонӣ,+ (Село)
2 То роҳат дар саросари замин шинохта шавад+
Ва тамоми халқҳо бидонанд, ки ту наҷот ато мекунӣ.+
3 Бигзор халқҳо туро ситоиш кунанд, эй Худо,
Бигзор тамоми халқҳо туро ситоиш кунанд.
4 Бигзор халқҳо хурсандӣ кунанд ва нидои шодӣ бароранд,+
Зеро ту халқҳоро аз рӯйи адл доварӣ хоҳӣ намуд.+
Ту халқҳои рӯйи заминро роҳнамоӣ хоҳӣ кард. (Село)
5 Бигзор халқҳо туро ситоиш кунанд, эй Худо,
Бигзор тамоми халқҳо туро ситоиш кунанд.