Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
140 Эй Яҳува, маро аз дасти бадкорон халос кун,
Маро аз золимон дар паноҳ дор.+
2 Аз касоне, ки дар дил қасди бад доранд,+
Касоне, ки рӯзи дароз ҷангҷӯйӣ мекунанд.
3 Забонашонро мисли забони мор тез мекунанд.+
Заҳри мори шибо зери лабонашон аст.+ (Село)
4 Эй Яҳува, маро аз бадкорон эмин дор,+
Маро аз золимон дар паноҳ дор,
Онҳо қасд доранд маро пешпо диҳанд.
5 Ҳавобаландон барои ман дом пинҳон мекунанд,
Сари роҳам тӯр партофтаанд.+
Онҳо барои ман домҳо мегузоранд.+ (Село)
6 Ба Яҳува мегӯям: «Ту Худои манӣ.
Эй Яҳува, ба зориҳоям гӯш андоз».+
7 Яҳува, Парвардигоро, ту наҷотбахши пурзӯри манӣ,
Ту сарамро дар рӯзи ҷанг ҳимоя мекунӣ.+
8 Эй Яҳува, орзуҳои бадкоронро амалӣ нагардон.
Нагузор, ки ҳилаҳояшон барор гирад, то аз худ нараванд.+ (Село)
9 Бигзор бадгӯйии одамони гирду атрофам
Бар сари худашон биёяд.+
10 Бигзор лахчаҳои оташ бар сарашон биборад.+
11 Бигзор туҳматгар дар замин ҷо наёбад.+
Бигзор бало аз пайи золимон сур карда, онҳоро зарба занад.
12 Медонам, ки Яҳува бечораро пуштибонӣ хоҳад кард
Ва ба доди камбағал хоҳад расид.+
13 Одилон номатро ба забон гирифта, туро шукр хоҳанд гуфт.
Росткорон дар ҳузури ту зиндагӣ хоҳанд кард.+