Забур
2 Бисароед, дар васфаш бисароед*.
Дар бораи ҳама корҳои аҷоибаш андеша кунед*.+
4 Яҳува ва қуввати ӯро биҷӯед,+
Дидори ӯро ҷӯё бошед.
5 Корҳои аҷоиби ӯро дар ёд доред,
Муъҷиза ва ҳукмҳои ӯро дар хотир доред,+
6 Эй насли бандааш Иброҳим,+
Ва, эй фарзандони Яъқуб, эй интихобшудагони ӯ.+
7 Ӯ Яҳува, Худои мост.+
Ҳукмҳои ӯ дар саросари замин аст.+
8 Аҳдашро то абад дар ёд дорад,+
Ваъдаашро то ҳазорон насл,+
9 Аҳдеро, ки бо Иброҳим бастааст+
Ва қасамеро, ки ба Исҳоқ хӯрдааст.+
10 Ӯ ин қасамро ба Яъқуб бо ҳукме тасдиқ кард
Ва бо Исроил аҳди бардавом баст.
13 Онҳо овора шуда байни халқҳо мегаштанд,
Аз як мамлакат ба мамлакати дигаре мерафтанд.+
14 Ӯ намемонд, ки касе ба онҳо ситам кунад,+
Ва ба хотири онҳо подшоҳонро сарзаниш мекард+
15 Ва мегуфт: «Ба масеҳони* ман даст нарасонед
Ва ба пайғамбаронам бадӣ накунед».+
17 Худо пешопеши онҳо мардеро фиристод,
Ӯ Юсуфро фиристод, ки ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд.+
18 Пойҳояш аз завлонаҳо азоб кашид+
Ва бар гарданаш* занҷири оҳанин заданд,
19 То вақте гуфтаи Худо иҷро шуд.+
Сухани Яҳува ӯро гудохта, тоза кард.
20 Подшоҳ кас фиристод, ки ӯро озод кунанд,+
Ҳокими халқҳо ӯро раҳо намуд.
21 Ӯ вайро бар хонадонаш хӯҷаин
Ва бар тамоми мулкаш роҳбар таъйин кард,+
22 То бо хости дилаш бар мирони подшоҳ сардорӣ кунад
Ва пирони ӯро хирад омӯзад.+
23 Сипас Исроил ба Миср омад+
Ва Яъқуб дар замини Ҳом мусофир гашт.
25 Худо гузошт, ки дар дили душманон бадбинӣ нисбати халқаш ҷо шавад
Ва онҳо бар зидди бандагонаш қасди бад андешанд.+
27 Ҳоруну Мӯсо дар миёни онҳо аломатҳои Худоро ба амал оварданд
Ва дар замини Ҳом муъҷизаҳои ӯро нишон доданд.+
29 Ӯ обҳои онҳоро ба хун табдил дод
Ва моҳиёнашонро кушт.+
30 Заминашонро қурбоққа зер кард,+
Ҳатто ҳуҷраҳои подшоҳро.
31 Ӯ хармагасҳоро бар онҳо фиристод
Ва хомӯшакҳоро бар ҳама заминҳояшон.+
32 Ӯ борони онҳоро ба жола табдил дод
Ва бар замини онҳо барқ фиристод.+
33 Токҳо ва анҷирҳои онҳоро зарба зад
Ва дарахтони заминашонро шикаст.
34 Ӯ фармуд, ки малахҳо пайдо шаванд,
Малахҳои ҷавон, ки сону шумор надоранд.+
35 Онҳо ҳамаи набототи сарзаминро хӯрданд
Ва ҳосили заминашонро фурӯ бурданд.
36 Сипас ӯ ҳар нахустзодаи замини онҳоро,
Саршавии насл ва навбари қувваташонро, зарба зад.+
37 Халқашро бо нуқраву тилло берун овард,+
Аз миёни қабилаҳои ӯ касе пешпо нахӯрд.
38 Мисриён аз рафтани онҳо шод шуданд,
Зеро тарси исроилиён онҳоро фаро гирифта буд.+
42 Ӯ ваъдаи муқаддасеро, ки ба бандааш Иброҳим дода буд, дар хотир дошт.+
43 Ӯ халқашро бо тантана берун овард+
Ва интихобшудагонашро бо нидои шодӣ.
44 Ӯ заминҳои халқҳоро ба онҳо дод,+
Ҳосили заҳмати дигаронро соҳиб шуданд,+
45 То онҳо ҳукмҳояшро ба ҷо оранд+
Ва қонунҳояшро риоя кунанд.
Ёҳро* ситоиш кунед!