Ҳушаъ
2 Ба бародарони худ бигӯед: “Халқи ман”*,+
Ва ба хоҳарони худ: “Зани раҳмдида”*.+
2 Модари худро айбдор кунед, ӯро айбдор намоед,
Чунки ӯ дигар зани ман нест+ ва ман шавҳари ӯ нестам.
Бигзор ӯ зинокориро бас кунад
Ва хиёнатро аз миёни синаҳояш дур созад,
3 Вагарна либосашро аз танаш кашида, вайро лучи модарзод мекунам,
Ӯро мисли биёбоне,
Мисли замини беобе, месозам
Ва ӯ аз ташнагӣ мемирад.
4 Ба писаронаш низ раҳм намекунам,
Чунки онҳо писарони зиноянд.
5 Модари онҳо зино кардааст.+
Ӯ, ки онҳоро ҳомила шудааст, бешармӣ кардааст,+ чунки гуфтааст:
6 Барои ҳамин ман роҳи ӯро бо хорҳо мебандам.
Ман пеши роҳашро бо девори сангине мегирам,
То ки роҳҳои худро наёбад.
7 Вай аз пайи хушдоронаш хоҳад давид, вале дарёб нахоҳад кард,+
Онҳоро хоҳад ҷуст, вале нахоҳад ёфт.
8 Ӯ намефаҳмид, ки ғалла, шароби нав ва равғанро ба вай ман медодам,+
Нуқраи бисёру тиллоро ман ба вай медодам,
Ӯ бошад, бо он Баалро парастиш мекард.+
9 Барои ҳамин ман ғаллаи худро дар вақти дарав
Ва шароби нави худро дар мавсими он гашта мегирам,+
Ман пашму катони худро, ки бо он бараҳнагияшро мепӯшонд, кашида мегирам.
10 Акнун ман дар пеши чашми хушдоронаш ҷойҳои пинҳони баданашро луч мекунам
Ва ҳеҷ кас ӯро аз дасти ман халос намекунад.+
11 Ман ба шодию хурсандии вай —
Ба идҳо,+ навмоҳҳо, шанбеҳо ва ҳамаи ҷашнҳои вай, хотима мебахшам.
12 Токҳо ва дарахтони анҷири вайро, ки дар бораашон гуфта буд:
“Ин муздест, ки хушдоронам ба ман додаанд”, нобуд месозам,
Онҳоро ба ҷангал табдил медиҳам
Ва даррандагони саҳро онҳоро фурӯ мебаранд.
13 Ман ӯро барои рӯзҳое, ки ба бутҳои Баал қурбонӣ меовард,+
Вақте худро бо ҳалқаҳо ва зару зевар оро дода, аз думи хушдоронаш медавиду
Маро фаромӯш карда буд,+ ҷазо медиҳам,— мегӯяд Яҳува.—
14 Пас, ман вайро ба гап медарорам,
Ӯро ба биёбон мебарам,
Суханони ширин гуфта, дилашро меёбам.
Ӯ дар он ҷо чун дар рӯзҳои ҷавонияш,
Чун дар рӯзе, ки аз замини Миср берун омада буд, ба ман ҷавоб медиҳад.+
18 Дар он рӯз ман ба хотири онҳо бо даррандагони саҳро,
Парандагони осмон ва хазандагони замин аҳд мебандам.+
19 Ту то абад арӯси ман хоҳӣ буд
Ва ман бо адлу инсоф, меҳру вафо
Ва раҳму шафқат номзади ту мешавам.+
20 Ман бо вафодорӣ номзади ту мешавам
Ва ту Яҳуваро хоҳӣ шинохт.+
21 Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—
Ман хоҳиши осмонро ба ҷо меорам.
Он гоҳ осмон хоҳиши заминро,+
22 Замин хоҳиши ғалла, шароби нав ва равғанро,